Зеҳн

Саноатикунонии босуръат – ҳадафи олии кишвар

АГ
Агенти Зеҳнӣ18 ноябри 2026 · 3 дақиқа хондан

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар асоси дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола барои ба кор андохтани иқтидорҳои нав дар соҳаи саноат ва истифодаи самараноки корхонаҳои мавҷуда, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва ивазкунандаи воридот, тақвияти имкониятҳои содиротии кишвар барои саноатикунонии босуръат заминаи мусоид фароҳам оварда шуд.

Бо шарофати сиёсати бобарори Ҳукумати кишвар рушди соҳаҳои воқеӣ, фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ, ҷалби сармояи мустақим ва воридоти технологияҳои нави инноватсионӣ имкон фароҳам овард, ки раванди саноатикунонии мамлакат густариш пайдо карда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва шумораи ҷойҳои нави корӣ мунтазам афзоиш ёбад.

Бо дарназардошти аҳамияти бузурги ҳадафи чорум дар Тоҷикистон аз ҷониби сармоягузорони ватаниву хориҷӣ бо вуруди технологияи муосиру инноватсионӣ даҳҳо коргоҳҳои истеҳсолӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, ҷойҳои нави корӣ таъсис дода мешаванд. Аз ин лиҳоз, саноатикунонӣ маҳз дар ҳамин давра эълон гардида, аз ҷониби муҳтарам Пешвои миллат зарур дониста шуд, ки то соли 2030 ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 22 фоиз расонида шавад.

Тоҷикистон кишвари дорои захираҳои зиёди табиӣ буда, барои коркарди он корхонаҳои саноатӣ зарур аст, ки ҷиҳати бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ, ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ва ташкили ҷойҳои корӣ чораҳои зарурӣ андешида шаванд.

Бояд қайд намуд, ки дар соҳаи саноати кишвар айни замон Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, барномаҳои соҳавӣ, аз ҷумла Барномаи рушди металлургияи ранга ва сиёҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2025, Барномаи рушди саноати сабук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2022, Барномаи рушди соҳаи кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012–2020 ва Барномаи рушди қолинбофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014–2020 амалӣ гардиданд. Барномаҳои мазкур ба афзун намудани ҳаҷми маҳсулот, таъмини рақобатнокии он, ташкили корхона ва коргоҳҳои нав бо таъсиси ҷойҳои корӣ ва ҳал намудани вазифаҳои иҷтимоии давлат мусоидат намуда, барои гузариши иқтисодиёти кишвар аз шакли тавлидкунандаи ашёи хом ба истеҳсолкунандаи маҳсулоти ниҳоӣ замина мегузоранд.

Дар соҳаи саноати ҷумҳурӣ барномаҳои зиёди рушд амалӣ гардида истодаанд, ки ҳадафи асосии онҳо навсозии корхонаҳои пешину бунёди корхонаҳои нав, татбиқи технологияҳои инноватсионӣ дар истеҳсолот, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти нав, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, тақвияти истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири воридотивазкунанда ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ буда, барои гузариши иқтисодиёти кишвар аз иқтисоди аграрӣ-саноатӣ ба индустриалӣ-аграрӣ ва истеҳсоли маҳсулоти тайёри ниҳоӣ замина мегузоранд.

Саноатикунонии иқтисоди ҷумҳурӣ омилҳои зиёди таъсир ба рушди иқтисодию иҷтимоии кишварро дорад. Дар навбати аввал, он боиси фароҳам омадани ҷойҳои фаровони корӣ гардида, мушкилоти бекориро коҳиш медиҳад, инчунин ҳолати вобастагӣ аз маҳсулоти воридотиро аз байн мебарад. Гузашта аз ин, базаи иҷтимоии давлат аз ҳисоби коргарони саноатӣ мустаҳкамтар шуда, бо ин роҳ сафи мутахассисони баландпояи соҳаи саноат меафзояд. Саноатикунонии босуръати мамлакат, яъне бунёди корхонаҳои саноатӣ ва инфрасохтори соҳа барои боз ҳам баланд шудани некуаҳволии шаҳрвандон шароити воқеӣ фароҳам меорад.

Дар рафти амалисозии барномаи саноатикунонии босуръати кишвар, тавре таҷрибаи ҷаҳонии саноатикунонӣ нишон медиҳад, паҳлуҳои дигари раванди саноатикунонӣ низ равшан мешаванд, зеро ин таҷрибаи навест дар роҳи пешрафти иқтисодии Тоҷикистон. Ҳамчунин, барои бунёди корхонаҳои саноатӣ маҳалҳои ҷойгиршавии ашёи хом, инфрасохтор ва мавҷудияти қувваи корӣ аҳамияти ҳалкунанда доранд. Баробари ин, дар раванди саноатикунонии иқтисодиёт, пеш аз ҳама, бояд ба сохтмони корхонаҳои бахши саноати сабук, аз қабили коргоҳҳои бофандагию ресандагӣ ва коркарди ашёи хоми кишоварзӣ афзалият дода шавад. Дар ин самт масъалаи бозомӯзии коргарони соҳавӣ тавассути курсҳои кӯтоҳмуддат ба миён меояд, зеро саноатикунонӣ дар роҳи пешбурди иқтисоди кишвар заминаҳои илмию ихтисосиро тақозо мекунад.

Коршиносони соҳа таъкид мекунанд, ки истеҳсолоти саноатӣ дурнамои пешбарандаи иқтисоди миллӣ ба шумор рафта, таъминкунандаи шуғли аҳолӣ, сарчашмаи асосии даромади буҷети давлатӣ ва дар маҷмӯъ омили муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ мебошад, ки дар заминаи он сатҳи зиндагии мардум баланд гардида, ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани шаҳрвандони Тоҷикистон коҳиш меёбад.

Айниддин Саидзода,
сардори Раёсати баҳодиҳии мутобиқат

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2