Тарбияи ватандӯстӣ ва вазифаҳои қонуни он
«Вазифаи имониву муқаддаси ҳар як фарди бонангу номуси миллат – аз шаҳрванди одӣ то корманди баландпояи мақомоти давлатӣ таблиғи бедории миллӣ, зиракию ҳушёрии сиёсӣ, ҳисси баланди ифтихори ватандориву ватандӯстӣ, густариши ғояҳои худогоҳиву худшиносии миллӣ ва муҳимтар аз ҳама, таҳкими Ваҳдати миллӣ мебошад».
— Эмомалӣ Раҳмон
Дар шароити душвори геополитикии замони муосир, ки давлатҳои миллӣ таҳти таъсири омилҳои ҷаҳонишавӣ мондаанд, ҷомеаи моро зарур аст, ки ҷавононро маҳз дар рӯҳияи муҳаббат ба Ватан, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, таъриху фарҳанг ва ҳифзи манфиатҳои он тарбия намоянд.
Бо дарназардошти ин, дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар Қонун «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» қабул гардид, ки барои имрӯзу фардои кишвари азизамон аҳамияти муҳим дорад. Қонуни мазкур аз 21 боб иборат буда, дар моддаи дуюми он таъкид мешавад, ки он ба мақсади «ташаккул додани айнияти шаҳрвандӣ, сифатҳои баланди ахлоқӣ, ҳувияти миллӣ, тафаккур ва ҳисси ватандӯстӣ» дар ниҳоди шаҳрвандон қабул шудааст.
Эҳтиром ба Ватан ва муҳаббат нисбат ба ин арзиши олӣ аз муҳимтарин эҳсос дар вуҷуди ҳар шахс ба ҳисоб меравад. Махсусан, тарбия ва рушду ташаккули ин ҳиссиёт вазифаи муҳимми давлату миллат ва ҷомеа ба шумор меравад. «Ватан – Тоҷикистон, кишвари азизу маҳбуб барои шахс, ҷомеаи иҷтимоӣ ё миллии одамон, ки онҳо мансубияташонро ба он ҳамчун шароити зарурии некуаҳволии худ медонанд», – омадааст дар моддаи 1-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон».
«Ҷалби насли наврас ба низоми арзишҳои иҷтимоию маданӣ, ки таъриху фарҳанги ғанӣ ва ба худ хоси Ватану миллатро инъикос менамояд, дар тафаккури онҳо ташаккул додани арзишҳои олии маънавию ахлоқӣ, маданӣ ва худогоҳӣ, талабот ба рушди минбаъдаи онҳо» – яке аз дигар вазифаҳои қонуни болозикр ба ҳисоб меравад.
Маҳз дар замири шахсият ва махсусан насли ҷавон, ки ояндаи Тоҷикистон хонда мешаванд, бедор намудани ҳисси ифтихор аз соҳибватан будан ва ҷалб намудани онҳо ба дарки арзишҳои таърихиву фарҳангии Ватану миллат ва дар заминаи ин ифтихор ташаккул додани арзишҳои гуногуни ахлоқиву фарҳангӣ ва худогоҳӣ дар шахсияти онҳо роҳи беҳтарини тарбияи эҳсоси ватандӯстӣ ба шумор меравад. Зеро дар замони муосир ҳангоми ба кишварҳои алоҳида таъсир расонидан, асосан қувваи нарми дипломатӣ аз ҷониби абарқудратҳо истифода бурда мешавад. Ин қувваи нарм дар маданият, таърих, забону фарҳанг ва расму одатҳои кишварҳо инъикос меёбад ва аввалин таъсирҳои худро раванди ҷаҳонишавӣ маҳз ба ҳамин омилҳо, ки чун шиносномаи давлат баромад мекунанд, мерасонад. Аз ин боис маҳз ҷанбаҳои муҳимтарин ва бисёр саривақтӣ будани вазифаи мазкур дар ҳассосияти он дарҷ гардида, моро барои ҳарчи бештар диққат додан ба масъалаи мазкур водор месозад.
Ҳамзамон, ба масъалаи бедор намудани эҳсоси масъулиятшиносӣ ва вазифадории шаҳрвандон бояд таваҷҷуҳи хосса дода шавад. Дар ин самт пеш аз ҳама риояи қонунҳо ва тарбияи меҳнатдӯстӣ нақши муҳим мебозад. Тавзеҳи ин дар Қонун чунин инъикос карда шудааст: «Тарбияи эҳтиром ба қонун, меъёрҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, ҳисси масъулияти иҷтимоӣ ҳамчун сифатҳои муҳими шахс, ки дар ғамхорӣ ба некуаҳволии кишвари худ, таҳким ва ҳифзи он зоҳир мегарданд. Тарбияи меҳнатдӯстӣ ҳамчун арзиши муҳими зиндагӣ, майли ба манфиати ҷомеа ва давлат меҳнат кардан».
Дар маҷмӯъ, бо иҷрои вазифаҳои мазкур ва дуруст ба роҳ мондани кору фаъолияти худ дар доираи ҳадафу вазифаҳои роҳбарияти мамлакат ҷомеаи мо имкон меёбад, ки дар риояи вазифаҳои пешгузоштаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» ба натиҷаҳои назаррас ноил гардад. Бо татбиқи меъёрҳои Қонуни мазкур мо имкон пайдо месозем, ки дар мамлакат ҷомеаеро ташаккул диҳем, ки ашхоси он дорои ҳисси баланди ватандӯстиву хештаншиносӣ ва ифтихор аз арзишҳои миллӣ ҳастанду дар роҳи садоқат ба Ватан ва ин мулки аҷдодӣ тарбия ёфтаанд. Ин гуна ҷомеа замина фароҳам меорад, то мо ба наслҳои оянда як Ватани тараққикарда ва аз ҳама ҷиҳат рушдкардаро мерос гузорем ва вазифаву қарзи мо низ дар назди наслҳои оянда аз ҳамин иборат аст.
Ғуломзода ҲАБИБУЛЛО,
сардори Раёсати корҳо ва ҳуқуқи Агентии Тоҷикстандарт




