Зеҳн

Густариши ҳамкориҳо: ҷаласаи 64-уми Шӯрои байнидавлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсия

АГ
Агенти Зеҳнӣ18 ноябри 2026 · 3 дақиқа хондан

Аз 13 то 16 декабри соли 2023 дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус ҷаласаи 64-уми Шӯрои байнидавлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсия баргузор гардид. Дар кори ҷаласа намояндагони Тоҷикистон, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Россия ва намояндагии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) иштирок доштанд.

Дар ҳамоиш аз ҷониби Тоҷикистон М.Х. Сафарзода – муовини директори Агентии Тоҷикстандарт ва Т.Н. Нуруллозода – муовини сардори Раёсати бамеъёрдарории техникӣ ва стандартонӣ намояндагӣ намуданд.

То оғози ҷаласаи 64-уми Шӯрои байнидавлатӣ оид ба стандартизатсия бо иштироки воситаҳои ахбори оммаи Ҷумҳурии Беларус ва намояндагони мақомоти давлатии стандартонии давлатҳои аъзои ИДМ нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар ин робита, намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ иштирок намуда, мухтасар дар бораи ҳамкориҳо бо Шӯрои байнидавлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсия ва инчунин дар бораи ҳамкориҳо бо Бюро оид ба стандартонӣ ва аҳамияти он изҳори назар карданд. Қайд кардан лозим аст, ки Шӯрои байнидавлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсия сиёсати мувофиқавиро барои бартараф намудани монеаҳои техникӣ дар савдо дар байни давлатҳои аъзои ИДМ амалӣ менамояд.

Ҷаласа тибқи барномаи муқарраргардида баргузор гардида, масъалаҳои дар барнома дарҷгардида пурра баррасӣ шуданд.

Тибқи рӯзномаи ҷаласа намояндагони давлатҳои аъзои ИДМ бо тартиб баромад намуда, дар бораи корҳои анҷомдодашуда оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсия дар давраи ҳисоботӣ маълумоти мухтасар пешниҳод намуданд. Ҳамзамон, дар бораи дастовардҳои Агентии Тоҷикстандарт дар соли 2023 маълумот манзур карда шуд.

Дар ҷаласа лоиҳаи стандартҳое, ки аз ҷониби кумитаҳои техникӣ оид ба стандартонӣ таҳия гардида, барои қабул ба Шӯро пешниҳод шуда буданд, бо дастгирии ҳамаи аъзоён қабул гардида, тибқи протокол тасдиқ карда шуданд. Шумораи стандартҳои қабулгардида дар давоми соли 2023 дар маҷмуъ 366 ададро ташкил медиҳад.

Дар раванди ҷаласа масъалаҳо оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия, монеаҳои техникӣ дар савдо ва иштироки корхонаҳои давлатҳои аъзои ИДМ дар озмун оид ба дарёфти Ҷоизаи ИДМ дар соҳаи сифати маҳсулот ва хизматрасонӣ баррасӣ шуданд. Инчунин, дар кори ҷаласа бо пешниҳоди Федератсияи Россия озмуни «Метрологи ҷавон» пешниҳод гардид, ки аз тарафи дигар давлатҳои аъзо дастгирӣ карда шуд. Минбаъд ин озмун низ дар байни давлатҳои аъзои ИДМ гузаронида мешавад. Аз натиҷаи корҳои анҷомдодашудаи ҷаласа Протокол ба имзо расонида шуд.

Қайд кардан зарур аст, ки имсол дар озмун оид ба дарёфти Ҷоизаи ИДМ дар соҳаи сифати маҳсулот ва хизматрасонӣ ду корхона аз Ҷумҳурии Тоҷикистон – ҶДММ «Ноқили Талко» ва ҶДММ «Аҷр» иштирок доштанд. Дар доираи ҷаласаи мазкур дар нишасти роҳбарони мақомоти миллӣ оид ба стандартонии давлатҳои ИДМ дар доираи хурд якчанд масъалаҳо баррасӣ гардиданд. Аз натиҷаи он ҶДММ «Ноқили Талко», ки ба истеҳсоли маҳсулоти гуногунандозаи кабелӣ машғул мебошад, ба гирифтани ҷоизаи «Лауреат» ва ҶДММ «Аҷр», ки ба истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ, борҷомаҳо барои маҳсулот ва истеҳсоли маҳсулоти ниёзи мардум машғул мебошад, ба гирифтани ҷоизаи «Дипломант»-и озмуни мазкур ноил гардиданд. Ин барои корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як дастоварди хуб ба шумор меравад.

Дар доираи чорабиниҳои муқарраршуда, ҳамзамон, аз озмоишгоҳҳои Институти давлатии стандартизатсия ва сертификатсияи Беларус (БелГИСС), аз ҷумла аз озмоишгоҳи ташхиси техникаи барқии маишӣ боздид ба амал оварда шуд ва татбиқи таҷрибаи амалии озмоишгоҳҳои мазкур минбаъд дар пешбурди фаъолияти соҳа мавриди истифода қарор дода мешавад.

Бо истифода аз фурсат дар ҷараёни ҳамоиши мазкур вохӯриҳои дуҷониба байни мақомоти соҳавии давлатҳои аъзои ИДМ гузаронида шуданд. Аз ҷумла, бо хоҳиши директори генералии Агентӣ оид ба танзими техникии Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо мақсади тақвияти ҳамкориҳо дар самти стандартизатсия, метрология ва сертификатсия вохӯрӣ баргузор гардид. Вохӯрии дигари масъулони Агентӣ бо сардори раёсат оид ба робитаҳои байналмилалии Кумитаи давлатии стандартизатсияи Ҷумҳурии Беларус бо дарназардошти дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рушд ёфтани истифодаи автомобилҳои барқӣ ва муҳиммияти масъалаи мазкур дар самти омӯзиши стандартҳои давлатии Беларус дар ҷодаи истифодаи автомобилҳои барқӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрии техникии ба соҳаи мазкур алоқаманд доир карда шуд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки ҳамкориҳо дар ин самт барои бартараф намудани монеаҳои техникӣ дар савдо, рушди соҳаи стандартонӣ ва зиёд намудани ҳаҷми маҳсулоти содиротии рақобатпазир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон замина мегузорад.

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2