Зеҳн

Ба халқи азизи Тоҷикистон софдилонаву содиқона хизмат кунем

АГ
Агенти Зеҳнӣ18 ноябри 2026 · 3 дақиқа хондан

Мусаллам аст, ки ҳадафи асосии сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қабл аз ҳама, фароҳам сохтани имконоти мусоид барои зиндагии арзанда ва дар ин замина боло бурдани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалист.

Мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтани дастовардҳои ин давра, ки дар Паёми Пешвои миллат ироа шуданд, шаҳодати он аст, ки тайи ин солҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи душвор, вале созандаро тай намуда, имрӯз ба як кишвари устувор ва узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Бешубҳа, ин дастоварди таърихии давлат ва мардуми мост.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди устувори соҳибкориро ҳамчун кафолати боэътимоди иқтисодиёт ва паст гардидани шиддати таъсири буҳрони молиявӣ шуморида, мақом ва рисолати соҳибкоронро дар ҳаёти давлату ҷамъият пайваста таъкид ва онҳоро ба густариши созандагию бунёдкорӣ даъват намуда, бамаврид таъкид карданд, ки: «Ҳукумати мамлакат рушди бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузориро дар Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ҳамчун воситаи асосии ноил шудан ба ҳадафҳои миллӣ муайян кардааст ва ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои пешбурди фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ, барои сармоягузорӣ ҷолиб гардонидани иқтисодиёти кишвар ва ба содирот нигаронидани он пайваста чораҷӯйӣ менамояд».

Дар ин замина, яке аз самтҳои фаъолияти навбатии мо аз он иборат аст, ки иҷрои саривақтии супоришҳои Роҳбари мамлакатро вобаста ба дастгирии соҳибкорӣ, аз ҷумла мусоидат ба тақвияти истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва рушди иқтидори содиротии кишвар таъмин намоем. Бо дарназардошти ин, ҷиҳати иҷрои супоришҳое, ки Пешвои миллат дар Паёми навбатӣ иброз доштаанд, дар Агентии Тоҷикстандарт нақшаи чорабиниҳои мушаххас таҳия шуда, фаъолияти минбаъда дар ҳамин асос ба роҳ монда мешавад.

Дар доираи эълон гардидани соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» дар навбати худ баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии истеъмолкунандагон ва соҳибкорон барои татбиқи қонунҳо омили асосист, зеро дар раванди вусъат додани соҳибкории хурду миёна нақши қонун, эҳтиром, риоя ва иҷрои он ниҳоят бузург аст. Бо ин мақсад, аз ҷумла, таъмини сифати маҳсулоте, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муомилот бароварда мешавад, шарти зарурӣ барои гардиши озоди мол, рақобати солим дар бозор ва дар муносибат бо дигар кишварҳо, кафолати ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор, бунёди инфрасохтори мустаҳкам ва мусоидат ба рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоб меравад.

Ёдовар бояд шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чун ҳамасола дар Паёми хеш самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварамонро муфассал таҳлил намуда, ҷиҳати таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисодиёту саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд, ки баҳри пешрафти тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеа чун ҳуҷҷати раҳнамо хизмат менамояд.

Президенти мамлакат, инчунин, ҷиҳати баланд бардоштани маърифатнокию касбият, шинохти таърихи пурғановату фарҳангу тамаддуни миллӣ, омӯзиши илм, забондонӣ бамаврид таъкид доштанд, ки азхудкунии донишҳои замонавӣ пурзӯр гардонида шуда, ба таълиму тарбияи наврасону ҷавонон диққати ҷиддӣ диҳем.

Аз сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат дар баробари ҳамаи қишрҳои ҷомеа кормандони Агентии Тоҷикстандарт низ якдилона пуштибонӣ менамоянд ва ин ҳуҷҷати муҳим аз рӯзҳои аввал мавриди омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи аҳли кормандони Агентӣ қарор гирифтааст.

Тавре ки Пешвои миллат таъкид намуданд, ҳамаи мо вазифадорем, ки дар шароити ниҳоят ҳассос ва ноорому пуртаҳаввули ҷаҳони имрӯза ва афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир ба истиқлолу озодӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти ҷомеаи башарӣ беш аз ҳар вақти дигар босабру таҳаммул ва муттаҳиду сарҷамъ бошем, тамоми саъю талоши худро ба хотири ҳимояи арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, ободии Ватани азизамон ва рушди кишвари соҳибихтиёрамон равона созем.

Абдулваҳобзода Темурҷон Назурулло,
директори Агентии Тоҷикстандарт

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2