Зеҳн

Дар вақти харидани гӯшт чиро бояд донист?

АГ
Агенти Зеҳнӣ18 ноябри 2026 · 3 дақиқа хондан

Талабот ба гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ дар ҳар давру замон зиёд мебошад. Имрӯзҳо бо пайдо кардани имконият ҳар як оила гӯшт ва маҳсулоти гӯштиро вобаста ба тавони худ харидорӣ менамояд. Барои онҳо пешниҳод ва дастрас намудани маҳсулоти босифат ва аз ҷиҳати экологӣ тозаву бехатарро корхонаҳое, ки ба истеҳсол ва коркарди ин гуна маҳсулот машғул мебошанд, амалӣ менамоянд. Аз ин рӯ, корхонаҳои истеҳсолиро мебояд бо риояи талаботи стандартҳо ва регламентҳои техникӣ, меъёри истифодабарии ашёи хом ҳангоми истеҳсол ва ба муомилот баровардани маҳсулоти гӯштӣ дарки масъулияти ватандорӣ намуда, ба мардум пешниҳод кардани маҳсулоти ғизоии босифату бехатарро аҳамияти аввалиндараҷа диҳанд.

Мо дар зер доир ба чӣ гунагии намудҳои гӯшт тавзеҳоту тавсияҳо медиҳем.

Гӯшт тоза, яхкунонидашуда, шубҳанок ва вайрон буда метавонад. Муҳлати истифодаи гӯшт аз ҷониби истеҳсолкунанда муайян карда шуда, дар тамғакоғаз ишора мегардад. Барои гӯшти дар дӯкону бозор буда коғази махсуси духтури ҳайвонот лозим аст, то он собиткунандаи санаи кушта шудани ҳайвон ва муҳлати истифодаи он бошад.

Гӯшти тоза бӯи махсус дорад, ки хосси гӯшти нав аст (ҳар як намуди ҳайвон бӯи махсуси худро дорад), ранги гӯшт аз гулобӣ то сурхи сиёҳранг буда, ҳангоми пора кардан каме намдор ва бедоғ аст. Таркиби гӯшт ҳангоми буридан бояд ба ҳам ҷафс бошад, дар вақти бо панҷа онро зер кардан бояд чуқурӣ зуд бартараф гардад. Равғани гӯшт набояд бӯи ғализ ва нохуш дошта бошад.

Гӯшти яхкунонидашуда дар яхдонҳо бо ҳарорати -18 °С нигоҳ дошта мешавад. Агар дар дохили бастаҳои гӯшти яхкунонидашуда яхпораҳои обшудаистода пайдо шуда бошад, ин нишонаи об кушодани гӯшти яхӣ мебошад, ки дуруст нест. Гӯшти яхкардашуда пас аз обшавӣ бояд таъму маззаи гӯшти тозаро дошта бошад. Об кардани яхи гӯшти яхкунонидашуда вақте шурӯъ мешавад, ки ҳарорати атроф нисбат ба ҳарорати обкунии гӯшт 2-3 дараҷа баланд бошад. Ҳар қадаре обшавии гӯшт оҳистатар ба амал ояд, ҳамон андоза сифати гӯшт беҳтар нигоҳ дошта мешавад. Гӯшти аз ях тозакардаро ҳарчи зудтар пухтан лозим аст, вагарна шумо метавонед бо истеъмоли чунин гӯшт организми худрову дигаронро заҳролуд кунед.

Гӯште, ки тозагиву хушсифатии он шубҳанок аст, нишонаҳои аввали вайроншавиро дорад. Болои он ҷо-ҷо намнокӣ дошта, каме часпак ва тираранг аст. Қабати чунин гӯшт ҳангоми буридан обдор, сурхи серранг, оби гӯшт каме тираранг мешавад. Таркиби он чандон мустаҳкам набуда, бӯи каме ғализ дорад, ки нишонаи вайроншавист. Равғани он часпак ва ҷо-ҷо ранги кабудча дорад.

Гӯшти вайроншуда аз шаклаш маълум аст, зеро рӯи онро луоби рангаш хокистарӣ ё пӯпанакҳо пӯшонидаанд. Ҳангоми буридан таркиби он намнок, часпак буда, ранги сурхи қаҳваранг дорад. Аз рӯи гӯшти яхаш обкардашуда бошад, оби ғализи тираранг ҷорӣ мегардад, таркибаш пора-пора, бӯяш бисёр турушу ғализ аст. Равғани чунин гӯшт мулоим, ранги хокистарӣ дошта, бӯи тезу ғализ дорад.

Гӯшти гов дорои таркиби сахт ва сурхи серранг буда, равғани он сахту резонак мешавад. Гӯшти гӯсола аз он бо ранги нисбатан равшантар ва нозуктари худ фарқ карда, хеле зудтар мепазад.

Гӯшти мурғ аз дигар намудҳои гӯшт бо сервитаминии худ фарқ мекунад. Гӯшти ҷудокардашуда, яъне гӯште, ки дар алоҳидагӣ печонида шудааст, бояд тамғакоғаз бо ишораи санаи тайёршавӣ ва муҳлати истифода дошта бошад. Гӯшти мурғ бояд ранги якхела, бе нишонаҳои ранги кабуд ва хун дошта бошад.

Маҳсулоти гӯштии дар алоҳидагӣ печонидашуда чанд нишонае дорад, ки аз вайрон шудани он дарак медиҳад. Масалан, болопӯши он ноҳамвор ва часпак мешавад. Агар истеҳсолкунанда шартҳои техникиро дуруст риоя накарда бошад, дар қабати болоии гӯшт доғҳои сабз пайдо мешаванд, ки ин аз сифати пасти маҳсулот дарак медиҳад. Чунин маҳсулотро истеъмол кардан мумкин нест, зеро ба саломатӣ зиёновар мебошад.

Ҳамидзода Саидмуҳаммад,
корманди Маркази Тоҷикстандарт дар минтақаи Данғара

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2