Зеҳн

Талаботи хизматрасонӣ дар муассисаҳои хӯроки умум

АГ
Агенти Зеҳнӣ18 ноябри 2026 · 2 дақиқа хондан

Хизматрасонӣ дар муассисаҳои хӯроки умумӣ талаботи муайяни худро дорад. Хизматрасониҳо, пеш аз ҳама, бояд эҳтиёткорона, бодиққат, дуруст ва замонавӣ бошанд ва талаботи мизоҷон ба назар гирифта шавад.

Намояндагони аслии муассисаҳои хӯроки умум, асосан, пешхизматон ба ҳисоб мераванд. Инчунин, пешхизматон ба сифати хизматрасонии аз тарафи муассиса пешниҳодшуда ҷавобгаранд. Онҳо бояд ҳуқуқҳои истеъмолкунандагонро ба назар гиранд.

Дар тарабхонаҳо ба мизоҷон рӯйхати (меню) васеи хизматрасониҳо пешниҳод мегардад. Тарабхонаҳо барои гузаронидан ва хизматрасонии ҳар гуна маъракаву чорабиниҳо, аз қабили маросими тӯйҳо, ҷашнҳои бошукӯҳ, вохӯриҳои рафиқона, нишасти хонаводагӣ, зодрӯз ва ғайра фармоиш қабул мекунанд. Барои хизматрасонӣ ба ин маросимҳо дар тарабхона толорҳои боҳашамат истифода мешаванд ва хизматрасонии хосса ба мизоҷон пешниҳод менамоянд.

Дар тарабхонаҳо, ки ҳама вақт мутахассисони варзида адои вазифа менамоянд, метавонанд хизматрасониҳоро бо истифода аз пешхизмату ходимони бар дар хонаҳо низ ба роҳ монанд.

Бештари муассисаҳои хӯроки умум барои меҳмонон, махсусан сайёҳон, иштирокчиёни анҷуману ҷаласаҳо ва ғайра маҷмӯи хӯрокҳоро пешниҳод менамоянд. Қаҳвахонаву ошхонаҳо бошанд, барои қонеъ намудани муштариёни худ аз пардохти ғайринақдӣ ва чекҳо истифода мекунанд.

Муштариён метавонанд пешакӣ ба воситаи телефон ё гуфтушуниди наздик ба кормандони тарабхона фармоиш пешниҳод намоянд ва то омадани онҳо ба тарабхона мизҳои махсус (тибқи дархости мизоҷон) омода шаванд.

Усулҳои хизматрасонии тарабхонаҳо имрӯзҳо дар рушду такомуланд. Бо беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум талабот ба ҳар гуна хизматрасониҳо меафзояд. Дар радифи ин барои пешбурди кор ва хизматрасонӣ ба аҳолӣ рақобати байни муассисаҳо низ зиёд мешавад. Вобаста ба ин амр, сифати хизматрасонии муассисаҳо низ баланд мегардад.

Маҳз барои он ки муассисаҳо ба рақобати байни худ тобовар шаванд, кормандони он ҳамарӯза кӯшиш мекунанд, ки дар омӯзиш бошанду аз таҷрибаҳои мамлакатҳои мутараққӣ истифода намоянд. Аз ин рӯ, ҳар як корманди муассисаҳои хӯроки умумро мебояд, ки барои такмили ихтисоси худ кӯшиш намояд ва сифати хизматрасониро ба дараҷаи баланд расонад.

Хотирнишон бояд кард, ки дар муассисаҳои хӯроки умумии дорои ҳама гуна шакл ва дараҷа, ҳифзи бехатарии ҳаёт ва саломатии истеъмолкунандагон ва амволи онҳо тибқи Стандарти байнидавлатии ГОСТ 30389-2013 таъмин карда мешавад. Инчунин, қоидаҳои истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти хӯроки умум мутобиқи меъёрҳо ва қоидаҳои санитарию технологӣ ва талаботи зидди сӯхтор ва бехатарии неруи барқ мутобиқи ҳамин ГОСТ амалӣ мегардад.

Бобоҷон Қурбонализода,
сармутахассиси шуъбаи шаҳодатномадиҳии кору хизматрасонии МСМС ва НС-и вилояти Хатлон

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2