Либоси махсуси корӣ чӣ зарурат дорад?
Бархе нафарон чунин андеша доранд, ки либоси кории махсус танҳо муаррифгари кормандон ва рамзи муассисаҳои хизматрасон ва корхонаву соҳаҳо мебошад. Чунин ҳам ҳаст, вале либоси кории махсус дар баробари ин боз функсияҳои дигари муҳимеро дар худ дорад, ки мутахассисони соҳа ва истеҳсолкунандагони ин намуди либосҳо беҳтар медонанд ва ҳифзи солимии бабаркунандаи онро дар ҷои аввал мегузоранд.
Солҳои қаблӣ либоси махсус танҳо барои коргарон, аз қабили сохтмончиён, роҳсозон, нақбканон ва ё маъданчиён лозим буд. Талаботи замони муосир бошад пурра дигаргун шуда, дар тамоми касбу кору хизматрасонӣ либоси ягонаи корӣ муқаррар шудааст.
Талаботи асосӣ дар таркиби матои либоси корӣ
Намуди зоҳирии либоси махсус муҳим аст, аммо функсияҳои муҳофизатии он дар ҷои аввал меистад. Ҳатто агар соҳаи истеҳсолот ё хизматрасонӣ бевосита бо омилҳои манфие, ки ба саломатии корманд зарар расонида метавонанд, алоқаманд набошад ҳам, либос бояд ба талаботи зерин ҷавобгӯ бошад:
- муқовиматнок ба маводи моеъи кимиёвӣ, аз ҷумла маҳсулоти нафтӣ ва ғайра;
- ҳифзкунандаи гигиена;
- қобилияти муҳофизат аз сироятҳо;
- функсияи сигнализатсия, хатҳои равшанидиҳандадошта (дар торикӣ равшанидиҳанда);
- муқовиматнок будан ба намӣ ва намкашӣ, рафъкунандаи моеъ ва ногузарии моддаҳои заҳролуд ба пӯсти инсон.
Ҳангоми дӯхтани либоси махсуси корӣ, ҳамаи ин омилҳои бехатарӣ ба солимии кормандони соҳаҳои гуногун пурра ба инобат гирифта мешаванд ва матои зарурӣ интихоб мегардад. Барои ин, чун қоида, матоъҳои табиӣ, аз қабили пахта ва катон интихоб карда мешаванд.
Қобилияти муҳофизат аз сироятҳоро шахсоне талаб мекунанд, ки дар нуқтаҳои бемориҳои шадиди хатарнок кор мекунанд. Чунин комбинезонҳо, чун қоида, аз матоъҳои махсуси мустаҳкам тайёр карда шуда, арзиши баланд доранд.
Либосҳои нишони огоҳкунандадошта аз ҷониби намояндагони касбҳои хидматрасонии ҳаракати роҳ бештар талаб карда мешавад, зеро барои таъмини бехатарӣ дар роҳ корманд бояд то ҳадди имкон намоён бошад. Барои ин матоъҳои рангҳои равшандошта интихоб мегарданд ва ба комбинезон васлкунакҳои инъикоскунанда дӯхта мешаванд, ки шабонгаҳ низ корманд ба чашми ронандагон ба хубӣ намоён мешавад.
Қобилияти намкашӣ надоштан, ногузарии неруи барқ, ба бадан начаспиданро корманд ҳангоми ба бар кардан муайян мекунад. Дар чунин ҳолат матоъҳои табиӣ, хосса пахтагини мустаҳкам ва ё лен интихоб мегарданд. Либоси махсусе, ки қобилияти ҷабиши моеъро надорад, муддати тӯлонӣ покиза боқӣ мемонад ва пӯсти бадани кормандро аз ҳар гуна маводи заҳролуду кимиёвӣ ҳифз мекунад.
Набояд фаромӯш кард, ки дар аксар касбу корҳо на танҳо либос, инчунин пойафзол, кулоҳу сарпӯшҳои мувофиқ ба касбу кор, дастпӯшак, респиратор ва айнак низ муҳим аст. Таркиби чунин ашёҳо низ дар худ хусусияти муҳофизатӣ дошта бошад. Касбу корҳое, ки бо соҳаҳои хатарнок алоқамандӣ доранд, ҳатман либоси махсуси сахтмуҳофизаткунандаро аз сар то по талаб мекунанд.
Талаботи қатъӣ ба моделҳои зимистона ва тобистона
Талаботи қатъӣ ба моделҳои зимистонаи либоси кории махсус инҳоянд:
- гармидиҳанда;
- обногузар;
- муқовиматкунанда ба фарсудашавӣ;
- бароҳату қулай;
- шамолногузар.
Либоси корӣ набояд ба ҳаракати корманд халал расонад ё аз ҳад зиёд вазнин бошад. Аз ин рӯ, матое бояд интихоб гардад, ки сабук ва ба тан шинам намояд. Чунин либосро на танҳо дар корхона, балки дар корҳои хоҷагӣ низ истифода бурдан имкон дорад.
Комбинезонҳои тобистона бояд сабук ва таркиби ҳавогузар дошта бошанд, вале дар баробари ин вазифаҳои муҳофизатии худро гум накунанд. Истифодаи матоъҳои замонавӣ имкон медиҳад, ки роҳату қулай будан низ таъмин бошад. Ҳангоми иҷрои корҳои дарунӣ, ба монанди анбор, таъмир ва ғайра комбинезонҳои бе изолятсия истифода мешаванд. Истеҳсоли комбинезон мувофиқи талаботи ГОСТ танзим карда мешавад, ки ин кафолати иловагии сифати баланди маҳсулот аст.
Рӯйхати касбҳое, ки барои онҳо комбинезон лозим аст, васеъ мебошад. Вобаста ба хусусиятҳои кор, либос дорои хосиятҳои гуногуни муҳофизатӣ мебошад. Хусусияти обкашии либоси махсус, масалан, дар либосҳое, ки аз пиджак, шим, дастпӯшак ва кулоҳу пойафзол иборат аст, барои коргарони соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ва хидматрасонии таъмир зарур аст. Он ба коргар имкон медиҳад, ки муддати дароз дар зери борон кор кунад. Ба ронандагон, посбонон, кормандони хизматрасонии автомобилӣ ва коргарони анбор муҳофизат аз ифлосшавии умумӣ ва таъсири механикӣ тавсия карда мешавад.
Аҳамияти аввалиндараҷаи либоси корӣ ин аст, ки тибқи муқаррарот он аз матое сохта шудааст, ки хосиятҳои мусбати матоъҳои табиӣ ва сунъиро ба ҳам мепайвандад ва дар ҳама ҳолат ҳифзкунандаи ҷисму солимии кормандон аст. Як қатор матоъҳо ба монанди «МЕКС RAINCOAT», «GRETA», «CHELSEA», «SISU», «INDESTRUCTBL», «TOMBOY» ва ғайра маҳз барои либосҳои корӣ истифода мешаванд, ки он дар як вақт ҳам устувор ва ҳам сабук мебошад. Корманд ҳангоми фаъолияти худ озодона ҳаракат мекунад ва ҳам ҷисмаш аз ҳар гуна омилҳои ба солимӣ таъсиррасон ҳифз мегардад.
Масъулони корхонаҳо вазифадоранд, ки кормандони худро аз ҳар гуна таҳдидҳои механикӣ, биологӣ ё химиявӣ ва ҳатто табиӣ, ба монанди сардӣ, гармӣ, барфу борону ифлосиҳо ва чангу ғубор ҳифз кунанд ва дар рафти фаъолият онҳо доимӣ бо либоси кории махсус таъмин бошанд.
Ойгул Одинаева




