Татбиқи талаботи стандартҳои байналмилалии Комиссияи Иқтисодии Аврупоии Созмони Милали Муттаҳид
Пешвои миллат дар Паёми худ аз 26 январи соли 2021 таъкид намуда буданд, ки вазорату идораҳои давлатӣ бояд ҷиҳати ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ барои рушди соҳа (кишоварзӣ), ташкили марказҳои логистикӣ, инчунин тибқи талаботи бозор ва стандартҳои байналмилалии сифат ба роҳ мондани коркарду банду баст ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ бояд чораҳои қатъӣ андешанд.
Дар татбиқи барномаҳои соҳавӣ, майдони боғу токзори кишвар ба беш аз 200 ҳазор гектар расонида шуд, ки нисбат ба соли 1991-ум 2,2 маротиба зиёд буда, ё худ дар давраи соҳибистиқлолӣ 112 ҳазор гектар боғу токзори нав бунёд гаштааст ва бештари маҳсулоти истеҳсолшавандаи ин боғу токзорҳо ба содирот нигаронида шудааст. Аз ин лиҳоз бо мақсади мусоидат намудан барои рушди содирот ва таъмин намудани саноати хӯроквории ватанӣ бо ашёи хоми босифат аз ҷониби Ассотсиатсияи байналмилалии истеҳсолкунандагон ва содироткунандагони меваҳои хушки Тоҷикистон (АБИСТ), бо дастгирии шарикони рушд дар водии Зарафшон, шаҳри Панҷакент, ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ ва Айнӣ семинарҳои омӯзишӣ дар мавзуи «Баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти истеҳсолӣ ва афзоиши даромади деҳқонони маҳаллӣ-тиҷоратии хурду миёна тавассути гузаронидани омӯзишҳои техникӣ ва тренингҳо, марҳилаи роҳ ёфтан ба бозорҳои истеъмолӣ» ба роҳ монда шуд.
Дар амалигардонии семинарҳои омӯзишии мазкур, бо дархости роҳбарияти АБИСТ ва дастгирии сардори Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд Ғ.Х. Муҳиддинов мутахассиси бахши тасдиқи мутобиқати системаи идоракунии Марказ иштирок намуда, оид ба тарзҳои муосири коркард ва хушконидани меваҳои зардолу, себ, нок ва ангур аз ҷиҳати назариявӣ ва ҳам амалӣ дар назди намояндагони хоҷагиҳои деҳқонии боғпарварии ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Айнӣ ва шаҳри Панҷакент баромад намуда, вобаста ба роҳҳои амалисозии стандартҳои соҳавӣ андешаҳои худро баён намуд.
Инчунин, аз ҷониби мутахассиси бахши тасдиқи мутобиқати системаи идоракунии Марказ тибқи барномаи семинари омӯзишии (талаботи модул-тренинг) АБИСТ талаботи стандартҳои байналмилалии Комиссияи Иқтисодии Аврупоии Созмони Милали Муттаҳид – DDP-11 «Марбут ба фурӯш ва назорати сифати молии ангури хушк», DDP-13 «Марбут ба фурӯш ва назорати сифати молии ноки хушк», DDP-15 «Марбут ба фурӯш ва назорати сифати молии зардолуи хушк» ва DDP-16 «Марбут ба фурӯш ва назорати сифати молии себи хушк» ба истеҳсолкунандагони меваҳои хушк, яъне намояндагони хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Айнӣ ва шаҳри Панҷакент, ки дар семинари омӯзишӣ иштирок намуданд, омӯзонида шуд.
Амалигардонии семинари омӯзишӣ дар мавзеъҳои ба истеҳсоли меваҳои хушк наздик, бо ҷалби фермерони маҳаллӣ, намояндагони хоҷагиҳои деҳқонии деҳаҳои Рогиф, Пастигав ва Ҳадишаҳри ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, деҳаҳои Вешканд, Урметан, Зосун ва Гузари Боди ноҳияи Айнӣ ва деҳаҳои Саразм, Лоиқ Шералӣ, Навобод, Шинг ва Судҷинаи шаҳри Панҷакент ба роҳ монда шуданд. Риояи талаботи бандҳои стандартҳои байналмилалии Комиссияи Иқтисодии Аврупоии Созмони Милали Муттаҳид дар ҳамаи равандҳои коркарди хушконидани меваҳо ҳамрадиф буда, расидан ба фатҳи маҳсулоти хушсифат дар риоя намудани талаботи бахшу бандҳои стандартҳои мазкур мебошад, ки ба равандҳои истеҳсоли маҳсулот алоқамандии зич доранд.
Дар баргузории семинари омӯзишӣ ба намояндагони хоҷагиҳои деҳқонӣ бандҳо ва зербандҳои стандартҳои байналмилалии КИА СММ марбут ба фурӯш ва назорати сифати молии меваҳои хушк аз қабили ангури хушк, зардолуи хушк ва себу ноки хушк, мавқеъ, дастур ба сифат, талаботи ҳадди ақал, миқдори намӣ, таснифоти меваҳо, калибркунӣ (андозагирӣ), таҳаммулпазирӣ (допуск, яъне миқдори муайяни нуқсонҳои молии иҷозатдодашуда), намуди молӣ-якхелагӣ, бастабандӣ, тамғагузорӣ-нишондиҳандаи шиносномавӣ, хусусияти маҳсулот, пайдоиши (тавлид) маҳсулот, хусусиятҳои молӣ, нишони расмии маҳсулот оид ба назорат дар шакли омӯзиши назариявӣ ва таҷрибавӣ омӯзонида шуд ва иштирокчиёни омӯзиш аз талаботи бозорҳои истеъмолӣ бархурдор гаштанд.
Манфиат аз шиносоӣ ва омӯзиши талаботи стандартҳои байналмилалии КИА СММ, ки ба истеҳсоли маҳсулоти хушсифати рақобатпазир равона гардида, барои беҳтар кардани даромаднокии молиявии фермерҳои маҳаллӣ мусоидат мекунад ва дар ин раванд марказҳои логистикии ин минтақаҳо фаъол мегарданд.
Аз семинарҳои омӯзишии стандартҳои байналмилалии КИА СММ меваҳои хушк 145 нафар намояндагони хоҷагиҳои деҳқонӣ, фермерҳои маҳаллии ноҳияҳои Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ ва шаҳри Панҷакент баҳраманд гаштанд. Аз баргузории семинарҳои омӯзишӣ намояндагони хоҷагиҳои деҳқонӣ изҳори қаноатмандӣ зоҳир намуда, ба ташкилкунандагон – роҳбарияти АБИСТ, Агентии Тоҷикстандарт ва Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд миннатдории хешро баён доштанд.
Мақсади асосии ташкил ва баргузории семинари омӯзишӣ ин иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба амалигардонии «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030» мебошад. Ҳамзамон, бахши хусусиро ҳамчун неруи пешбарандаи рушди босуботи иқтисодӣ дониста, дар ин замина муҳайё намудани шароит барои тақвияти истеҳсолот ва содироти маҳсулоти тайёр бо роҳи ворид намудани технологияҳои нав, истифодаи ҳарчи бештари манбаъҳои ашёи маҳаллӣ, коркарди пурраи он ва истифодаи босамари захираҳои меҳнатӣ равона шудааст.
А.А. РАҲИМЗОДА,
мудири бахши тасдиқи мутобиқати системаи идоракунии сифати Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд




