Зеҳн

Мусоидат дар рушди истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

АГ
Агенти Зеҳнӣ18 ноябри 2026 · 3 дақиқа хондан

«...Таъкид менамоям: ҳоло, ки фурсат ҳаст, яъне мавсими фаровонист, тамоми мардуми кишвар, ҳамаи ташкилоту муассисаҳо ва ҳар як оила бояд дар фикри таъминоти худ бошанд, ҷиҳати ҳарчи бештар истеҳсол кардани маҳсулот ва барои ду сол захира намудани маводи зарурии ғизоӣ ҳамаи чораҳои заруриро андешанд, то ки дар фасли тирамоҳу зимистон танқисию муҳтоҷӣ накашанд.»
— Эмомалӣ РАҲМОН

Дар амалигардонии ин ҳидояти инсондӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишоварзон ва сокинони вилояти Хатлон имконоти бештар доранд, зеро дар истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва аз нигоҳи табиӣ-экологӣ тоза нақши муассир гузоштаанд ва оянда низ ин раванд идома хоҳад ёфт.

Табиист, ки дар баробари рушди соҳаи кишоварзӣ дар вилояти Хатлон саноат низ зина ба зина рушд ёфта, коргоҳу корхонаҳои истеҳсолии зиёд бунёд гардида, имрӯз фаъолият доранд. Бахусус, 16-уми июни соли 2022 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон мавриди истифодабарӣ қарор гирифтани корхонаи ҶДММ «Ганҷи деҳа», ки фаъолияти он ба истеҳсоли равғани растанӣ ва қуттиҳои пластикӣ равона гардидааст, далели гуфтаҳои болост. Ин корхона дар заминаи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар ва «Солҳои рушди саноат» бо азму талоши соҳибкори ватанӣ Зиёдалӣ Ашӯрматов дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд сохта ба истифода дода шудааст.

Бо ифтитоҳи ин корхонаи наву замонавӣ 20 нафар ҳамватанон соҳиби ҷойи кор шуданд, ки аксарияти онҳоро занону духтарони хонашин ташкил медиҳад.

Нақшаи бунёди иншоот, ворид ва васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолӣ бо харҷи 3 миллиону 600 ҳазор сомонӣ амалӣ шудааст. Технология ва хатҳои истеҳсолии корхона аз кишварҳои тараққикардаи дунё ворид шуда, имкони воқеӣ пайдо гардид, ки ҶДММ «Ганҷи деҳа» дар як шабонарӯз 3,5 тонна чигитро коркард намуда, то 400 литр равғани хушсифати растанӣ истеҳсол намояд. Ҳамкории мутахассисони корхона бо мутахассисони Агентии Тоҷикстандарт дар самти истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир пайваста идома дорад. Дар маҷмӯъ бошад, дар як сол 144 тонна маҳсулоти босифати ғизоии ивазкунандаи воридотро дар заминаи коркарди 800 тонна чигит дар бар мегирад. Ҳамчунин, истеҳсоли зарфҳои пластикӣ ба миқдори 400 ҳазор қуттӣ дар як сол ба рушди саноат заминаи воқеӣ мегузорад. Аз нигоҳи дигар, равғани истеҳсолии «Ганҷи деҳа» дар марҳилаи аввал имкон фароҳам меорад, ки бозорҳои дохилиро таъмин карда, оянда ба содироти равғани хушсифати растанӣ ба хориҷи кишвар муваффақ гарданд.

ҶДММ «Ганҷи деҳа» дар ноҳияи Дӯстӣ дар майдони 76 гектар хоҷагии ёрирасон дошта, ашёи хомро аз хоҷагиҳои кишоварзии ҳудуди ноҳияи Дӯстӣ ва атрофи он дастрас менамояд ва ҳангоми коркард талаботи меъёрҳои стандартҳои давлатиро ба инобат мегиранд. Дар мисоли густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон бо давлати Россия истеҳсолот дар ин корхона рушд хоҳад кард.

Дар оянда мақсад доранд, ки корхонаи истеҳсоли собун ва дигар иншооти ёрирасонро ба роҳ монда, дар рушди саноат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ бо ворид кардани таҷҳизоту дастгоҳҳои муосир ва технологияи навин саҳми арзандаи хешро гузоранд. Дар ин ҷода роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ ёрирасони соҳибкорони бонангу номуси ватанӣ мебошад.

Аскаралӣ Соҳибназарзода,
муовини директори МСМС ва НС-и вилояти Хатлон

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2