Зеҳн

Тариқи корбурди нуқтаҳои савдо

АГ
Агенти Зеҳнӣ18 ноябри 2026 · 2 дақиқа хондан

Барои пешбурди рӯзгор дар ҳама давру замон савдо яке аз воситаҳои асосии пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб меравад ва ин соҳа мисли дигар равандҳои ҳаёт вобаста ба пешрафти зиндагӣ ҳамавақт низоми муайяни худро дорад. Аз ҷумла, дар давраи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон шакл ва мазмуни савдо дар василаи падид омадани як қатор омилҳои нави иқтисоди бозоргонӣ, инкишоф ёфтани савдои озод ва ривоҷ ёфтани тиҷорати тарафайн бо тамоми кишварҳои олам хеле тағйир ёфт ва вобаста ба ин низоми савдо низ ба дигаргуниҳо дучор омад.

Дар шароити имрӯза тариқи корбурди тамоми нуқтаҳои савдо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қонуну қоидаҳои муқарраргардида мураттаб ёфта, талаботи умумии корбурди нуқтаҳои савдо, тариқи қабул, нигаҳдошт ва ба фурӯш баровардани молу маҳсулот, қоидаҳои асосии фурӯш, ҳамчунин муошират бо мизоҷону харидорон, риояи талаботи санитарӣ, тариқи нархгузорӣ, назорати ҳатмӣ ба кори нуқтаҳои савдо, уҳдадориҳои асосии роҳбарон ва дигар кормандони нуқтаҳои савдо ва ин амсолро дар бар мегирад.

Вобаста ба ин, шакли коргузорӣ ва чунин тартибот муайянсозандаи тартибу низоми асосии савдо, инчунин ҳалкунандаи масоили гуногуни ин соҳа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Вазифаи асосии нуқтаҳои савдо, пеш аз ҳама, қонеъ намудани талаботи истеъмолкунандагон бо молу маҳсулоти ба стандарту меъёрҳои муқарраргардида ҷавобгӯ ва аз кормандону фурӯшандагон маданияти баланди хизматрасониро пайваста тақозо менамояд. Ҳамчунин, кормандони соҳаи савдо вазифадоранд, ки барои таъмини молу маҳсулоти ниёзи мардум ва гардиши молу пешрафти иқтисодиёти мамлакат саҳми назаррас гузоранд.

Бо дарназардошти ин гуфтаҳо, тариқи хизматгузории савдо, ки тӯли ҳазорсолаҳо дар раванди ҳаёти мардуми мо сайқал ёфта, ҳамзамон ифшогари яке аз ҷабҳаҳои маданият ва ҳуввияти миллӣ мебошад, аз ҳамаи кормандони нуқтаҳои савдо, хосса тоҷирону соҳибкорон ва фурӯшандагон одоби баланд, маданияти миллӣ, нигоҳдошти низоми мураттабу риояи дурусти қоидаҳои ин соҳаи муҳимро пайваста талаб менамояд. Зеро нуқтаҳои савдо дар баробари хизматгузорӣ, инчунин макони фазл, даргоҳи оромиши рӯҳу тан ва ҷойи баланд бардоштани сатҳи тарбияи маънавӣ низ ба ҳисоб меравад.

Бо ворид гардидан ба нуқтаҳои савдо ва мушоҳидаи муомилаву корбурди фурӯшандагону хизматгузорон мизоҷон зуд дармеёбанд, ки дар он макон тариқи хизматгузорӣ ва маданияти савдо дар кадом сатҳ аст. Риоя намудани қоидаҳои савдо ва тариқи хизматгузории баланду нигаҳдории низоми соҳа муҳимтарин василаи пешбурди кор дониста мешавад.

Мувофиқи муқаррарот, бояд дар даромадгоҳи ҳар як мағоза, дар овезаи меъёрии орододашуда бо ҳарфҳои хоно номи мағоза, номи ширкати ба ӯ тааллуқдошта, расм ё манзараи мувофиқ ба он насб гардонида шуда, ҳамчунин реҷаҳои корӣ муайян гардида бошад.

Бояд дохили бинои ҳар як нуқтаи савдо ҳамавақт тоза, дилкаш ва мувофиқи қоидаву низом ороишёфта бошад ва молу маҳсулот ба назари харидор пурра аёну нархномаҳо борчасп шуда бошанд. Дар ҳама нуқтаҳои савдо бояд ҳатман кассаҳои махсуси дорои ҳисобкунакҳои электронии замонавӣ насб гардида, ба ҳар як харидор чиптаи (чек) хоссаи хариди молҳо пешниҳод карда шавад.

Парвиз МУҲИБОВ,
сардори Нозироти савдои Агентии Тоҷикстандарт

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2