Баррасии тавзеҳоти стандартҳои байналмилалии маҳсулоти кишоварзӣ
Санаи 9-10 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи 7-уми гурӯҳи кории Осиёи Марказӣ оид ба мутобиқгардонии стандартҳои байналмилалии сифат дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки дар кори он муовини директори Агентии Тоҷикстандарт Малоҳат Рустамзода ба ҳайси намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуд.
Дар ҷаласаи навбатӣ гурӯҳҳои кории миллӣ дар доираи амалисозии лоиҳаи «Ҳамгироии минтақавӣ ва таҳкими иқтидор барои баланд бардоштани рақобатнокии корхонаҳои хурду миёна дар агробизнес ва савдо дар Осиёи Марказӣ – CANDY-V» ва лоиҳаи Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид «Мусоидат ба савдо дар Осиёи Марказӣ» таъсис дода шуда, аъзоён аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон иштирок намуданд.
Дар оғози ҷаласа ҳисоботи масъулин аз натиҷаи фаъолияти гурӯҳҳои кории миллӣ дар давоми солҳои 2022–2023 дар самти таҳияи стандартҳои сифати маҳсулоти кишоварзӣ (меваҳои тару тоза ва хушк), стандартҳои бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ (GLOBAL G.A.P.), муқаррар кардани ишораи ҷуғрофии маҳсулот ва дигар масъалаҳо вобаста ба ин самт баррасӣ гардиданд.
Ҳамзамон, дар аснои баррасии масъалаҳо оид ба тавзеҳоти таҳияшуда аз ҷониби гурӯҳҳои корӣ дар робита ба стандартҳои меваҳои хушк (DDP) – барои чормағз, мағзи чормағз, донаи зардолуи хушк, хурмои хушк ва меваҳои тару тоза (FFV) – аз қабили шафтолу, бутамеваҳо ва нок барои иштирокчиён маълумот дода шуд.
Баъдан иштирокчиён самтҳои нави кори гурӯҳҳоро муайян сохта, масъалаҳои мукаммалгардонии фаъолияти онҳоро дар робита ба расмиёт ва раванди таҳияи стандартҳо, мувофиқасозӣ ва таҳияи тавзеҳот доир ба стандартҳо мавриди баррасӣ қарор дода, фикру пешниҳоди мушаххасро ироа намуданд.
Дар аснои баррасии масъалаҳо оид ба таҳияи стандартҳои нави сифати маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили меваи хуч, карам ва себҳои навъи «Апорт», «Сиверс» масъалагузорӣ шуд. Дар раванди баррасии ин масъала, инчунин, бозомӯзии мутахассисон ва расонидани кумаки техникӣ дар байни давлатҳои аъзо, оид ба ҳамкориҳо бо шарикони рушд ҷиҳати таҳияи тавзеҳоти стандартҳои таҳияшуда изҳори назар карда шуд.
Бояд қайд кард, ки пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати ба инобат гирифтани навъҳои гуногуни хучи хушк (шиповник), ки дар ҷумҳурӣ парвариш карда мешавад, аз тарафи гурӯҳи корӣ қобили дастгирӣ шуморида шуд. Ҷиҳати таҳияи лоиҳаи стандарти мазкур дар сатҳи минтақавӣ ва мувофиқа намудани он бо Созмони Милали Муттаҳид (КИА СММ) таклифу пешниҳод карда шуд.
Дар анҷоми қисмати аввали ҷаласаи навбатӣ дар робита ба фаъолгардонӣ ва рушди иқтидори Гурӯҳҳои кории миллии Осиёи Марказӣ масъалагузорӣ шуда, дар ин самт оид ба кумаки молиявӣ ҷиҳати иштироки онҳо дар ҷаласаҳои Комиссияи иқтисодии Аврупоии Созмони Милали Муттаҳид (КИА СММ) оид ба таҳияи стандартҳои кишоварзӣ ва семинарҳои омӯзишӣ пешниҳоди мушаххас аз ҷониби иштирокчиён ироа гардид.
Дар идомаи ҳамоиш, ки санаи 10 октябр доир гардид, тибқи нақша дар робита ба шароити ҷорӣ намудани стандартҳои бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ (GLOBAL G.A.P.) дар давлатҳои Осиёи Марказӣ масъалагузорӣ шуда, дар ин робита маълумоти гурӯҳҳои кории миллӣ шунида шуд.
Бояд қайд кард, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ шароити мусоид барои ҷорӣ намудани ин таҷрибаи муносиб дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ тибқи стандарти бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ (GLOBAL G.A.P.) мавҷуд аст. Стандарти GLOBAL G.A.P. – ин стандарти шинохтаи байналмилалӣ мебошад, ки таҷрибаи муносиби кишоварзиро таъмин намуда, ба кафолати сифати баланд ва бехатарии маҳсулот мусоидат менамояд. Яъне ҷорӣ намудани ин стандарт кафили таъмини бехатарии маҳсулоти кишоварзӣ барои истеъмолкунандагон, инчунин мусоидат ба рушди содироти он ба хориҷи кишвар мебошад.
Дар анҷоми ҷаласа доир ба мукаммалгардонии иқтидор оид ба пешбурди маҳсулоти содиротӣ ва азхудкунии бозорҳои нав (муқаррар кардани ишораи ҷуғрофии маҳсулот) масъалагузорӣ карда шуд. Бояд тазаккур дод, ки дар марҳилаи нави лоиҳаи мазкур масъалаҳои пешбурди маҳсулоти кишоварзӣ (муқаррар кардани ишораи ҷуғрофии маҳсулот) ва талабот ба бехатарии озуқавории онҳо мавриди корбарӣ қарор дода мешавад.
Дар маҷмӯъ, дар баробари таҳияи стандартҳо муқаррар кардани ишораи ҷуғрофӣ ҷузъиёти муҳимтарини маҳсулоти содиротӣ ба ҳисоб меравад, зеро ишораҳои ҷуғрофӣ ин аломатест, ки молро ҳамчун аз ҳудуди кишвар ё минтақа ва ё маҳал тақсимот мекунад, ки дар он сифати он ва тавсифҳои дигари мол то андозае бо пайдоиши ҷуғрофӣ алоқаманд аст.
Лозим ба зикр аст, ки иштирок дар ҷаласа ва бардошт аз таҷрибаю малакаи иштирокчиён ҷиҳати минбаъд вобаста ба таҳияи стандартҳои маҳсулоти кишоварзӣ ва бе монеа роҳ ёфтан ба бозори ҷаҳонӣ, дар ин замина тақвият додани рушди содирот дар ҳамкорӣ бо ташкилоти байналмилалии соҳа мусоидат менамояд.




