Зеҳн

Хобгоҳи интернати наздимактабии шаҳри Роғун ба номи Давлатзода Саида мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд

АГ
Агенти Зеҳнӣ18 ноябри 2026 · 2 дақиқа хондан

Ғамхорӣ нисбат ба ятимону бепарасторон ва фарзандони оилаҳои камбизоат дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи махсус дошта, барои беҳтар намудани шароити таҳсил ва зиндагии онҳо пайваста тадбирҳои зарурӣ ва самарабахш андешида мешавад.

Дар замони соҳибистиқлолӣ дар баробари дигар муассисаҳои таълимӣ, шароити таҳсил ва будубоши тарбиятгирандагон дар мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим бо дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беҳтару хубтар карда мешавад.

Ҷавонону наврасони ятим худро ҳаргиз бесаробон ҳис накарда, бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу осоиши мамлакат, илму ҳунар омӯхта, дар шукуфоии аз ин ҳам бештари Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми босазо мегузоранд.

Таҷрибаи рушди ҳамкорӣ бо соҳибкорони ватандӯст нишон медиҳад, ки дастгирии ин сиёсати Роҳбари давлат ва ёрии беғаразонаи онҳо ба соҳаи маориф ба болоравии сатҳу сифати таълим мусоидати фаъол менамояд.

17 октябр дар доираи дастуру ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамзамон дар доираи нақшаи чорабиниҳои ободонию созандагии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯчаи Муҳриддин Ҳафизови Ҷамоати шаҳраки Оби Гарми шаҳри Роғун, бо иштироки вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун, директори Агентии Тоҷикстандарт Абдулваҳҳобзода Темурҷон, раиси шаҳри Роғун Саидзода Сунъатулло, фаъолони шаҳр, собиқадорони соҳаи маориф ва дигар шахсони расмӣ Хобгоҳи интернати наздимактабии шаҳри Роғун ба номи Давлатзода Саида, ки аз ҷониби соҳибкор Давлатов Шерзод бунёд карда шудааст, дар фазои идона мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Иншооти мазкур аз 14 ҳуҷраи хоб, 56 кат барои 112 нафар, ошхона бо ҳуҷраҳои ёрирасон, китобхона, толори маҷлисгоҳ барои 120 нафар ҷойи нишаст, синфхонаҳои компютерӣ, толори варзишӣ, 6 адад ҳоҷатхона ва ҳамом, утоқи ҳамшираи тиббӣ бо 5 утоқи корӣ, майдончаи солимгардонӣ, маркази гармидиҳии бо дегхонаи буғӣ ва барқӣ, анбор барои нигоҳдории ангишт ва ҳезум, инчунин дигар инфрасохтори зарурӣ сохта шуда, барои тарбиятгирандагон бо шароити беҳтару замонавӣ муҳайё гардидааст.

Аз ҳама фазилатҳои неки инсонӣ ин таълиму тарбия додани насли инсон аст ва имрӯз ин рисолатро фарзандони бонанги диёр амалӣ намуда, барои ин шароити мусоид фароҳам овардаанд ва бо ин иқдоми шоиставу ватандӯстона ин афроди бонангу номус, ватандӯсту маорифпарвар барои пешрафти ояндаи ҷомеа нақши худро мегузоранд.

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2