Таҷрибаи шаҳри Хуҷанд: намунаи муваффақи кам намудани талафоти неруи барқ

Тибқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, яке аз нишондиҳандаҳои муҳими соҳаи энергетика то 10 фоиз кам намудани талафоти неруи барқ дар шабакаҳои барқӣ мебошад. Ин ҳадаф, аз ҷумла барои баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳои энергетикӣ, беҳтар намудани устувории низоми энергетикӣ ва таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ аҳамияти калидӣ дорад.
Дар шароите, ки талабот ба неруи барқ сол то сол афзоиш меёбад ва густариши инфрасохтори энергетикӣ маблағгузории назаррасро талаб мекунад, кам намудани талафоти неруи барқ ба яке аз роҳҳои самараноки баланд бардоштани иқтидори воқеии низоми энергетикӣ табдил меёбад. Зеро ҳар як киловатт-соат неруи барқе, ки аз талафот ҳифз мегардад, дар асл баробари истеҳсоли иловагии неруи барқ мебошад.
Бо мақсади расидан ба ин нишондиҳанда, аз ҷониби Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамоҳангӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ҷалби шарикони рушд як қатор чораҳои амалӣ андешида шуда истодаанд. Яке аз муҳимтарин тадбирҳо татбиқи лоиҳаҳои махсуси кам намудани талафоти неруи барқ дар шабакаҳои тақсимоти барқ мебошад.
Таҷрибаи аввалини муваффақ – лоиҳа дар вилояти Суғд
Лоиҳаи кам намудани талафоти неруи барқ дар вилояти Суғд, ки шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд ва як қисми ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро дар бар мегирифт, бори аввал дар низоми собиқ Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» амалӣ гардид.
Дар доираи ин лоиҳа низоми муосири назорат ва ҳисоби неруи барқ ҷорӣ гардида, ҳисобкунакҳои электронии интеллектуалӣ насб карда шуданд. Ин тадбирҳо имкон доданд, ки назорат аз болои истеъмол ва тақсимоти неруи барқ ба сатҳи нав бардошта шавад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки то татбиқи лоиҳа сатҳи умумии талафоти неруи барқ дар минтақаи фарогири он 18,5 фоизро ташкил медод. Пас аз татбиқи механизмҳои нави идоракунӣ ва назорати ҳисобкунакҳо, ин нишондиҳанда ба 7-8 фоиз коҳиш ёфт. Яъне, талафот қариб 2,5 маротиба кам гардид, ки ин натиҷаи назаррас барои низоми тақсимоти барқ ба ҳисоб меравад.
Ҳамзамон, сатҳи ҷамъоварии маблағ барои неруи барқ ба 100 фоиз расонида шуд, ки ин нишондиҳандаи муҳими беҳтар гардидани интизоми пардохтҳо ва шаффофияти молиявӣ мебошад.
Самаранокии иқтисодӣ ва идоракунии рақамӣ
Яке аз дастовардҳои муҳими лоиҳа татбиқи низоми автоматикунонидашудаи баҳисобгирӣ ва назорат мебошад. Ҷамъоварии маблағ тавассути «Низоми ягонаи қабули пардохтҳо»-и КВД БА ҶТ «Амонатбонк» ба роҳ монда шуда, он бо низоми биллингӣ ба таври автоматӣ ва дар реҷаи вақти воқеӣ мубодилаи маълумот анҷом медиҳад.
Ин раванд як қатор мушкилоти қаблиро бартараф намуд:
- вобастагии ҷамъоварии маблағ аз фаъолияти нозирон аз байн рафт;
- имкониятҳои пайдоиши талафоти тиҷоратии неруи барқ ва ҳолатҳои ғайриқонунӣ коҳиш ёфтанд;
- шаффофияти ҳисоббаробаркунӣ баланд гардид.
Дар натиҷа, зарурати нигоҳ доштани шумораи зиёди нозирон аз байн рафт. Агар пеш аз татбиқи лоиҳа 97 нафар нозирон ва назоратчиён фаъолият мекарданд, пас аз ҷорӣ гардидани низоми рақамӣ танҳо 7 нафар мутахассисони техникӣ барои назорати таҷҳизоти насбшуда ҷалб гардиданд.
Ин тағйирот боиси коҳиш ёфтани хароҷоти маъмурӣ ва маош, инчунин дигар пардохтҳои марбут гардид, ки самаранокии иқтисодии лоиҳаро боз ҳам бештар намуд.
Сармоягузории байналмилалӣ ва аҳамияти таҷрибаи лоиҳа
Лоиҳаи кам намудани талафоти неруи барқ дар вилояти Суғд дар солҳои 2012-2017 бо дастгирии шарикони рушд, аз ҷумла Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, Бонки аврупоии сармоягузорӣ ва Иттиҳоди Аврупо татбиқ гардид. Ҳаҷми умумии маблағгузории он 35,8 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод.
Дар доираи лоиҳа 80 128 ҳисобкунаки электронии интеллектуалӣ насб карда шуданд, ки онҳо асоси низоми муосири идоракунии истеъмоли неруи барқро ташкил медиҳанд.
Таъсири техникӣ ба устувории шабакаҳои барқ
Натиҷаҳои мусбии лоиҳа танҳо ба нишондиҳандаҳои молиявӣ маҳдуд намешаванд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки татбиқи он ба беҳтар шудани вазъи техникии шабакаҳои барқ низ таъсири назаррас расонидааст. Аз ҷумла:
- шумораи садамаҳо дар дастгоҳҳои тақсимоти барқ, хатҳои ҳавоӣ ва кабелӣ ба маротиб кам гардид;
- эътимоднокии таъмини неруи барқ ба муштариён баланд шуд;
- шикоятҳои аҳолӣ вобаста ба сифати неруи барқ ва фаъолияти шабакаҳо ба таври назаррас коҳиш ёфтанд.
Нақши зеристгоҳҳои нав дар баланд бардоштани сифати барқ
Дар доираи лоиҳа ҷиҳати рушди инфрасохтори энергетикӣ ду зеристгоҳи барқии нав ба истифода дода шуд, ки ба беҳтар шудани вазъи таъминоти барқ мусоидат намуд. Аз ҷумла:
- ба истифода додани зеристгоҳи «Ваҳдат» имкон дод, ки сербории зеристгоҳҳои «Новая», «Хуҷанд» ва «Заречная» коҳиш ёбад;
- сохтмони зеристгоҳи «Темурмалик» боиси камбор гардидани зеристгоҳҳои «Южная», «Авитсена», «Сентралная», «Новая» ва «Заречная» гардид.
Дар натиҷа:
- сифати неруи барқ дар хатҳои шиддати миёна беҳтар гардид;
- шумораи садамаҳо дар хатҳои 6-10 кВ тадриҷан кам шуд;
- эътимоднокии фаъолияти шабакаҳои барқӣ баланд гардид.
Таҷрибаи татбиқи лоиҳаи кам намудани талафоти неруи барқ дар вилояти Суғд нишон медиҳад, ки истифодаи технологияҳои муосир, рақамикунонии низоми баҳисобгирӣ ва идоракунии самараноки шабакаҳои тақсимотӣ метавонад ба таври назаррас талафоти неруи барқро коҳиш диҳад.
Натиҷаҳои бадастомада, аз ҷумла коҳиши зиёда аз дукаратаи талафот, ҷамъоварии пурраи маблағ ва беҳтар гардидани сифати таъминоти барқ, нишон медиҳанд, ки ин таҷриба метавонад ҳамчун модели намунавӣ барои татбиқ дар дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар истифода гардад.
Татбиқи чунин лоиҳаҳо на танҳо ба иҷрои ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мусоидат мекунад, балки барои баланд бардоштани самаранокии соҳаи энергетика, беҳтар намудани хизматрасонӣ ба аҳолӣ, таъмини амнияти энергетикӣ ва рушди устувори иқтисоди миллӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Маврид ба зикр аст, ки дар кишвар чунин лоиҳаҳо, аллакай, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияи Синои шаҳри Душанбе татбиқ шудааст. Илова бар ин, як қатор лоиҳаҳои дигари кам намудани талафоти неруи барқ дар марҳилаи амалишавӣ қарор доранд, ки татбиқи онҳо метавонад ба таври назаррас самаранокии фаъолияти шабакаҳои барқии кишварро боз ҳам баланд бардорад.




