Таҷдиди НБО «Норак»: навсозии қалби низоми энергетикии Тоҷикистон

Дар гидроэнергетикаи ҷаҳон неругоҳҳое мавҷуданд, ки рамзи як давраи пурраи рушди энергетикаро таҷассум менамоянд. Неругоҳи барқи обии «Норак» аз ҷумлаи чунин иншоотҳост. Иншооти мазкур дар дарёи Вахш бунёд гардида, дар охири солҳои 70-уми асри гузашта пурра ба истифода дода шудааст ва тули даҳсолаҳо ҳамчун бузургтарин манбаи истеҳсоли неруи барқ дар Тоҷикистон ва яке аз пуриқтидортарин неругоҳҳои барқи обии Авруосиё боқӣ монд.
Имрӯз дар НБО «Норак» таҷдиди пурра амалӣ шуда истодааст, ки яке аз бузургтарин лоиҳаҳои навсозии инфрасохтори гидроэнергетикӣ дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Иваз намудани гидроагрегатҳо, ҷорӣ намудани системаҳои идоракунии рақамӣ ва баланд бардоштани самаранокии таҷҳизот имкон медиҳанд, ки неругоҳ ба сатҳи нави технологӣ барояд ва нақши калидии худро дар тавозуни энергетикии минтақа нигоҳ дорад.
Таърихи бузургтарин неругоҳи барқи обии минтақа
Аввалин гидроагрегати неругоҳ 15-уми ноябри соли 1972 ба истифода дода шуда, агрегати охири он, яъне агрегати №9 соли 1979 мавриди баҳрабардоӣ қарор гирифтааст. Дар ибтидо иқтидори лоиҳавии неругоҳ 2700 МВт-ро ташкил медод, аммо баъди навсозии гидроагрегатҳо дар соли 1988 он то 3000 МВт зиёд карда шуд.
Тули даҳсолаҳо НБО «Норак» то 75 фоизи тамоми истеҳсоли неруи барқи Тоҷикистонро таъмин намуда, яке аз иншоотҳои стратегии энергетикаи миллӣ ба ҳисоб меравад. Истеҳсоли миёнаи солонаи лоиҳавии неругоҳ 11,2 миллиард кВт·соатро ташкил медиҳад, ки онро ба бузургтарин иншооти гидроэнергетикии кишвар табдил медиҳад.
Сабабҳо ва вазифаҳои таҷдид
То оғози навсозӣ таҷҳизоти асосии неругоҳ зиёда аз 50 сол истифода шуда, муҳлати баҳрабардории лоиҳавии худро ба таври назаррас гузашта буд. Аз ин рӯ, қарор дар бораи гузаронидани таҷдиди васеъ қабул гардид, ки ивазкунии пурраи унсурҳои калидии гидроагрегатҳо, генераторҳо ва системаҳои ёрирасонро дар бар мегирад.
«Агрегати якуми неругоҳ беш аз 50 сол, агрегати охирин бошад зиёда аз 47 сол фаъолият кардааст. Имрӯз амалан ивазкунии пурраи таҷҳизот – аз чархҳои кории турбинаҳо то генераторҳо ва системаҳои ёрирасон идома дорад», – иброз дошт директори неругоҳ Фазлиддин Шоиддинов.
Ҳадафи асосии навсозӣ баланд бардоштани иқтидори агрегатҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ ва зиёд кардани эътимоднокии кори неругоҳ мебошад.
Навсозии технологии неругоҳ
Яке аз унсурҳои калидии бозсозӣ насби таҷҳизоти муосири гидроэнергетикӣ мебошад, ки ба стандартҳои аврупоӣ ва байналмилалӣ мутобиқ аст. Ба гуфтаи мутахассисони неругоҳ, навсозӣ қариб ҳамаи системаҳои технологии неругоҳро фаро мегирад.
«Гидроагрегатҳо ва таҷҳизоти нави электротехникӣ ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ буда, эътимоднокии кори неругоҳро ба таври назаррас баланд мебардоранд. Баланд шудани коэффисиенти кори фоиданоки (ККФ) турбинаҳо ва генераторҳо имкон медиҳад, ки захираҳои об самараноктар истифода шуда, устувории низоми энергетикӣ тақвият ёбад», – мегӯяд сармуҳандиси НБО «Норак» Маҳмадамин Маҳмадсаидзода.
Аз ҷумлаи тағйироти муҳими технологӣ:
- зиёд намудани иқтидори турбинаҳо ва генераторҳо;
- ҷорӣ намудани танзимкунии рақамии турбинаҳо;
- навсозии системаи ангезиши (система возбуждения) генераторҳо;
- ҷорӣ намудани дастгоҳҳои микропротсессории ҳимояи релеӣ;
- автоматикунонии системаҳои мониторинги таҷҳизот.
Афзоиши иқтидор ва самаранокӣ
Таҷдид баланд бардоштани иқтидори ҳар як гидроагрегатро пешбинӣ мекунад. Агар қаблан иқтидори турбина 341 МВт бошад, пас баъди навсозӣ он ба 379 МВт мерасад, дар ҳоле ки иқтидори генератор аз 335 МВт то 375 МВт зиёд мешавад. Коэффисиенти кори фоиданоки турбинаҳо аз 94,5% то 96,2% ва генераторҳо аз 98,2% то 98,8% зиёд мегардад.
«Иқтидори гидроагрегатҳо аз ҳисоби зиёд шудани фишор ва ҳаҷми масрафи об тавассути турбинаҳо, инчунин бо роҳи такмил додани сохтори таҷҳизот зиёд мешавад», – мегӯяд муовини сармуҳандиси неругоҳ Анвар Киромадинов.
НБО «Норак» дар рақамҳо
- 3000 МВт – иқтидори лоиҳавии неругоҳ
- 3375 МВт – иқтидори неругоҳ баъди анҷоми таҷдид
- 9 гидроагрегат – дар толори мошинҳо
- 375 МВт – иқтидори ҳар як агрегат баъди таҷдид
- 11,2 млрд кВт·соат – истеҳсоли миёнаи солонаи лоиҳавӣ
- 12,6 млрд кВт·соат – истеҳсоли миёнаи солона баъди таҷдид
- 300 м – баландии сарбанд
- 1972 – ба кор даромадани агрегати аввал
- 1979 – ба кор даромадани агрегати охир
- +40 МВт – афзоиши иқтидори ҳар як агрегат
- 96,2% – ККФ турбинаи нав
- 98,8% – ККФ генератори нав
Рақамисозӣ ва автоматикунонии идоракунӣ
Яке аз унсурҳои муҳими таҷдид рақамикунонии кори неругоҳ мебошад. Системаи муосири автоматии идоракунии равандҳои технологӣ бо усули сесатҳа сохта шуда, имкониятҳои зеринро фароҳам меорад:
- мониторинги таҷҳизот дар вақти воқеӣ;
- ташхиси ҳолати агрегатҳо;
- назорати ҳарорат ва ларзиш;
- таҳлили нишондиҳандаҳои технологӣ.
Системаи автоматӣ имкон медиҳад, ки тасвири муфассали фаъолияти неругоҳ мушоҳида ва ҳолатҳои эҳтимолии садама пешгирӣ карда шаванд.
Таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Норак» имкониятро барои фаъолияти васеи рақамӣ фароҳам меорад:
- Системаи сесатҳаи автоматикунонидашудаи идоракунии равандҳои технологӣ (АСУ ТП): таҷҳизоти муосири идоракунӣ ҷамъоварии маълумотро аз тамоми гиреҳҳои технологӣ ва таҷҳизоти неругоҳ таъмин менамояд.
- Системаи мониторинги SCADA: имкон медиҳад нишондиҳандаҳои кори таҷҳизот дар реҷаи вақти воқеӣ назорат ва таҳлил карда шаванд.
- Ҳимояи релеии микропротсессорӣ: терминалҳои такрорӣ интихобнокӣ (селектив) ва эътимоднокии муҳофизати блокҳои энергетикиро баланд мебардоранд.
- Танзимгарҳои рақамии турбинаҳо: имкон медиҳанд сарфи об оптимизатсия гардида, иқтидори гидроагрегатҳо самаранок танзим карда шавад.
- Дастгоҳи марказии автоматикунонидашудаи идоракунӣ: кормандони навбатдор оғоз ва қатъи кори агрегатҳоро тавассути интерфейсҳои компютерӣ идора мекунанд.
- Таҳлили пешгӯишаванда: система ларзиш, ҳарорат ва нишондиҳандаҳои электрикии таҷҳизотро таҳлил намуда, ҳолатҳои эҳтимолии садамаро пешакӣ муайян ва пешгирӣ мекунад.
Технологияҳои таҷдиди НБО «Норак»
- Гидротурбинаҳои нав: иқтидори баланд ва гидродинамикаи такмилёфтаи чархи корӣ имкон медиҳанд, ки бо истифодаи ҳамон ҳаҷми захираҳои об истеҳсоли неруи барқ афзоиш ёбад.
- Гидрогенераторҳои муосир: иқтидори агрегатҳо то 375 МВт зиёд карда шуда, коэффисиенти кори фоиданоки генераторҳо ба 98,8% мерасад.
- Системаи нави ангезиш: системаҳои компактии тиристорӣ бо хунуккунии ҳавоӣ эътимоднокии кори генераторҳоро баланд мебардоранд.
- Трансформаторҳои қудратии навсозишуда: тавоноӣ ва устувории таҷҳизот нисбат ба сарбориҳои зиёд (перегруз) афзоиш меёбад.
- Дарвозаҳои куравии муосир: барои баланд бардоштани бехатарии гидроагрегатҳо бо гардонандаҳои (приводҳои) бори садамавӣ муҷаҳҳаз гардидаанд.
- Муҳлати хизмати таҷҳизот: захираи кории агрегатҳои нав зиёда аз 40 солро ташкил медиҳад.
Самараи иқтисодии таҷдид
Таҷдиди неругоҳ дорои таъсири назарраси иқтисодӣ мебошад. Баланд шудани иқтидори агрегатҳо ва афзоиши коэффисиенти кори фоиданоки онҳо имкон медиҳад, ки истеҳсоли неруи барқ бидуни сохтмони неругоҳҳои нав зиёд карда шавад. Илова бар ин, ҷорӣ намудани системаҳои муосири ташхис хароҷоти истифодабариро кам намуда, эътимоднокии фаъолияти неругоҳро афзоиш медиҳад. Таҷдид, инчунин, ба рушди иқтидори муҳандисии миллӣ мусоидат мекунад – мутахассисони неругоҳ омӯзиши кор бо таҷҳизоти нав ва технологияҳои муосири истифодабарии неругоҳҳои барқи обиро аз худ менамоянд.
НБО «Норак» дар гидроэнергетикаи ҷаҳон
НБО «Норак» дар таърихи гидроэнергетикаи ҷаҳон ҷойгоҳи махсус дорад. Сарбанди сангу хоки неругоҳ бо баландии 300 метр яке аз баландтарин сарбандҳо дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Таҷрибаи беш аз панҷоҳсолаи истифодабарӣ нишон дод, ки сарбанди НБО «Норак» воқеан яке аз боэътимодтарин сарбандҳои ҷаҳон мебошад. Бесабаб нест, ки соли 2000 дар шаҳри Женева сарбанди «Норак» бо Ситораи тиллоии сифат сарфароз гардида шуд ва соли 2010 дар Ҷумҳурии Мардумии Чин соҳиби сертификати сифат гашт. Қобили зикр аст, ки сарбанди НБО «Роғун» низ бо технологияи монанд бунёд шуда истодааст.
Бо иқтидори лоиҳавии 3000 МВт, НБО «Норак» яке аз бузургтарин неругоҳҳои барқи обии Осиёи Марказӣ боқӣ мемонад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки таҷдиди неругоҳҳои бузурги барқи обӣ яке аз роҳҳои самараноки зиёд намудани истеҳсоли неруи барқ ва дароз кардани муҳлати фаъолияти инфрасохтори энергетикӣ мебошад.
Гидроэнергетика ва рӯзномаи иқлим
Гидроэнергетика дар гузариши ҷаҳонӣ ба энергетикаи «сабз» нақши калидӣ дорад. Беш аз 95 фоизи неруи барқи Тоҷикистон дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мегардад, ки ин нишондиҳандаи баланд кишварро дар сафи давлатҳои дорои низоми энергетикии аз лиҳози экологӣ тоза ва устувор қарор додааст.
Пеш аз оғози навсозии таҷҳизоти асосӣ ва ёрирасон, истеҳсоли миёнасолонаи лоиҳавии НБО «Норак» 11,2 миллиард кВт·соат неруи барқро ташкил медиҳад, ки ин имкон медиҳад дар қиёс ба истеҳсоли неруи барқ дар неругоҳҳои ҳароратӣ партовҳои гази карбон (CO₂) ба таври назаррас коҳиш дода шаванд. Баъди анҷоми пурраи лоиҳаи таҷдид истеҳсоли миёнасолонаи неругоҳ ба 12,6 миллиард кВт·соат мерасад. Баланд шудани самаранокии турбинаҳо маънои истифодаи оқилонаи захираҳои об ва афзоиши истеҳсоли энергияи «сабз»-ро дорад.
НБО «Норак» ва ҳамгироии энергетикии минтақа
Таҷдиди неругоҳ нақши онро дар ташаккули бозори минтақавии неруи барқ дар Осиёи Марказӣ тақвият мебахшад. Аҳамияти махсус ба иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар лоиҳаи «CASA-1000» дода мешавад, ки интиқоли неруи барқро аз Осиёи Марказӣ ба Афғонистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон пешбинӣ мекунад. Дар доираи ин лоиҳа интиқоли то 1300 МВт неруи барқ ба нақша гирифта шудааст, ки қисми назарраси он дар неругоҳҳои барқи обии Тоҷикистон истеҳсол мегардад.
НБО «Норак» ва НБО «Роғун»: пайванди стратегӣ
Рушди НБО «Норак» бо сохтмони НБО «Роғун» – бузургтарин лоиҳаи гидроэнергетикии кишвар, робитаи зич дорад. Ҳар ду неругоҳ дар дарёи Вахш ҷойгир шуда, асоси силсиланеругоҳҳои Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Баъд аз ба истифода додани НБО «Роғун», НБО «Норак»-и таҷдидшуда вазифаи муҳими танзимкунии кори низоми тамоми силсилаи неругоҳҳои барқи обиро иҷро хоҳад кард.
Соли 2025 баъди таҷдид гидроагрегати сеюми НБО «Норак» ба истифода дода шуд. Ду агрегати дигар солҳои 2022 ва 2024 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар фазои тантанавӣ ба кор дароварда шуда буданд. Баъди навсозии се агрегат иқтидори лоиҳавии неругоҳ 120 МВт зиёд гардид.
Ояндаи НБО «Норак» пас аз таҷдид
Баъд аз анҷоми пурраи таҷдид дар неругоҳ заминаи нави технологӣ фароҳам гардида, имкон медиҳад он боз даҳсолаҳои оянда ҳамчун иншооти калидии энергетикии минтақа фаъолият намояд. НБО «Норак» ба як маҷмааи муосири рақамии гидроэнергетикӣ табдил меёбад, ки қодир аст истеҳсоли устувори неруи барқ, мувозинати низоми энергетикӣ ва иштирок дар лоиҳаҳои байналмилалии энергетикиро таъмин намояд.
«Энергетик бояд дараҷаи масъулияти касбии худро хуб дарк намояд. Аз кори устувори неругоҳ фаъолияти корхонаҳо, беморхонаҳо ва иқтисодиёти кишвар вобаста аст», – таъкид дошт директори неругоҳ Фазлиддин Шоиддинов.
Таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Норак» яке аз муҳимтарин лоиҳаҳои инфрасохтории энергетикаи муосири Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Навсозии таҷҳизот, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ ва баланд бардоштани самаранокии гидроагрегатҳо неругоҳро ба як маҷмааи муосири энергетикӣ табдил медиҳад, ки қодир аст истеҳсоли устувори неруи барқро барои даҳсолаҳои оянда таъмин намояд.
Андешаҳои мутахассисон
Маҳмадамин МАҲМАДСАИДЗОДА, сармуҳандиси НБО «Норак»:
«Низоми насбшудаи ангезиш имкон медиҳад, ки шиддати генератор дар ҳолати ба шабакаи барқӣ пайваст набудан ё дар шабакаи ҷудогона истифода шудани он, инчунин тавоноии реактивӣ барои кори мувозӣ бо дигар агрегатҳо дар як низоми энергетикӣ танзим карда шавад».
Алишер АБДУСАЛОМОВ, сардори шуъбаи системаи автоматикунонидашудаи идоракунии равандҳои технологӣ:
«Системаи сесатҳаи автоматикунонии неругоҳ маълумотро аз тамоми гиреҳҳои технологӣ ҷамъоварӣ ва таҳлил менамояд. Ин ба ҳайати навбатдорӣ имконият медиҳад, ки тасвири пурраи кори неругоҳро мушоҳида намуда, ҳолатҳои эҳтимолии садамаро пешгирӣ намоянд».
Анвар ЗАРИПОВ, сардори озмоишгоҳи электротехникӣ:
«Истифодаи технологияҳои рақамӣ имконияти ҷорӣ намудани системаҳои иловагии муҳофизатро фароҳам меорад, ки эътимоднокӣ ва интихобнокии кори гидроагрегатҳо ва тамоми таҷҳизоти неругоҳро баланд мебардорад. Истифодаи терминалҳои микропротсессории муҳофизат амалан эътимоднокии қариб садфоизаи системаро таъмин менамояд. Ҳатто, дар ҳолати аз кор мондани яке аз терминалҳо, системаи муҳофизат тавассути таҷҳизоти эҳтиётӣ фаъолияти худро идома медиҳад».
Фарзона АКРАМХОН, электромонтёри навбатдори дастгоҳи марказии идоракунии неругоҳ:
«Барои ҳар як гидроагрегати нав монитори муосир насб шудааст, ки бо мақсади автоматикунонии раванди ба кор даровардан ва қатъ намудани агрегатҳо, назорати нишондиҳандаҳо ва ҳолати техникии таҷҳизот, ҷамъоварӣ ва нигоҳдории маълумот дар бораи кор, назорати ларзиш ва низоми ҳарорати таҷҳизот пешбинӣ гардидаанд. Ин иқдом шароити кории кормандони навбатдориро ба таври назаррас беҳтар менамояд».
Нигина ҶАБОРОВА, муҳандиси режимҳои шуъбаи истеҳсолӣ-техникӣ:
«Дар НБО «Норак» барои фаъолияти касбии занон дар самтҳои гуногун имкониятҳои васеъ мавҷуданд. Чорабиниҳо оид ба баробарии гендерӣ ва баланд бардоштани савияи дониши кормандон мунтазам гузаронида мешаванд. Муваффақият дар ҳар касб аз хоҳиши шахсӣ барои рушд ва талош ба сӯйи камолоти касбӣ вобаста аст».
Таҳияи Олга РУСЕТСКАЯ




