Зеҳн

Оғози марҳилаи дуюми лоиҳаи сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит

АГ
Агенти Зеҳнӣ18 ноябри 2026 · 2 дақиқа хондан

4-уми апрели соли 2026 дар Ҷамоати деҳоти Чуянгарони шаҳри Ваҳдат маросими оғози корҳои сохтмонӣ ва васлу насб дар доираи марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар Ҷамоати деҳоти Ромит» баргузор гардид.

Татбиқи ин лоиҳа барои беҳтар кардани сатҳи зиндагии аҳолии деҳот, рушди иҷтимоию иқтисодии минтақа, фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкорӣ ва истифодаи самараноки захираҳои маҳаллӣ муҳим аст.

Дар чорабинии мазкур раиси шаҳри Ваҳдат Мирзо Исмоилзода, муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Сафарзода, сафири Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷон Сонг Шик, директори намояндагии Агентии Корея оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон Канг Синг Ҳон, директори генералии ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» Мирзо Маҳмудзода, роҳбарияти ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ», инчунин намояндагони сохторҳои давлатӣ ва сокинони маҳаллӣ иштирок намуданд.

Татбиқи марҳилаи дуюми лоиҳа имкон фароҳам меоварад, то 15 деҳаи Ҷамоати деҳоти Ромит, аз ҷумла деҳаҳои Лошхарв, Сайёд, Хилмарз, Товиши Поён, Лангар, Деҳпир, Сонеҳ, Сорвоғ, Хоҷабӯстон, Варвар, Регак, Хол, Сорбоғи Дарун ва Сорбоғи Даҳана бо неруи барқи доимӣ ва боэътимод таъмин карда шаванд.

Дар доираи татбиқи лоиҳа, иҷрои як қатор корҳои муҳими инфрасохторӣ пешбинӣ шудааст, аз ҷумла:

  • васеъсозии зеристгоҳи барқии 110/20/10 кВ-и «Ромит»;
  • бунёди зеристгоҳи барқии нави 110 кВ-и «Явроз»;
  • сохтмони хатти интиқоли барқи 110 кВ аз зеристгоҳи «Ромит» то зеристгоҳи «Явроз»;
  • кашидани хатҳои ҳавоии барқии 20 ва 10 кВ;
  • насби 28 адад трансформаторҳои 20/0,4 кВ ва 10/0,4 кВ;
  • бунёди шабакаҳои тақсимоти барқи 0,4/0,22 кВ.

Корҳои лоиҳакашӣ аз ҷониби консорсиуми ширкатҳои «БАРС Консалтинг», «ЭЛСИ-Азия Энерго Строй Проект» ва «Аркон» анҷом дода шуд. Паймонкори лоиҳа ширкати ватании ҶСК «Тоҷикгидроэлектромонтаж» мебошад. Маблағгузории лоиҳа аз ҷониби Агентии Корея оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (KOICA) амалӣ мегардад. Мутобиқи нақша, анҷоми пурраи лоиҳа дар соли 2028 дар назар дошта шудааст.

Дар доираи марҳилаи якуми лоиҳаи мазкур зеристгоҳи барқии 110/20/10 кВ-и «Ромит» бунёд гардида, 8-уми октябри соли 2020 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифта буд.

Дар натиҷаи татбиқи марҳилаи аввал, 9 деҳаи минтақа, аз ҷумла Қоху, Девдара, Новаки Поён, Новаки Боло, Пушандоч, Вистан, Дашти Мазор, Ғусғеф ва Пичеф, ки шумораи умумии аҳолии онҳо зиёда аз 3 100 нафарро ташкил медиҳад, бори аввал дар давоми солҳои тӯлонӣ ба неруи барқ дастрасӣ пайдо намуданд.

Татбиқи пайдарпайи марҳилаҳои лоиҳа қадами муҳим дар самти таъмини пурраи аҳолии минтақа бо неруи барқ ва таҳкими низоми энергетикии кишвар ба ҳисоб меравад.

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2