Раванди оби Душанбе ва рӯзномаи ҷаҳонии об: аз Даҳсолаи амали СММ оид ба об то Конфронси захираҳои оби СММ дар соли 2026

Захираҳои об ба яке аз омилҳои калидии рушди устувор, суботи ҷаҳонӣ ва амнияти инсонӣ табдил меёбанд. Бо вуҷуди талошҳои назарраси байналмилалӣ, мушкилоти об таҳти таъсири тағйирёбии иқлим, афзоиши аҳолӣ ва афзудани талабот ба об шиддат мегиранд. Даҳсолаи байналмилалии амали СММ «Об барои рушди устувор» (солҳои 2018-2028) ба як платформаи муҳими сиёсӣ барои сафарбаркунии талошҳои глобалӣ дар соҳаи об табдил ёфт.
Дар ин замина, Раванди оби Душанбе ҳамчун як механизми муҳими таҳкими муколамаи байналмилалӣ, суръат бахшидан ба татбиқи Рӯзномаи амал дар соҳаи об (Water Action Agenda) ва омодагӣ ба чорабиниҳои калидии байналмилалӣ дар соҳаи сиёсати об ташаккул ёфт.
Дар мақола нақши Конфронси 4-уми байналмилалии Душанбе оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (25-28 майи соли 2026) ҳамчун «пули стратегӣ» миёни натиҷаҳои Конфронси оби СММ дар соли 2023 ва омодагӣ ба Конфронси оби СММ дар соли 2026, инчунин дар заминаи омодагӣ ба баррасии натиҷаҳои ниҳоии Даҳсолаи амал дар соли 2028 баррасӣ мешавад.
Об дар рӯзномаи ҷаҳонии рушди устувор
Об дар таъмини рушди устувор ҷойгоҳи марказӣ дорад. Он асоси амнияти озуқаворӣ, рушди энергетикӣ, саломатии ҷамъиятӣ, устувории низомҳои экологӣ ва рушди иқтисодӣ мебошад. Бо дарназардошти аҳамияти бунёдии он, Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи солҳои 2018-2028-ро Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» эълон намуд.
Аз оғоз, ин даҳсола ба як платформаи глобалии сиёсӣ табдил ёфтааст, ки давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ, муассисаҳои молиявӣ, ҷомеаи илмӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро барои баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои об муттаҳид менамояд.
Як қатор қатъномаҳои Маҷмаи Умумии СММ, ки дар доираи Даҳсолаи мазкур қабул шудаанд, ба баланд гардидани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба нақши марказии об дар ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор мусоидат карданд.
Бо вуҷуди ин, сарфи назар аз эътирофи рӯзафзуни аҳамияти об, буҳрони ҷаҳонии об ҳамоно амиқтар мегардад. Миллиардҳо нафар ҳанӯз ҳам ба оби нӯшокии бехатар ва хизматрасониҳои мувофиқи санитарӣ дастрасӣ надоранд. Тибқи арзёбиҳои байналмилалӣ, тақрибан 10 фоизи аҳолии ҷаҳон дар шароити фишори баланд ё ниҳоят шадиди обӣ зиндагӣ мекунанд.
Тағйирёбии иқлим обшавии пиряхҳоро суръат бахшида, давраҳои табиии гидрологиро халалдор мекунад ва пайомадҳои офатҳои табиӣ – селу хушксолиро зиёд менамояд. Ҳамзамон, афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ ба захираҳои маҳдуди оби тоза фишори бесобиқа меоранд.
Ин тамоюлҳо нишон медиҳанд, ки об имрӯз на танҳо масъалаи экологӣ ё иҷтимоӣ, балки яке аз омилҳои муҳимтарини суботи глобалӣ, устувории иқтисодӣ ва амнияти инсонӣ ба ҳисоб меравад.
Ташаккули Раванди оби Душанбе
Дар посух ба ин чолишҳои глобалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои байналмилалиро дар соҳаи об фаъолона пеш мебарад. Дар давоми ду даҳсолаи охир кишвар ташаббускори як қатор иқдомҳо ва қатъномаҳои муҳими Созмони Милали Муттаҳид гардидааст, ки ба таҳкими идоракунии глобалии захираҳои об равона шудаанд.
Яке аз саҳмҳои муҳимтарини Тоҷикистон Раванди оби Душанбе мебошад, ки тадриҷан ба як платформаи муҳими байналмилалӣ барои муколама, ҳамоҳангсозии сиёсат ва ташаккули шарикӣ дар соҳаи об табдил ёфтааст.
Дар ибтидо ҳамчун силсилаи конфронсҳои байналмилалӣ тарҳрезӣ шуда, Раванди оби Душанбе бо гузашти вақт ба як платформаи таъсирбахши ҷаҳонӣ мубаддал гардид, ки ҳукуматҳо, ташкилотҳои байналмилалӣ, ниҳодҳои молиявӣ, ҷомеаи илмӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандиро муттаҳид менамояд.
Ин раванд як қатор вазифаҳои калидиро иҷро мекунад:
- мусоидат ба муколамаи сиёсӣ оид ба масъалаҳои глобалии об;
- ҷалби шарикони байналмилалӣ ва захираҳои молиявӣ;
- дастгирии татбиқи уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи об;
- пешбурди принсипҳои идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об;
- дастгирии ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор, пеш аз ҳама Ҳадафи рушди устувор 6 (SDG 6).
Бо ин роҳ, Тоҷикистон мавқеи худро ҳамчун яке аз ҷонибдорони фаъоли рушди ҳамкориҳои бисёрҷониба дар соҳаи захираҳои об мустаҳкам намудааст.
Конфронсҳои Душанбе – муҳаррики пешбарандаи амалҳои глобалӣ дар соҳаи об
Конфронсҳои байналмилалӣ, ки солҳои 2018, 2022 ва 2024 дар шаҳри Душанбе дар доираи Раванди оби Душанбе баргузор гардиданд, ба ташаккули рӯзномаи ҷаҳонии об саҳми назаррас гузоштанд. Ин конфронсҳо ба майдонҳои муҳим барои баррасии пешрафт дар татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», таҳкими ҳамкорӣ ва таҳияи ташаббусҳои нави байналмилалӣ табдил ёфтанд.
Аҳамияти хоси конфронсҳои Душанбе махсусан дар раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ дар соли 2023 зоҳир гардид, ки он таҳти ҳамраисии Тоҷикистон ва Нидерланд дар шаҳри Ню-Йорк баргузор шуд. Ин ҳамоиш аввалин форуми ҷаҳонии об дар чунин сатҳ дар тули қариб ним асри охир гардид.
Ҳуҷҷатҳои ҷамъбастии конфронси сеюми Душанбе ба Маҷмаи Умумии СММ расман пешниҳод гардида, дар қатъномаҳои муайянкунандаи раванди баргузории Конфронси СММ оид ба захираҳои об дар соли 2026 низ зикр шудаанд. Ин гувоҳи афзоиши нуфузи Раванди оби Душанбе дар ташаккули сиёсати ҷаҳонии об мебошад.
Рӯзномаи амал дар соҳаи об (Water Action Agenda)
Унсури калидии сохтори муосири глобалии ҳамкорӣ дар соҳаи об — Рӯзномаи амал дар соҳаи об (Water Action Agenda) мебошад, ки зимни Конфронси оби СММ дар соли 2023 оғоз гардид. Ин ташаббус ба суръат бахшидан дар ноил шудан ба Ҳадафи шашуми рушди устувор ва дигар ҳадафҳои марбут ба об тавассути сафарбаркунии уҳдадориҳои ихтиёрии давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ, бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ нигаронида шудааст.
Дар доираи Water Action Agenda, Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор уҳдадориҳои мушаххасро ба зимма гирифтааст. Яке аз муҳимтарини онҳо истифодаи Раванди оби Душанбе ҳамчун платформаи глобалӣ барои мониторинг, пешбурд ва суръат бахшидани татбиқи уҳдадориҳои ихтиёрӣ мебошад.
Ҳамин тариқ, платформаи Душанбе ҳамчун механизми муҳими нигоҳ доштани динамикаи ташаббусҳои глобалии об ва таъмин намудани татбиқи амалии онҳо хизмат мекунад.
Имрӯз Раванди оби Душанбе метавонад ҳамчун як механизми нодири байналмилалӣ арзёбӣ гардад, ки иродаи сиёсӣ, иқтидори коршиносӣ ва захираҳои молиявиро барои ҳалли мушкилоти муҳимтарини соҳаи об муттаҳид месозад – аз тағйирёбии иқлим ва таназзули экосистемаҳо то таъмин намудани дастрасии умумӣ ба оби нӯшокии бехатар.
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланди Душанбе
Дар ин замина, Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд дар шаҳри Душанбе оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», ки рӯзҳои 25-28 майи соли 2026 баргузор мегардад, аҳамияти махсус касб менамояд.
Конфронс аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва шарикони байналмилалӣ ташкил карда мешавад. Ҳадафи асосии он суръат бахшидан ба иҷрои вазифаҳои Даҳсолаи байналмилалии амал дар соҳаи об ва мусоидат ба расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор мебошад.
Конфронс чорабинии калидии омодагӣ ба Конфронси СММ оид ба захираҳои об дар соли 2026 ба ҳисоб меравад, ки онро Ҷумҳурии Сенегал ва Амороти Муттаҳидаи Араб муштарак ташкил менамоянд.
Дар ин замина, Конфронси Душанбе барои иҷрои вазифаҳои зерин равона гардидааст:
- ҷамъбасти натиҷаҳои пас аз Конфронси оби СММ (2023);
- суръат бахшидан ба татбиқи уҳдадориҳо дар доираи Water Action Agenda;
- таҳкими шарикӣ дар сатҳи байналмилалӣ ва сафарбарсозии захираҳои молиявӣ;
- таҳияи тавсияҳои нав барои сиёсати ҷаҳонии соҳаи об.
Ҳамин тариқ, конфронс ҳамчун «пули стратегӣ» миёни конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023 ва 2026 хизмат намуда, инчунин дар омодагӣ ба баррасии натиҷаҳои ниҳоии Даҳсолаи байналмилалии амал дар соҳаи об дар соли 2028 саҳми арзанда хоҳад гузошт.
Платформаҳои фарогир ва иштироки ҷонибҳои манфиатдор
Яке аз хусусиятҳои хоси Раванди оби Душанбе фарогирӣ ва бисёрҷониба будани он мебошад. Ба ғайр аз ҷаласаҳои пленарии сатҳи баланд, конфронс як қатор форумҳои мавзуиро дар бар мегирад, ки иштироки гурӯҳҳои гуногуни ҷонибҳои манфиатдорро таъмин менамоянд. Аз ҷумла:
- Форуми ҷавонон;
- Форуми занон;
- Форуми бахши хусусӣ;
- Форуми масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо;
- Майдонҳои мубоҳисавии илмӣ-коршиносӣ ва минтақавӣ.
Ин платформаҳо нишон медиҳанд, ки масъалаҳои об имрӯз на танҳо ҳамчун масъалаи техникӣ, балки ҳамчун омили муҳими адолати иҷтимоӣ, рушди иқтисодӣ, устувории иқлим ва ҳамкории байналмилалӣ баррасӣ мегарданд.
Форуми ҷавонон таъкид мекунад, ки ояндаи идоракунии захираҳои обӣ ба таври назаррас аз насли нав вобаста аст. Форуми занон ба нақши муҳими занон дар таъмини обрасонӣ ва устувории ҷомеаҳои маҳаллӣ диққат медиҳад. Форуми бахши хусусӣ масъалаҳои ҷалби сармоягузорӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ ва рушди механизмҳои устувори маблағгузориро матраҳ менамояд. Ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо, ки манбаи муҳимтарини оби тоза барои бисёр минтақаҳои ҷаҳон ба ҳисоб мераванд, диққати махсус зоҳир карда мешавад.
Модели нави дипломатияи об
Раванди оби Душанбе ташаккули модели нави ҳамкории байналмилалиро дар соҳаи об инъикос менамояд. Дипломатияи анъанавӣ, ки асосан ба ҳамкории байни давлатҳо такя мекунад, тадриҷан бо дипломатияи бисёрсатҳа ва фарогир такмил меёбад, ки дар он ташкилотҳои байналмилалӣ, муассисаҳои молиявӣ, ҷомеаи илмӣ, бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ иштирок менамоянд.
Чунин равиш ба ташаккули модели нави дипломатияи об мусоидат мекунад, ки ба таҳкими эътимод, пешгирии низоъҳо ва рушди ҳамкории байналмилалӣ равона гардидааст. Дар ин замина, об на танҳо ҳамчун объекти идоракунӣ, балки ҳамчун абзори муҳими таҳкими сулҳ, субот ва рушди устувор баромад мекунад.
Бо наздик шудани анҷоми Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», зарурати тезонидани амалҳои глобалӣ дар соҳаи об торафт равшантар мегардад. Конфронси чоруми Душанбе оид ба Даҳсолаи об имконияти саривақтиро барои таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, сафарбар намудани шарикии нав ва суръат бахшидани раванди ноил шудан ба Ҳадафи шашуми рушди устувор фароҳам меорад.
Ин раванд ҳамчун пули пайвасткунанда миёни конфронсҳои оби Созмони Милали Муттаҳид дар солҳои 2023 ва 2026 хизмат намуда, ҳамзамон заминаи Конфронси оби СММ дар соли 2028-ро мегузорад. Раванди оби Душанбе нақши худро ҳамчун ҷузъи муҳими меъмории глобалии ҳамкорӣ дар соҳаи об боз ҳам тақвият медиҳад.
Тавассути ин ташаббус, Ҷумҳурии Тоҷикистон содиқ будани худро ба ҳалли муштараки мушкилоти глобалии об тасдиқ намуда, саъю талош дорад, ки обро ба омили рушди устувор, субот ва шукуфоии инсоният табдил диҳад.
Рустам АБДУЛЛАЕВ,
сардори Раёсати сиёсати энергетикӣ ва захираҳои об, рушди илму техникаи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон




