Андарзи пирони маърифат
Сатҳи ақли инсонро аз саволи додааш мефаҳманд.
Хандаи зебо мисли офтобест, ки вориди хонаи торик гаштааст.
Шамъ барои даргирондани шамъи дигар чизе гум намекунад.
Агар инсон набошӣ, ҳастиат қимате надорад.
Муҳим нест, ки ту дасти маро бигирӣ, муҳим он аст, ки садди роҳам нашавӣ ва пешпоям надиҳӣ...
Замон одамҳоро иваз намекунад. Замон ҳақиқати одамҳоро ошкор мекунад...
Аз қаноат касе намурд ва аз ҳирс касе бой нашуд.
Каъба пулдор не, ошиқ меравад.
Ҳеҷ вақт ҳасрати зиндагии одамонеро, ки аз дарунашон хабар надорӣ, нахӯр! Ҳасодат навъе эътироф ба ҳақир будани хеш аст. Ҳар қалбе дарде дорад, фақат шакли ибрози он фарқ дорад: баъзеҳо онро дар чашмонашон пинҳон мекунанд, баъзеҳо дар лабхандашон.
Хандаро маънӣ ба сармастӣ макун,
Он ки механдад, ғамаш беинтиҳост.
На сафедӣ нишонгари зебоист ва на сиёҳӣ баёнгари зиштист. Кафан сафед, аммо тарсонанда, Каъба сиёҳ, аммо маҳбубу дӯстдоштанист. Инсон бо ахлоқаш санҷида мешавад, на бо зоҳираш. Қабл аз он ки саратро боло бардориву аз нодоштаҳоят аз Худо гила кунӣ, назаре ба поён куну шукри дороиҳоят бикун...




