Таъмини бехатариву сифат
Мардуми кишварамон ба хубӣ дарк намудаанд, ки ҳадафи асосии сиёсати хирадмандонаву бунёдкоронаи Роҳбари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пеш аз ҳама, таъмини аҳолӣ бо зиндагии арзанда, боз ҳам беҳбудӣ бахшидани ҳолати молиявии онҳо ва дар ин замина боло бурдани обрӯву эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалист.
Маҳз дар заминаи фаъолияти босамар ва иҷрои уҳдадориҳои саривақтӣ ба пешравии кишвар ва ҳалли проблемаҳои мубрами замон заминаи мустаҳкам гузошта мешавад. Мавриди қайд аст, ки тайи солҳои охир бо мақсади таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ва дар ин замина назорати бозори истеъмолӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои меъёрии техникии талаботашон ҳатмӣ, яъне регламентҳои техникӣ қабул ва мавриди амал қарор дода шуданд.
Дар самти пешгирӣ намудани истеҳсол ва воридоти маҳсулоти хӯроквории пастсифат ва хатарнок ба бозори истеъмолӣ, аз ҷумла регламентҳои техникии «Тамғагузории маҳсулоти хӯрокворӣ», «Бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ», «Бехатарии гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ», «Бехатарии шир ва маҳсулоти ширӣ», «Бехатарии маҳсулоти шарбатӣ аз меваҳо ё сабзавот», «Бехатарии хӯроки чорво ва иловагиҳои он», «Бехатарии борҷома», «Бехатарии орди гандумии ғанигардонидашуда» ва «Бехатарии маҳсулоти машруботӣ» татбиқ шуда истодаанд.
Регламенти техникӣ номгӯйи ниҳоии талаботи асосиро нисбат ба яке аз объектҳои стандартонӣ дар бар мегирад. Регламентҳои техникӣ ба талаботи техникии риояашон ҳатмии бехатарии маҳсулот, равандҳои коркард, истеҳсол, истифодабарӣ, нигоҳдорӣ, интиқол, фурӯш, коркарди партовҳои он, иҷрои кор ва хизматрасонӣ алоқаманданд. Инчунин, онҳо номгӯй ва ё тавсифи объектҳои бамеъёрдарории техникии алоқамандеро дар бар мегиранд, ки талаботи регламентҳои техникӣ нисбат ба онҳо муқаррар карда мешаванд.
Талаботи техникии риояашон ҳатмӣ метавонанд ҳам бевосита дар матни регламентҳои техникӣ ва ҳам бо роҳи истинод ба ҳуҷҷатҳои дигари меъёрии техникӣ (ё қисми онҳо) ифода карда шаванд. Дар баробари ин, ҳуҷҷатҳои меъёрии техникие (ё қисми онҳо), ки дар регламентҳои техникӣ ба онҳо истинод шудааст, ҳатмӣ ҳисоб мешаванд, зеро онҳо вазъи қисми таркибии регламентҳои техникиро соҳиб мегарданд.
Қобили зикр аст, ки дар қатори дигар мақомоти назоратии давлатӣ дар самти таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ва таъмини дақиқу дурусти ташхиси маҳсулот озмоишгоҳи маҳсулоти хӯроквории МТМ дар шаҳри Ваҳдат фаъолияти густурда дорад. Мусаллам аст, ки ҳама гуна озмоишгоҳ тартиби корбарии худро дорад ва дар ин самт низомнома ва дастурамалҳои махсус таҳия шудаанд. Дар баробари риояи дигар талабот, риояи қоидаҳои бехатарӣ дар вақти кор бо реактивҳо, кислотаҳо, ишқорҳо ва дигар моддаҳои кимиёвӣ дар мадди аввал меистад.
Хотирнишон бояд кард, ки дар самти назорати бозори истеъмолӣ татбиқи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникии талаботашон ҳатмӣ, яъне регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои ба танзим даровардани бозори истеъмолӣ мусоидат намуда истодааст. Дар ин давра назорати бозори истеъмолӣ пурзӯр карда шуда, ҷиҳати ҳимояи он аз истеҳсол ва воридоти молу маҳсулоти пастсифат ва хатарнок чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Мавлон Юсуфзода,
мудири озмоишгоҳи маҳсулоти хӯроквории МТМ дар шаҳри Ваҳдат




