Воситаҳои ченак дар бозорҳо
Дар шароити истеҳсолоти молӣ бозор яке аз асоситарин объекти ба муомилот баровардани маҳсулот ба ҳисоб меравад, зеро барои ҳар моле, ки истеҳсол карда мешавад, василае даркор аст, ки онро ба доираи васеи харидорон ва истеъмолкунандагон пешниҳод карда тавонанд. Дар ин росто, маҳз бозор аст, ки ин талаботро қонеъ мекунад.
Мувофиқи назарияи иқтисодӣ, бозор – ин пеш аз ҳама категорияи мубодила аст. Аз ин ҷо, бозор – ин мубодилаи аз рӯи қонунҳои истеҳсолоти молӣ ва муомилот ташкилшуда, маҷмӯи муносибатҳои муомилоти молӣ ва пулӣ мебошад. Бозор ҳамчун шакли махсуси мубодила ва муомилот унсури ҷудонопазири ҳама гуна системаи мутараққии иқтисодӣ бо муносибатҳои молию пулӣ мебошад. Ҳамин тариқ, бозор узви ногузири истеҳсолоти молӣ буда, бо ҳамаи қонунҳо ва категорияҳои худ амал мекунад (талабот, таклифот, рақобат, вазъи савдо, мувозинатӣ ва ғайра).
Аслан гирем, бозорҳо якчанд намуд мешаванд: махсусгардонидашуда, ки дар он намуди муайяни молу маҳсулот фурӯхта мешавад, бозорҳои универсалӣ-умумӣ, бозорҳои яклухт, бозорчаҳои хурд ва ғайра. Ҳамаи намуди бозорҳо новобаста аз шакли моликият мувофиқи қоидаҳои системаи миллии сертификатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд сертификати мутобиқат ва шаҳодатномаи хизматрасонӣ дошта бошанд, то ки истеъмолкунандагон дар хариди маҳсулот иштибоҳ накунанд. Дар лавҳаи пештоқи бозорҳо ном, мансубият, ҷадвали корӣ, аломатҳои шартии растаҳою рафҳо бо номгӯи маҳсулоти фурӯхташаванда бо забони давлатӣ, инчунин аз рӯи тақозои замон бо дигар забонҳо (русӣ, англисӣ) дарҷ шуда бошанд. Ин агар аз як тараф маданияти бозордориро нишон диҳад, аз дигар тараф ба ривоҷи хариду фурӯш мусоидат менамояд.
Нисбат ба бозорҳо талаботе пешбинӣ шудааст, ки аз сохтмони биноҳои дохили он сар карда то оддитарин хизматрасониро бояд дар бар гирад. Масалан, барои як нафар фурӯшанда чӣ қадар масоҳат муқаррар карда шудааст, кадом намуди маҳсулот (хӯрока, ғайрихӯрока) дар кадом раста, раф фурӯхта мешавад, барои фурӯш кадом таҷҳизотҳои технологӣ (яхдон, об, тарозу, метр ва ғайра) лозиманд, дӯкони фурӯш бояд чӣ гуна муҷаҳҳаз бошад, кадом шароитҳо таъмин карда шаванд, кадом хадамот баҳри таъмини шароитҳо барои деҳқонон (соҳибкорон, фурӯшандаҳо) хизмат менамоянд – ин қабил коргузорию хизматрасониҳо аз омилҳоеянд, ки ба мавҷудияти бозори стандартӣ мусоидат менамоянд.
Талабот оид ба истифодаи воситаҳои ченак дар Стандарти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Хизматрасонӣ дар бозорҳо» таснифот ёфтааст, ки барои иҷрои вазифаҳо оид ба таъмини ченаки ягона ва талаботи ҳатмии саҳеҳии ченак роҳбарияти бозор вазифадор аст, ки мутасаддӣ ва ҷавобгари ин корҳоро таъин намояд.
Вазифаи ҳар роҳбарияти бозор аз он иборат аст, ки воҳидҳо, воситаҳои ченак ва дигар намуд асбобҳоро дар ҳолати хуби технологӣ нигоҳ дорад. Воситаҳои ченаки дар бозор истифодашаванда мувофиқи тартиби муқарраргардида бояд санҷида шаванд. Истифодаи воситаҳои ченаки бозор ва воситаҳои саҳеҳии ченак байни роҳбарияти бозор ва фурӯшанда ба тариқи шартномавӣ (шартномаи иҷоравӣ) сурат мегирад.
Дар ҷойҳои муайяншудаи бинои савдо барои ҳар 15–20 нуқтаи савдо 1-тогӣ тарозуҳои назоратӣ монда мешаванд. Барои дуруст истифода бурдан ва ҳолатҳои санитарии воситаҳои ченак ва дигар асбобҳои ченкунӣ роҳбарияти бозор ҷавобгар аст.
Сайфиддин Сайдалиев,
мутахассиси пешбари Раёсати таъминоти метрологӣ




