Бехатарии консерваҳо – омили беҳдошти саломатии ҷомеа
Новобаста аз фаъолияти коргоҳҳои истеҳсолӣ, бо дарназардошти авзои ҷаҳони муосир ва таъкидҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои захираи ғизои хонаводагӣ, сокинон онро дар шароити хона низ омода месозанд.
Сарфи назар аз он ки чунин маҳсулот дар хона омода карда мешавад ё дар коргоҳҳои истеҳсолӣ, он бояд мувофиқ ба талаботи муқарраргардида омода карда шавад. Хоса тамизкунӣ ва беҳдошти зарфҳо, меваҳо ва сабзавоти тару тозаи интихобшуда аз қоидаҳои асосии раванди консервакунонӣ мебошанд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сабаби заҳролудшавии одамон истеъмоли хӯришҳои консервашуда, аз он ҷумла дар шароити хона тайёргардида, мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сабаби асосии рӯй додани ин ҳолат ҳангоми омода намудани маҳсулот риоя нагаштани талаботи беҳдоштӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ аст.
Консерва хӯрокиест, ки барои дер нигоҳ доштан аз гӯшт, моҳӣ, меваю сабзавот ва ғайра тайёр мекунанд. Барои босифат ва бехатар омода намудани консерваҳо на танҳо технологияи омодасозию нуқтаи истеҳсол, балки интихоби маҳсулоти хушсифат, ҳарорати муайяншуда, ҷои нигоҳдошт, интиқолу борҷомакунӣ, безараргардонии зарфҳои шишагин ва дар раванди кор риояи ҳатмии гигиенаи шахсии кормандон аз шартҳои муҳими иҷрои кор маҳсуб меёбанд. Зеро риоя нагардидани яке аз ин талабот метавонад ба он оварда расонад, ки маҳсулот пеш аз муҳлат сифаташро гум кунад.
Назорати санитарӣ ҳангоми тайёр кардани консервҳо дар истеҳсолот аз муҳимтарин тадбирҳои пешгирии ботулизм мебошад. Зери таъсири ҳарорати баланд (120°C) спораҳои микроб маҳв мегарданд. Азбаски чунин усули безараргардониро дар шароити хона ба амал овардан мумкин нест, консерва кардани гӯшту моҳӣ дар чунин шароит хеле хатарнок аст. Занбӯруғ ва меваю сабзавотро дар шароити хона бо миқдори кофии намаку сирко ва коркарди ҳатмии ҳароратӣ консерва кардан лозим. Консервҳои аз сабзавоту занбӯруғ таҳияшударо ҳамон лаҳза пеш аз истеъмол бо банкаашон дар об гузошта, 10–15 дақиқа ҷӯшонед. Сабзавотҳои майда поракардаро дар шароити хона консерва кардан тавсия намешавад.
Ботулизм заҳролудии шадиди сироятӣ аз хӯрок буда, бинобар аз таъсири ботулотоксин осеб ёфтани мағзи дарозрӯя ва ҳароммағз пайдо мешавад. Он бештар бо бартарии синдроми фалаҷи чашм ва майнаи дарозрӯя ҷараён мегирад. Ҳамагӣ 7 навъи ангезаи ин беморӣ вуҷуд дорад: A, B, C (Cα ва Cβ), D, E, F, G. Онҳо аз ҷиҳати хосияти морфологӣ монанд мебошанд, вале сохтори антигении заҳрашон гуногун аст. Барои инсон хусусан ангезаҳои навъи A, B ва E хавф доранд.
Хотиррасон бояд кард, ки ба ботулизм бештар гирифтор шудани одамон дар Тоҷикистон аз солҳои 70-уми асри XX ибтидо мегирад. Дар беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ соле даҳҳо оила бо ташхиси бемории ботулизм бистарӣ гардонда мешаванд, ки сабаби он истеъмоли консервҳои сабзавотӣ, хусусан боимҷон, бодиринг, занбӯруғ, сир, қаламфур, карам ва монанди инҳо мебошад. Барои пешгирии ин беморӣ ба қоидаҳои тайёр кардани консерва дар хона (хусусан коркарди ҳароратӣ) ва нигаҳдории онҳо қатъӣ риоя кардан лозим аст. Консервҳои сарпӯшашон дамида ва зангзадаро истеъмол кардан мумкин нест.
Ҷиҳати ҳимояи бозори истеъмолӣ аз маҳсулоти пастсифату хатарнок ва ба саломатии аҳолӣ зараровар мутахассисони Маркази ташхисии Тоҷикстандарт дар минтақаи Турсунзода корҳои фаҳмондадиҳӣ, суҳбатҳо, семинару машваратҳо ба таври доимӣ доир мекунанд.
Истеъмолкунандагони азиз! Бо баланд бардоштани маърифати омода ва нигоҳдории консерваҳо худ ва наздиконатонро аз заҳролудшавӣ ва дигар бемориҳо нигоҳ доред. Ҳамчунин, дар беҳдошт ва саломатии ҷомеа бетараф набошед.
Олимшо Баҳодурзода,
муовини сардори МТМ дар шаҳри Турсунзода




