Аз ҳавас то омӯзиши касбии рассомӣ
Зиёвиддин Мирзоев, ки аксарият ӯро чун Зиёвиддини Нақшбанд мешиносанд, зодаи деҳаи Зерҳисори шаҳри Панҷакент мебошад. Ӯ аз хурдӣ шавқи рассомӣ ба дил дошта, баъди хатми мактаби №7-и деҳа барои такмил додани ҳунар ба Омӯзишгоҳи рассомӣ ҳуҷҷатҳои худро месупорад. Ин омӯзишгоҳро соли 1982 хатм карда, барои фаъолият намудан чун рассоми касбӣ пайи ҷустани ҷойи кор мешавад.
Бо ин ҳунари худ дар фабрикаи «Армуғон» фаъолият намуда, сипас ба комбинати хонасозии шаҳри Душанбе меравад ва он ҷо низ бо рангубор ва нақшкашии биноҳо машғул мешавад. Дар баробари ин корҳо, бо Иттиҳодияи нависандагони кишвар ва нашриёти «Ирфон» ҳамчун рассом ҳамкорӣ намуда, ҳунари худро такмил ва ба дигарон муаррифӣ менамояд.
Зиёвиддини Нақшбанд рассомест, ки баъд аз таваққуфи 35-солаи тарки рассомӣ кардан бо усули нав тасвирсозиро омӯхта, имрӯз дар кишвар ягона ҳунармандест, ки аз хӯшаҳои гандум тасвирҳои гуногун омода месозад. Ӯ ба василаи осори рассомии хеш қаҳрамонҳо ва осори таърихии тоҷиконро зинда мегардонад. «Ҳафт хони Рустам», «Маликаи Саразм», «Куруши Кабир», «Ҷӯйи Мӯлиён» ва «Абулқосим Фирдавсӣ» намунае аз тозакориҳои вай аст.
«Оинаи нилгун тамошо доштам ва хабари аз ҷониби сарвари кишвар эълон гардидани «Солҳои рушди деҳот, саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро шунидаму дар дилам аланга ва шодие сар зад. Осемасар пайи ҷустани варақи сафед шудаму қалами мувофиқ наёфтам ва қалами одиро гирифта, сӯйи оина шитофтам ва худро дар он нигоҳ карда, рӯйи авроқи сафед чеҳраи худро тасвир кардам. Баъди анҷоми кор дарк кардам, ки ҳанӯз ҳам вижагиҳои ҳунари худро фаромӯш накардаам. Дар аввал хостам бо ҳунари рассомӣ кори худро шурӯъ кунам, вале фикр кардам, ки рассомон дар кишвар зиёданд ва ин ҳунари ман тафовуте аз дигар рассомон надорад. Ҳар як ҳунарманд бояд навгоние дар санъати худ дошта бошад ва бо он вориди майдони ҳунар гардад», – гуфт ин ҳунарманд.
Ин санъаткор ҳадаф аз омӯзиш ва рушди ҳунари нодири худро дар муаррифӣ намудани фарҳанги таърихии миллати тоҷик тавассути ҳунари нави худ арзёбӣ намуд. Ӯ ба он назар аст, ки навгонӣ дар ҳунарҳои муқаррарӣ бештар таваҷҷуҳи дигаронро ба худ ҷалб месозад ва ин роҳи хубест барои муаррифӣ кардани Тоҷикистон ва арзишҳои миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ.




