Мавқеи зан дар ҷомеа
«Занони бо нангу номус дар оғози истиқлол обрӯ ва шарафи мамлакатро ҳифз намуданд ва ба муқобили ноадолатиҳои ҷомеа мисли гурдофаридҳо ба қиём баромаданд, дар таҳкими давлат ва ваҳдати миллӣ ҳиссаи хешро гузошта, дар мубориза бар зидди афроди тундрав, хурофотпараст ва шахсони дорои ақидаҳои нопок аз худ ҷасорату мардонагӣ нишон доданд ва номуси ватандориро баробари иффати хеш муқаддасу муқаддар ҳифз намуданд».
Эмомалӣ Раҳмон
Имрӯз нақши занон дар ҷомеаи мо ниҳоят муассиру равшан аст. Беҳуда Пешвои миллат ба мақому мавқеи зан дар ҷомеа такя намекунанд, чунки занон ҳам модар, ҳам роҳбаранд ва ҳам дар ҷомеаи муосир мақому мартабаи баланд доранд. Бо қабул гардидани қонун «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» боз ҳам мақоми занҳо дар ҷомеаи мо баландтар гардид ва хушбахтона имрӯз мебинем, ки дар ҳамаи ташкилоту созмонҳои давлативу ғайриҳукуматӣ занону духтарони мо хеле фаъол буда, нақши муҳимро иҷро менамоянд.
Дар баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназир аст. Солҳои охир теъдоди занони мутахассису соҳибтаҷриба дар зинаҳои мухталифи ҳокимият, мақомоти олии қонунгузор, ҳокимияти судиву иҷроия ва тамоми сохтору мақомоти давлативу ҷамъиятӣ торафт афзоиш ёфта, онҳо дар рушду пешрафти самтҳои гуногуни ҷомеа саҳми воқеии худро гузошта истодаанд. Мавриди зикр аст, ки мустақилияти иқтисодии занон ва бо шуғл таъмин будани онҳо яке аз омилҳои асосии баланд бардоштани нақш ва мақоми зан дар ҷомеа маҳсуб меёбад.
Мо, занону бонувони тоҷик, хеле хушбахт ва саодатманд аз он ҳастем, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат ба як қатор муваффақиятҳо ноил гардидем. Соҳибистиқлолии мамлакат дар баробари озодӣ, ободӣ ва сулҳ ба мо мартаба ва обрӯ дод, ки мо аз ин дастовардҳо сарбаландона ифтихор дорем. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар паёмҳо, мулоқотҳо ва суханрониҳояшон масъалаи боло бурдани мақоми зан дар ҷомеа ва бо шуғли пурмаҳсул фаро гирифтани онҳоро ба миён мегузоранд, ки мояи сарафрозии мо, занон аст. Мо шукрона ва ифтихор мекунем, ки дар чунин давлати орому осудаи ҳуқуқбунёд зиндагӣ мекунем ва чунин Сарвари мушфиқу ғамхор дорем.
Ҳамин аст, ки нақши зан-модар дар ҷомеаи мо эътирофу эҳтироми баланд дорад ва метавон онро чун машъали роҳи маърифат ҳамеша фурӯзону тобанда хонд. Боиси хушнудист, ки аз солҳои аввали бунёди ҷомеаи демократии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба маърифати занону духтарон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда мешавад. Зеро зани маърифатнок метавонад бо заковату ҳушмандӣ на танҳо мавқеи пешоҳангӣ дошта бошад, балки ҷомеаро тарбия намояд.
Гулнора Турсунова,
сардори шуъбаи таъминоти ҳуҷҷатҳои меъёрии техникии Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд




