Масъулият ва рисолати бузурги ҷавонон
Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон чун як неруи пуриқтидори созанда ва пешбарандаи ҳаёти кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар самти баланд бардоштани мақоми ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа, фароҳам сохтани шароити мусоид барои таълиму тарбияи онҳо, илму касбомӯзӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва технологияи муосири иттилоотию коммуникатсионӣ тамоми шароити зарурӣ муҳайё гардида, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ташаббусҳои ҷавонон заминаи мусоид фароҳам оварда шуд.
Дар ин давра даҳҳо қонуну қарорҳо ва барномаву стратегияҳои давлатӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» қабул карда шуд, ки он барои муттаҳид намудани ҷавонон, ҳимояи марзу буми Тоҷикистон, мустаҳкам намудани пояҳои давлатдорӣ ва корҳои созандагию бунёдкории онҳо имкониятҳои васеъро фароҳам овард.
Илова ба ин, бо ташаббус ва дастгириҳои бевоситаи Сарвари давлат барои ҳавасманд намудани ҷавонони лаёқатманду соҳибистеъдод стипендияҳо ва ҷоизаҳои гуногун таъсис дода шуда, шумораи гирандагони квотаҳои президентӣ якчанд маротиба афзуда, баҳри татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон, бартараф намудани мушкилоти ҷавонон дар кишвар ва дигар масъалаҳои марбут ба ин қишри ояндасози ҷомеа Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт.
Ин нуктаҳо зимни баргузории ҳамоишҳо ва намоиши дастовардҳои кормандони ҷавони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва сохторҳои вилоятӣ зери унвони «Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат» ба ифтихори таҷлили сазовори ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд зикр гардиданд.
Дар оғози чорабинӣ муовини сардори Марказ Сангинзода Сангин аз мақсади баргузории ҳамоиш суханронӣ карда, зикр дошт, ки аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ва наврасон ташкил медиҳанд ва онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, ояндаи миллат ва давлат мебошанд.
Сипас муовини раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд Фирдавс Фахриддинзода баромад намуда, изҳор дошт, ки яке аз омилҳои асосии рушди ҳар кишварро дар қатори дигар арзишҳо захираҳои инсонӣ, аз ҷумла ҷавонон ташкил медиҳанд. Ин имкон медиҳад, ки сиёсати давлатии ҷавонон ҳамчун яке аз самтҳои муҳими рушди ҷомеа мавриди баррасӣ қарор дода шавад.
Зикр карда шуд, ки ба сиёсати ҷавонон ҳамчун бахши стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар ҳамаи марҳилаҳои рушди ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад, зеро ояндаи ҳар миллату давлат аз ҷавонони дурандешу ватандӯст ва соҳибкасб вобастагии калон дорад. Пешрафт ва шукуфоии Тоҷикистон, гиромидошти муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ, пойдории сулҳу ваҳдат, ҳимояи марзу буми Ватан ва муаррифии кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ ба дӯши ҷавонон масъулияти бештарро вогузор менамояд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҷавонон бо рисолати бузурги ватандориву ватандӯстии худ, бо ташаббусҳои наҷиб, дастовардҳои фикриву эҷодӣ ва варзишӣ ҳамчун намояндаи ҳақиқии насли нави ояндасози тоҷик барои афзоишу таҳкими нуфуз ва эътибори Ватани азизу маҳбуби хеш саҳми муносиб хоҳанд гузошт.
Дар охири ҳамоиш ба якчанд нафар ҷавонони муваффақи Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд ифтихорномаи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон тақдим карда шуд.
Чеҳрон Амонов,
мутахассиси шуъбаи бамеъёрдарории техникӣ ва стандартонии Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд




