Баррасии сифати асали табиӣ дар Хатлон
Дар маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Хатлон бо мақсади рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ, коркард ва басту банди асали содиротӣ бо иштироки занбӯриасалпарварон, масъулони соҳа ва мутахассисони маркази зикргардида семинари омӯзишӣ баргузор гардид.
Тоҷикистон сарзамини биҳиштосоест, ки бо гулу рустаниҳои шифобахш, ҷангалзору боғоти гуногун, иқлим ва табиати афсункор барои рушди занбӯриасалпарварӣ имконоти васеъ дорад. Дар ин радиф дар гӯшаю канори вилояти Хатлон занбӯриасалпарварӣ рушд ёфта, сол то сол шумораи оилаҳои занбӯри асал, истеҳсол ва содироти асал зиёд мегардад.
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни сафари кориашон ба ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон 20 июни соли 2023 баён доштанд, дар толори маркази вилоятии Тоҷикстандарт бо иштироки занбӯриасалпарварон, масъулони соҳа, содироткунандагон ва мутахассисони мақомоти Тоҷикстандарт дар вилоят семинар-машварати омӯзишӣ баргузор шуд.
Ҳадафи асосии баргузории семинар шиносоӣ бо вазъи фаъолияти занбӯриасалпарварон, баррасии стандарти қабулгардида дар ин самт – стандарти байнидавлатии ГОСТ 19792–2017 «Асали табиӣ. Шартҳои техникӣ», пешниҳоди тавсияҳо ҷиҳати коркард ва басту банди асали содиротӣ, гузаронидани ташхис ва дигар масъалаҳо вобаста ба сифати асали табиӣ буд, ки дар ин мавзӯъ иштирокчиёни семинари омӯзишӣ мубодилаи афкор намуданд.
Тибқи талаботи Созмони умумиҷаҳонии савдо ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ» мо бояд маҳсулоте истеҳсол намоем, ки аз нигоҳи экологӣ-табиӣ тоза бошад ва ба содирот мувофиқ гардад, – таъкид намуданд дар семинар-машварати омӯзишӣ. Ҳамчунин ёдовар шуданд, ки мутахассисони мақомоти Тоҷикстандарт ҳамкориро бо истеҳсолкунандагони ватанӣ, бахусус занбӯриасалпарварон, зич ба роҳ монда, ба истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва ҷавобгӯ ба талаботи бозори ҷаҳонӣ мусоидат менамоянд.
Коршиносон ва олимони соҳаи тиб бар он назаранд, ки асал ба садҳо дард шифо бахшида, ба инсон неру ва тавони тоза мебахшад. Аз ин нигоҳ, баргузор кардани чунин семинар-машваратҳои омӯзишӣ ба рушди соҳа ва истеҳсоли асали аз нигоҳи табиӣ-экологӣ тоза заминаи боэътимод гузошта, содиротро рушд мебахшад ва маҳсулоти ватанӣ муаррификунандаи давлату миллати тоҷик дар бозори ҷаҳонӣ мегардад.
Ҳоҷимад Раҷабов,
сардори шуъбаи МСМС ва НС-и вилояти Хатлон




