Сиёсати давлатии ҷавонон дар идоракунии кишвар
«Мо ба ҷавонони кишвар ҳамчун неруи фаъолу боғайрат, ташаббускору созанда эътимоди зиёд дорем ва дар раванди бунёди ҷомеаи демократӣ ва ободу пешрафта ба онҳо такя мекунем».
Эмомалӣ Раҳмон
Ҷавонон дар ҳама давру замон пешбаранда ва идомадиҳандаи кору пайкори бузургону давлатмардон ва нигаҳдорандаву сайқалдиҳандаи манфиатҳои миллӣ дар самтҳои мухталифи ҷамъият буданду ҳастанд. Маҳз ҷавононанд, ки чун ҳалқаҳои як занҷир бори гарони фардои миллатро бар дӯш гирифта, баҳри устувории пояҳои давлату миллат ва таҳкими истиқлолу суботи сиёсӣ талош меварзанд. Бешак, дар ин роҳ ҳисси худшиносӣ, дарки ҳувияти миллӣ ва таҳкиму арҷгузорӣ ба манфиатҳои миллӣ аз ҷониби ҷавонон масъалаи муҳим ва аз як тараф дастоварди наҷиб ба шумор меравад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба масъалаҳои ҷавонон, аз ҷумла беҳдошти вазъи таълиму тарбия, соҳиби ихтисос, касбу ҳунар ва бо ҷойи кор таъмин гардонидани онҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, баҳри дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонон барномаҳои мушаххасро ба тасвиб расонид, ки дар натиҷа доираи васеи ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим ва омӯзиши касбу ҳунару илму маърифат фаро гирифта шуданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дилу нияти нек зимоми идораи давлатро дар замони бениҳоят ҳассос, ки хавфи пароканда шудани давлат ва аз байн рафтани миллати тоҷик баръало эҳсос мегардид, бар уҳда гирифтанд ва дар як муддати кӯтоҳ шуълаи умедро ба фардои дурахшон дар қалби ҳар як фарди миллат фурӯзон намуданд. Ҷавонони кишвар низ худро воқеан давомдиҳандагони ҳадафҳои олии кишвар пиндошта, мактаби бузурги ватандӯстии Пешвои миллатро сабақи бузурги зиндагӣ интихоб намуда, масъулияти бузурги таърихӣ ва қарзи пурифтихори фарзандии худро сарбаландона адо менамоянд ва барои рушду нумӯи рӯзафзуни кишвар ҳамчун созандагони фардои Ватан ва пайравони асилу содиқи Пешвои миллат тадбирҳои судманд андешида, ҳамчун неруи пешбарандаю такондиҳандаи ҷомеаи навини Тоҷикистон барои амалӣ намудани ҳадафҳои созандаю бунёдкорона фаъолияти хешро равона месозанд.
Шукрона аз он бояд кард, ки имрӯз ҷавонони тоҷик барои амну осудагии миллат дар марзҳо хизмат карда, қарзи фарзандии хешро адо намуда истодаанд. Ҷавонони тоҷик набояд зиракии сиёсии хешро аз даст диҳанд ва ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ шомил шаванд, балки барои ояндаи худ роҳи дурусти зиндагиро интихоб намоянд. Дар баробари ин, мебояд пайваста кӯшиш ба харҷ диҳем, ки дар ҷамъият хизмати неки худро расонда, мисли гузаштагонамон, ки то имрӯз миллати тоҷик фахр аз он мардони хирад дорад, саҳми худро дар баландбардории нуфузи миллатамон дар арсаи байналмилалӣ гузорем.
Мо, ҷавонон, сиёсати хирадмандонаву дурандешона ва бунёдкоронаи Пешвои миллатро пайравӣ намуда, дар таҳкими истиқлол, пойдории сулҳу ваҳдат, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва пешрафту тараққиёти давлат арҷ гузошта, бо донишу маърифат, ҷаҳонбинии васеъ ва заковати баланди худшиносию ватанпарастӣ барои ба кишварҳои мутамаддин баробар гардидани Тоҷикистони азиз саҳми арзанда мегузорем.
Алиҷонзода Маҳмуд,
мутахассиси пешбари Нозироти савдо




