Қоидаҳои асосии нигоҳдории маҳсулоти хӯрокворӣ дар нуқтаҳои савдо
Маҳсулот бояд дар зарфҳо ё қуттиҳои истеҳсолкунанда (бочкаҳо, қуттиҳо, зарфҳои сарпӯшдор ва ғайра), ҳангоми зарурат – ба зарфҳои истеҳсолии тоза, тамғагузоришуда тибқи намуди маҳсулот гузошта шаванд.
• Маҳсулот тибқи таснифоти қабулшуда ба намудҳои онҳо бояд нигоҳ дошта шавад: хушк (орд, шакар, ғалладонагиҳо, маҳсулоти макаронӣ ва ғайра); нон; маҳсулоти гӯшт, моҳӣ; маҳсулоти ширу равған; сабзавот ва мева.
• Ашёи хом ва маҳсулоти тайёр бояд дар камераҳои алоҳидаи хунук нигоҳ дошта шаванд. Дар нуқтаҳои савдои хурд, ки як камераи хунуккунӣ доранд, инчунин дар камераи захираи шабонарӯзии маҳсулот нигоҳдории якҷояи кӯтоҳмуддати онҳо бо риояи қоидаҳои ҳамшафатии маҳсулотӣ (дар рафҳо, стеллажҳои алоҳида) иҷозат дода мешавад. Сабаби асосии ҷудокунии мазкур имконияти гузаштани организмҳои бемориовар аз ашёи хом ба маҳсулоти тайёр (масалан, бактерияи салмонелла метавонад аз гӯшти қима ба ҳасиб гузарад) мебошад.
• Ҳангоми нигоҳдории маҳсулоти хӯрокворӣ бояд меъёрҳои анборкунӣ, муҳлати истеъмол ва шартҳои нигоҳдорӣ қатъиян риоя шаванд. Маҳсулоте, ки бӯи махсус дорад (хушбӯиҳо, моҳӣ ва ғайра), бояд аз маҳсулоте, ки бӯйро ба худ мекашад (равғани зард, панир, тухм, чой, намак, шакар ва ғайра), алоҳида нигоҳ дошта шавад.
• Нигоҳдории маҳсулоти зудвайроншаванда тибқи талаботи беҳдоштӣ, ки ба шарт ва муҳлати нигоҳдории маҳсулоти мазкур пешниҳод мешаванд, амалӣ мегардад.
• Камераҳои яхдон барои нигоҳдории маҳсулот бояд бо рафҳои шусташаванда, низоми ҷамъоварӣ ва партови об, ҳангоми зарурат – бо ходаҳои овезон бо чангакҳо аз пӯлоди зангнозани кафшершуда муҷаҳҳазонида шуда бошанд.
• Танаҳои хунуккардашудаи гӯшт, нимтана, чоряктанаро ба чангакҳо чунон овезон мекунанд, ки онҳо ба ҳам, ба деворҳо ва фарши ҳуҷра нарасанд. Гӯшти яхкардашуда дар рафҳо ё тагмонҳо тариқи болои ҳам гузоштан нигоҳ дошта мешавад.
• Маҳсулоти дуюмдараҷаи гӯштӣ дар зарфҳо дар рафҳо нигоҳ дошта мешаванд.
• Гӯшти мурғи яхкардашуда ё хунуккардашударо дар зарфи таъминотгар дар рафҳо ё зеррафҳо болои ҳам нигоҳ медоранд; барои ҳавогузарии хуби байни қуттиҳо гузоштани таҷҳизоти мусоид тавсия дода мешавад.
• Моҳии яхкардашударо (гӯшти моҳӣ) дар рафҳо ё зеррафҳо дар зарфи таъминотгар нигоҳ медоранд.
• Сметана ва творогро дар зарфи сарпӯшдор нигоҳ медоранд. Дар зарфи сметана ва творог мондани қошуқ ё белчаҳо мумкин нест.
• Равғани зард дар борпечи истеҳсолӣ ё дар шакли чоркунҷаҳои ба пергамент печонидашуда дар зарфҳои махсус, равғани зарди обкардашуда дар зарфи истеҳсолкунанда нигоҳ дошта мешавад.
• Панири калонро бе борпеч дар рафҳои тоза нигоҳ медоранд. Ҳангоми болои ҳам ҷобаҷокунии панир байни онҳо картон ё фанер гузошта мешавад.
• Панири хурд дар борпечи истеъмолӣ дар рафҳо ва стеллажҳо нигоҳ дошта мешавад.
• Маҳсулоти тайёри гӯштӣ (ҳасибҳо, пои гӯштӣ, ҳасибчаҳо, сарделка) дар зарфи таъминотгар ё дар борпечи истеҳсолӣ нигоҳ дошта мешаванд.
• Тухм дар қуттиҳо дар ҳуҷраҳои хушки салқин дар зеррафҳо нигоҳ дошта мешавад. Хокаи тухм дар ҳуҷраи хушк, меланж дар ҳарорати на зиёда аз 6°С нигоҳ дошта мешавад.
• Ғалладонагиҳо ва ордро дар халтаҳо дар зеррафҳо болои ҳам дар масофаи 15 см аз фарш боло нигоҳ медоранд.
• Маҳсулоти макаронӣ, шакар, намак дар борпечи истеҳсолӣ дар рафҳо ё зеррафҳо нигоҳ дошта мешаванд.
• Чой ва қаҳва дар рафҳо дар ҳуҷраҳои хушки ҳавогузар нигоҳ дошта мешаванд.
• Нон дар рафҳо ва ҷевонҳо нигоҳ дошта мешавад. Барои нигоҳдории нон ҷудо кардани анбори алоҳида тавсия дода мешавад. Нони ҷав ва гандумӣ алоҳида нигоҳ дошта мешаванд.
• Дари ҷевонҳои нигоҳдории нон бояд барои низоми ҳавогузарӣ сӯрох дошта бошад. Ҳангоми ба тартиб овардани ҷевонҳо нонрезаҳоро аз рафҳо бо шёткаҳои махсус тоза рӯфта, на кам аз 1 маротиба дар як ҳафта рафҳоро бо истифодаи маҳлули 1% сиркои асетат шустан зарур аст.
• Картошка ва бехмеваҳо дар ҳуҷраи хушк ва торик нигоҳ дошта мешаванд; карам дар рафҳои алоҳида дар зарфҳо; сабзавоти турш ва шӯр дар бочкаҳо дар ҳарорати на зиёда аз 10°С. Бехмева ва кабудӣ дар қуттиҳо дар ҷои салқин дар ҳарорати на зиёда аз 12°С нигоҳ дошта мешаванд.
• Сабзавот, меваҳо, буттамеваҳои яхкардашуда дар зарфи таъминотгар дар камераҳои яхдони ҳарораташ паст нигоҳ дошта мешаванд.
• Ярлиқи тамғадори ҳар як ҷои борпечкуниро бо зикр шудани муҳлати истеъмоли намуди мазкури маҳсулот то пурра истифода шудани маҳсулот нигоҳ доштан зарур аст.
• Ҳангоми ҷойгиркунӣ маҳсулот бо реҷаҳои якхелаи нигоҳдорӣ ва ҷаббиш (ҷаббиши намӣ, бӯйҳо) интихоб мешавад. Маҳсулот ба монанди қаҳва, чой ва равған бӯи моҳӣ ва воситаҳои ороиширо зуд ба худ мегирад. Дар як раф нигоҳ доштани воситаҳои кимиёвии маишӣ ва маҳсулоти хӯрока манъ карда шудааст.
• Нигоҳдории маҳсулоти сабзавоти хушк, ғалладонагиҳо, макарон, шакар аз як тараф ва сабзавоти навчида аз тарафи дуюм манъ аст (бо сабаби ҷаббиши намӣ маҳсулот босуръат намуди молии худро гум мекунад).
• Нигоҳдории якҷояи яхмос, гӯшти хунуккардашуда, маҳсулоти ҳасибӣ ва дудкардашуда, панирҳои намудҳои гуногун, мева ва сабзавот, хамиртурши нонпазӣ манъ аст. Якҷоя нигоҳ доштани маҳсулоти ба гурӯҳҳои гуногун тааллуқдошта манъ аст.
Таҳияи Ситора Қаюмова,
мудири бахши озмоишгоҳи ташхиси маҳсулоти хӯрокворӣ




