Зеҳн

Истифодаи дурусти зарфҳои пластикиро риоя бояд кард

АГ
Агенти Зеҳнӣ17 ноябри 2026 · 5 дақиқа хондан

Ҳоло дар саросари дунё масъалаи амнияти озуқаворӣ ва ҳифзи сайёра аз ифлосиҳои гуногун дар мадди аввал қарор дорад. Дар рӯзгори муосир истифодаи намудҳои гуногуни зарфҳои пластикӣ хеле васеъ гардидааст. Анвои ғизоӣ, нӯшокиҳои гуногуннавъ ва дигар молу маҳсулот дар зарфҳои пластикӣ борпеч мегарданд ва ба дасти одамон мерасанд. Мутаассифона, партовҳое, ки аз маводи пластикӣ боқӣ мемонанд, назораташон аз қудрати инсон берун шуда, омилҳои коркард ва ё нобуд сохтани онҳоро на дар ҳар кишвар таҳти назорат қарор дода тавонистаанд.

Чанд даҳсола пеш ҳама гуна маҳсулот дар борпечҳои коғазин ва шишагину чӯбин, ки аз ҷиҳати экологӣ тоза ба шумор мераванд, бастабандӣ мешуд. Ҳоло борпечкунӣ дар зарфҳои пластикӣ дар ҳама кишварҳои дунё маъмул ва як омили борпечкунии муқаррарӣ гардидааст. Барои бастабандии маҳсулот ба ҷои плёнка коғази ғафси қаҳваранг васеъ истифода мешуд ва ба ҷои халтаҳои пластикии истифодааш якдафъаина харидор дар халтаҳои оддии аз матоъ омодашуда харид мекард.

Бартарии ҳама гуна маводи пластмассӣ барои мо равшану возеҳ аст. Масалан, зарфҳои пластикии якдафъаистифодашаванда метавонанд зиндагии инсонро хеле осон кунанд, зеро истифодаашон қулай ва сабук буда, шустанро талаб намекунанд. Аммо дар баробари ин, барои солимӣ ва муҳити зист хатарҳои дигареро ҳам ба миён меоранд.

Олимони амрикоӣ ба хулосае омадаанд, ки зарфҳои пластикие, ки дар таркибашон моддаи бисфенол А мавҷуд аст (ё нест – дар шаклҳои омехта), ба саломатии инсон таҳдиди ҷиддӣ доранд. Суоле ба миён меояд, ки чаро аслан бисфенолро ба таркиби зарфҳои пластикӣ илова мекунанд? Олимон муайян кардаанд, ки бисфенол як ҷузъи асосии массаи пластикӣ аст, ки аз он худи зарфҳо сохта мешаванд. Қисматҳои аксари маводе, ки аз он зарфҳои яккаратистифодашаванда сохта мешаванд, плёнкаҳои полиэтиленӣ мебошанд. Натиҷаи таҳқиқоти олимон нишон додааст, ки бисёр намуди маводи пластикӣ ҳангоми гармкунӣ аз таркиби худ токсинҳоро хориҷ мекунад.

Қоидаҳои зеринро ҳангоми истифодаи зарфҳои пластикӣ ҳатман бояд риоя кард:
Яке аз таъсирҳои манфии истифодаи пластмасса ин хориҷ шудани моддаҳои зараровар ҳангоми таъсири радиатсияи печи микроволновка мебошад. Аз ин рӯ, пеш аз гарм кардани хӯрок дар зарфи пластикии якдафъаина тавсия дода мешавад, ки онро ба зарфи шишагӣ ё коғазӣ интиқол диҳем.

Табақҳои пластикӣ, ба истиснои ҳолатҳои нодир, набояд аз 80 дараҷа зиёд гарм карда шаванд. Ба он оби ҷӯшон рехтан на танҳо номумкин аст, балки дар оби гарм шустани он низ хатарнок аст. Махсусан, дар вақти гарм кардани зарфҳои аз полистирол сохташуда, ки тамғаи «PS 6» доранд, зарарнокии он зиёд аст.

Ҳар як зарфи пластикиро мувофиқ ба талаботи муайяншудааш (вазифааш) бояд истифода кард. Дар болои зарфҳои маҳсулоти хӯрокворӣ бояд аломати стакан ва шохинча (вилка) дарҷ гашта бошад. Танӯрҳои микроволновка танҳо зарфҳои дорои аломатҳои махсусро гарм карда метавонанд. Зарфҳои пластикии нӯшокиҳо набояд дар зери нури бевоситаи офтоб ё дар назди оташ гузошта шаванд. Коршиносон тавсия медиҳанд, ки ғизо ва нӯшокиҳоро дар зарфҳои пластикӣ набояд нигоҳ дошт.

Халтаҳои хӯроки субҳонаву нисфирӯзӣ, зарфҳо, косаҳо, қошуқчаҳо, чангакҳову табақчаҳои пластикӣ сарфи назар аз он ки аз ҷиҳати мавод (полиэтилен, полистирол, фталатҳои полиэтиленӣ, поликарбонатҳо ё пластмассаҳои омехта) фарқ мекунанд, дар таркиби худ моддаҳои хатарнокро дороанд. Мутаассифона, ҳатто дар ҳарорати 28 дараҷа, вақте ки як зарфи пластикии нӯшокӣ дар рӯи миз аст ва ё зарфе бо ғизо дар зери офтоб қарор дорад, воридшавии моддаҳои зараровар ба дохили он даҳҳо маротиба меафзояд ва ҷамъ мешавад.

Ҳар як истеъмолкунанда дар истифодабарии зарфҳои пластикӣ маърифати баланд бояд дошта бошад. Мо бояд дарк кунем, ки дар ҳоли то 100 дараҷа гарм кардани ғизо дар зарфи пластикӣ аз таркиби он моддаҳои кимиёвӣ ба таркиби ғизо дохил шуда, моддаҳои зарарнокро, новобаста аз он ки хӯрок сахт ё моеъ аст, 50–60 маротиба зиёд мекунанд. Агар хӯрок серғизову равғанин бошад – ба монанди котлет, гӯшт, хӯроки бирёнӣ ва ғайра, пас хатари воридшавии моддаҳои кимиёвӣ аз зарфи пластикӣ ба хӯрок бештар аст. Инчунин таъсири манфии зарфҳои пластикӣ аз он вобаста хоҳад буд, ки мо хӯрокро дар чунин зарфҳо чӣ қадар вақт, дар кадом ҳарорат нигоҳ медорем ва чанд маротиба гарм мекунем.

Аз ин рӯ, хориҷшавии фталатҳои заҳролуд, формалдегид, стиролҳо ва бисфенол А ва бисфенол В хатарнок аст. Ин ҳама пайвастагиҳои органикии кимиёвӣ мебошанд, ки таъсири ҷамъшаванда доранд. Мо, одамон, заҳролудшавии шадидро аз он дарҳол эҳсос намекунем, аммо таъсири манфии он ба саломатии инсон дарозмуддат ва оҳиста-оҳиста дар тӯли солҳо зоҳир мегардад.

Аз ин бештар таҳти назорат қарор нагирифтааст, зеро давраи истифодаи маводи пластикӣ ба наздикӣ – дар 30 соли охир пеш омадааст. То давраи пайдоиши маҳсулоти пластикӣ ва халтаҳои полиэтиленӣ аслан зарфҳои шишагину оҳанини безарар дар борҷомакунӣ бештар истифода мешуданд, ки ба солимии инсон зараре намерасид.

Агар маҳсулот дорои спирт бошад – ва инҳо моеъҳои зиёде ҳастанд, ки дар шакли коктейл ба пиёлаҳои пластикӣ рехта мешаванд ё барои рехтан ва интиқол муддати муайян нигоҳ дошта мешаванд – воридшавии мутақобилаи моддаҳо ва ҷамъшавии онҳо низ меафзояд. Аз ин рӯ, маҳсулоти дорои равған ва спиртдорро умуман дар чунин бастабандӣ нигоҳ доштан мумкин нест.

Баъд аз таҳқиқоту санҷишҳои зиёд олимон ба хулосае омадаанд, ки сокинони сайёра бояд ба истифода ва истеҳсоли зарфҳои шишагӣ баргарданд. Ин омил на танҳо барои солимии ҷисми инсон, балки барои тозагии муҳити зист аз зарфҳои пластикӣ ва ҳимояи ҳайвоноту ҷонварони баҳрӣ ва паррандагон низ бояд амалӣ карда шавад. Борҳо ба назар мерасад, ки бо сабаби партофтани зарфҳову халтаҳои пластикӣ дар баҳру уқёнус ва кӯлу дарёҳо ҷонварони баҳрӣ ва паррандагон баъд аз фурӯ бурдани он ба марг дучор шудаанд.

Теъдоди зиёди зарфҳои пластикӣ ва халтаҳои полиэтиленӣ сол то сол ба партовгоҳҳои азиме дар назди баҳру уқёнус, дохили кӯлу дарёҳо ва гӯшаву канори табиат табдил меёбанд ва як масъалаи ҷиддии глобалӣ барои башарият боқӣ мемонанд.

Дар гузаштаи начандон дур ҳама гуна маҳсулоти ширӣ, ба монанди кефир, шир, сода, лимонад ва дигар нӯшокиҳо дар зарфҳои шишагӣ ҷой дода мешуданд, ки баъд аз истеъмоли ғизо зарф ҳамчун маводи такрорӣ ҷамъоварӣ гардида, пас аз коркард дубора бо ғизо пур карда мешуд, ки аз он ба солимии инсон ва муҳити зист ҳеҷ зараре намерасид. Баъд аз гузаронидани таҷрибаҳои зиёд олимон ба хулосае омадаанд, ки шиша, металл ва дигар бастаҳои экологӣ барои идомаи ҳаёти солим дар олам қобили қабул дониста шудаанд.

Ойгул Одинаева

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2