Зеҳн

Ҳангоми харидории масолеҳи сохтмонӣ чиро бояд дар назар дошт?

АГ
Агенти Зеҳнӣ17 ноябри 2026 · 2 дақиқа хондан

Масолеҳи сохтмониро ба се гурӯҳ ҷудо кардан мумкин аст:

  1. Масолеҳе, ки барои истеҳсоли маводи сохтмонӣ истифода мешавад: семент, гипс, ширеш, маводҳо аз майдаи арракардашуда, хок, рег, сангмайда, битум ва ғайра.
  2. Маҳсулот барои коркарди қисми дохилӣ ва беруни биноҳои иншооти истеҳсолӣ, идораҳо: омехтаи хокаи қолабӣ (гипс), омехтаи семент, ширеш барои часпонидани кафел ва плиткаҳои сементӣ, оҳак, сафолакҳо барои рӯйпӯшкунӣ, кафел барои девор ва фарш, линолеум, паркет ва ғайра.
  3. Масолеҳи сохтмоние, ки барои сохтмон ва танзими хонаҳои истиқоматӣ, биноҳои маъмурӣ ва истеҳсолӣ истифода мешаванд: масолеҳи бетонӣ, оҳану бетонӣ ва бетони сунъӣ барои девор, сангҳои кӯҳӣ барои девор, хишти керамикии сохтмонӣ, хишти керамикӣ барои печҳо, варақаҳои асбестосементии ҳамвор ва мавҷнок, дару тирезаҳои алюминӣ ва ПВХ бо шишаҳояш, дару тирезаҳои чӯбин, плиткаҳои бетонӣ барои ороиши атроф, маводҳои бомпушӣ (кровелние) ва ғайра.

Бо дарназардошти истифодаи масолеҳи сохтмонӣ, ҳангоми харидории он ба таври чакана бояд ба санаи истеҳсол, муҳлати истифода ва мавҷудияти дастури тарзи истифода, ҳамчунин шароити нигаҳдошт (ҳарорат, намнокӣ) эътибор дода шавад. Зеро масолеҳи сохтмонӣ ва маводи ороишӣ шароити махсуси нигаҳдоштро тақозо мекунанд, бахусус анборҳои хушку маҳкам; маводи дар берун нигоҳдошташуда хусусияту сифати худро гум мекунанд.

Масалан, хокаҳои хушке, ки муҳлати истифодаашон 6 моҳ муайян шудааст ва дар зери ҳавои кушод нигоҳ дошта шудаанд, дорои сифати номатлуб буда, ба талабот ҷавобгӯ нестанд. Аз ин хотир, масолеҳи ороиширо танҳо аз мағозаҳои пӯшида, ки барои сифати молашон кафолат дода метавонанду ҳуҷҷатҳои лозимиро доранд ва чек ё ҳуҷҷати собиткунандаи харидорӣ дода метавонанд, харидан мумкин аст. Ҳангоми харидорӣ аз мағозаҳои махсус истеъмолкунанда метавонад ба таври ройгон аз мутахассисон маслиҳат гирад.

Тамоми ахбори барои харидор лозимии ба таври хаттӣ навишташуда бояд дар рӯи халта ширеш карда шуда бошад ё дар дохили қуттӣ ё борхалта гузошта шавад.

Дар мавриди харидани масолеҳ барои сохтмону танзим (бетон, санг, асбест, алюминий, ПВХ, чӯб ва ғайра) аз мағоза ё ба тариқи фармоишӣ, харидор бояд ҳуҷҷатҳои зеринро талаб кунад:
• сертификати сифатнокӣ бо натиҷаи озмоиши физикӣ-механикӣ;
• маълумоти техникии маводи нав;
• дастури тарзи истифода.

Ба муҳлати истифодаи маҳсулот ва кафолати он диққат диҳед.

Исмоил Бурихонов,
сармутахассиси шуъбаи назорати давлатӣ дар саноати вазнин

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2