Зеҳн

Ифтихор аз Истиқлол

АГ
Агенти Зеҳнӣ17 ноябри 2026 · 2 дақиқа хондан

Имрӯз ба Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 32 сол пур гардид ва дар ин муддати на он қадар тӯлонии таърих дастовард ва муваффақиятҳои бадастомада ҷумҳурии моро ба сӯи музаффариятҳо ва дастовардҳои беназир мушарраф гардониданд. Яке аз дастовардҳои нодири даврони соҳибистиқлолӣ аз хатари нестӣ наҷот ёфтани давлатдории миллии тоҷикон мебошад.

Раванди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар ҷумҳурии мо назар ба дигар ҷумҳуриҳои осиёимиёнагӣ бе қурбониҳо ва душвориҳои сангин ба даст наомад. Дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа нофаҳмиҳо ба вуҷуд омаданд, ки билохир ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонданд. Хушбахтона, фарҳанги бузурги тоҷикона ғалаба кард ва дар тафаккури шаҳрвандон ҳисси ягонагӣ, ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ ва гузаштан аз ҷурми якдигар ба умеди шукуфоии оянда боло гирифт. Сулҳу ваҳдат дар кишвар пойдор гардид. Маҳз ваҳдати миллӣ ва сулҳ нуктаҳои калидие буданд, ки Истиқлоли давлатиро таҳким бахшиданд ва роҳро барои пешрафту рушди иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодии кишвар кушоданд. Инчунин, сулҳ имкон дод, ки ихтилофҳо дар кишвар барҳам дода шуда, тамоми гурезаҳо ба Ватан баргардонда шаванд ва як заминаи воқеӣ барои ҷомеаи амну субот дар кишвар муҳайё карда шавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ сиёсати давлатии худро хирадмандона пеш бурда, баҳри ободонии кишвари азизамон тамоми воситаву роҳҳои сулҳофарину бунёдкориро истифода бурд. Имрӯзҳо мо, тоҷикон, бо як ифтихори баланди миллӣ Сарвари раиятпарвари худро қадрдонӣ карда, шукрона мекунем, ки Худованд ба миллати садсолаҳо азияткашидаи тоҷик чунин роҳбар ато намудааст.

Имрӯзҳо бо шарофати соҳибистиқлолӣ ба мо муяссар гардидааст, ки тамоми фарҳангу тамаддуни тоҷиконаи худро аз қаъри асрҳо ҷустуҷӯ карда, он анъанаҳое, ки барои ягонагиву рушди миллатамон мусоидат мекунанд, аз нав эҳё намоем. Асрҳои аср гузаштагони мо ҷони худ нисор намуда, забон, фарҳанг ва расму оини миллиамонро бо хуни дил нигоҳ дошта, ба мо мерос гузоштаанд. Таърих гувоҳ аст, ки солҳои дар ҳайати давлати Шӯравӣ ва пеш аз он ҳам будани кишвари азизамон аҷдодони мо ниҳонӣ ҷашнҳои миллии тоҷиконаамонро бо расму оинҳои нигоҳдошта ҷашн гирифта, ба фарзандону наберагон муҳтавои ҳар як ҷашнро мефаҳмонданду ба мерос мегузоштанд. Бо шарофати соҳибистиқлолӣ ба мо – тоҷикон муяссар гардид, ки бе ягон монеагӣ ҳама фарҳанги худро эҳё намоем.

Истиқлоли давлатии Тоҷикистон барои халқи тоҷик ҳам орзуву омол ва ҳам атои худовандӣ буд, ки садсолаҳо орзуяш мекарданд. Истиқлол дар таърихи ҳазорсолаи халқи тоҷик воқеаи хеле нодир аст. Ба хушбахтии мардум ва миллати азияткашидаи тоҷик Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсеро ба арсаи сиёсат овард, ки тамоми ҳастии худро барои барқарор кардани сулҳу салоҳ, оромиву амонӣ, ваҳдату якдигарфаҳмӣ, сохторҳои ҳокимият, ба эътидол овардани низоми сиёсии ҷомеа, сохтори давлатӣ, хомӯш кардани ҷанги шаҳрвандӣ ва ҷорӣ намудани меъёрҳои ҷомеаи демократӣ бахшида буд.

Таманнои онро дорем, ки Истиқлоли давлатӣ ҳамеша пойдор ва Ватани азизамон ҳамеша ҷовидон бошад.

Мирзошариф Самиев,
мудири озмоишгоҳи маҳсулоти нафтӣ

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2