Зеҳн

Ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои истеъмолкунандагон мақсади асосии фаъолияти мост

АГ
Агенти Зеҳнӣ17 ноябри 2026 · 4 дақиқа хондан

Тавре маълум аст, имрӯзҳо талабот ба хариди дилхоҳ молу маҳсулот афзун гардидааст. Хусусан ба молу маҳсулоти хӯрокворӣ, ки қариб ҳар рӯзу ҳар соатро дар бар мегирад. Аниқтараш, маишати рӯзгори ҳар як хонадон ба бозору мағоза, дӯкону дигар нуқтаҳои савдо вобаста мебошад. Аз ин рӯ, дар урфият бозорро оинаи рӯзгор мегӯянд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари ба даст овардани истиқлоли давлатӣ, расидан ба амнияти озуқаворӣ ва таъмини бехатарии онро яке аз ҳадафҳои стратегии худ эълон карда, аз оғози соҳибистиқлолии кишвар то инҷониб якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар роҳи расидан ба ин мақсад қабулу амалӣ гардонид, ки яке аз онҳо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» мебошад.

Нисбат ба ҳифз ва ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони кишвар дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни мазкур тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, он дар таҳрири нав 9 декабри соли 2004 мавриди амал қарор гирифт: муносибатҳои байни истеъмолкунандагон, истеҳсолкунандагон, иҷрокунандагон ва фурӯшандагонро ҳангоми фурӯши мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ) ба танзим дароварда, ҳуқуқи истеъмолкунандагонро ҳангоми хариди моли дорои сифати муносиб ва барои ҳаёту саломатии истеъмолкунандагон бехатар, гирифтани маълумот оид ба мол ва истеҳсолкунандагони (иҷрокунандагони, фурӯшандагони) он, ҳимояи давлатӣ ва ҷамъиятии манфиати онҳоро муқаррар ва тарзи татбиқи ин ҳуқуқҳоро муайян мекунад.

Тибқи ин Қонун, истеъмолкунандагон ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ аз зарари мол (кор, хизматрасонӣ), бехатарии мол, ҳифзи манфиатҳои иқтисодӣ, маълумот доир ба мол, маърифатнокӣ дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, ҷуброни пурраи зараре, ки бинобар нуқсони мол расидааст, бехатарии муҳити зист дар мавриди истеҳсол ва муомилоти мол, изҳори назари худ оид ба мол ва муроҷиат ба суд ва дигар мақомоти ваколатдори давлатӣ барои ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои худро доранд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки маҳсулоту кору хизматрасонӣ дар бозори истеъмолии кишвар дар ҳамаи марҳилаҳо (истеҳсолот, таҳвил, интиқол, нигаҳдорӣ, фурӯш) аз тарафи мақомоти ваколатдори соҳа зери назорати ҷиддӣ қарор дода мешавад. Инчунин, дар ин самт мутобиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» ҳамаи он муроҷиатҳое, ки ҷиҳати вайрон гардидани ҳуқуқу манфиатҳои истеъмолкунандагон ворид мегарданд, ҳамаҷониба баррасӣ гардида, чораҳои дахлдор андешида мешаванд. Шумора ва хусусиятҳои муроҷиатҳои шаҳрвандон таҳлил гардида, аз рӯи натиҷаи он мунтазам самтҳои асосии фаъолияти мақомот ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои дар бозори истеъмолӣ ҷойдошта муайян карда мешаванд.

Бояд қайд кард, ки дар кишварамон аксар шаҳрвандон то ҳол ҳуқуқу манфиатҳои худро ҳамчун истеъмолкунанда ба таври пурра намедонанд. Дониши кофии ҳуқуқӣ надоштан боис мешавад, ки онҳо ҳангоми хариди молу маҳсулот ва истифода бурдан аз ин ё он хизматрасонӣ дучори поймол гардидани ҳуқуқҳои худ мегарданд. Бо дарназардошти ин ҳолат, моро ҳамчун намояндагони мақоми ваколатдори давлатӣ зарур аст, ки дар фаъолияти ҳамарӯзаамон ҷиҳати баланд бардоштани донишу маърифатнокии истеъмолкунандагон пайваста кӯшиш намоем.

Тибқи моддаи 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон», нуқсони ошкоргардидаи молро истеҳсолкунанда (фурӯшанда) ё ташкилоте, ки дар асоси шартномаи байни худ вазифаи истеҳсолкунанда (фурӯшанда)-ро иҷро мекунад, агар тибқи созишномаи тарафҳо муҳлати дигари бартараф сохтани нуқсони мол муайян нашуда бошад, бояд фавран бартараф созад. Муҳлати ниҳоии бартараф намудани нуқсони мол аз рӯзи бартараф намудани онро талаб кардани истеъмолкунанда аз чаҳордаҳ рӯз дарозтар буда наметавонад. Нисбат ба моли истифодааш дарозмуддатро истеҳсолкунанда (фурӯшанда) ё ташкилоте, ки дар асоси шартномаи байни худ вазифаи истеҳсолкунанда (фурӯшанда)-ро иҷро мекунад, уҳдадор аст ҳангоми аз ҷониби истеъмолкунанда пешниҳод гардидани талабот дар давраи таъмир моли ҳаммонандро ба истеъмолкунанда бемузд пешниҳод намуда, дар муддати се рӯз аз ҳисоби худ ба ӯ расонад.

Принсипҳои байналмилалӣ роҷеъ ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар қатъномаи СММ чунин омадаанд:
• Ҳуқуқ ба иттилоот;
• Ҳуқуқ ба амният;
• Ҳуқуқи интихоб;
• Ҳуқуқ ба шунидан;
• Ҳуқуқ ба ҷуброни зарар;
• Ҳуқуқ ба муҳити солим;
• Ҳуқуқ ба таҳсилоти истеъмолкунандагон;
• Ҳуқуқ ба қонеъ кардани ниёзҳои асосӣ.

Ёдовар бояд шуд, ки масъалаи ҳифзи бозори истеъмолии мамлакат ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар мадди аввали фаъолияти мо қарор дошта, дар самти пешгирии фурӯши маҳсулоти ғайристандартӣ, аз муомилот гирифтани маҳсулоти муҳлати истеъмолиашон гузашта, инчунин риояи қоидаҳои дурусти савдо ва хизматрасонӣ пайваста бо соҳибкорон ва истеҳсолкунандагон корҳои назоративу машваратӣ мегузаронем.

Дар баробари ин, пайваста аз истеъмолкунандагон даъват ба амал оварда мешавад, ки дар ҳолати ошкор ва муайян намудани молу маҳсулоти ғайристандартӣ ё муҳлати истеъмолиашон гузашта, инчунин бо дигар роҳ поймол гардидани ҳуқуқҳои истеъмолиашон ба мақомоти марбута, хусусан ба Агентии Тоҷикстандарт, муроҷиат намоянд.

Диловар Раҳимов,
мутахассиси пешбари Нозироти савдои Агентии Тоҷикстандарт

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2