Зеҳн

Хизматрасонии сатҳи баланд – заминаи мусоид барои ҷалби сайёҳон

АГ
Агенти Зеҳнӣ17 ноябри 2026 · 3 дақиқа хондан

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таърихи пурғановату мероси бойи фарҳангӣ, табиати нодир ва мавзеъҳои биҳиштосои худ заминаи устувори рушд барои соҳаи сайёҳӣ ба ҳисоб рафта, соҳаи мазкур ба сифати яке аз манбаъҳои боэътимоди рушди иқтисодиёти миллӣ арзёбӣ мегардад.

Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои рушдёфта ва сердаромаде мебошад, ки тамоми кишварҳои дунё ҷаҳду талош доранд ин соҳаро рушд дода, таваҷҷуҳи мардуми сайёраро ба худ ҷалб намоянд. Дар шароити имрӯза соҳаи мазкур аз ҷумлаи соҳаҳои босуръат инкишофёбандаи иқтисодиёти ҷаҳонӣ ба шумор меравад.

Мувофиқи маълумоти мутахассисон, дар айни ҳол туризм баъди саноати коркарди нафт ва техникаи компютерӣ дар иқтисодиёти ҷаҳонӣ ҷойи сеюмро ишғол мекунад.

Бояд қайд намуд, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаҳои кишвар инфрасохтори зарурии сайёҳӣ бунёд гардида истодааст, ки барои ҷалби бештари сайёҳон, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии минтақаҳои деҳот ва пайдо гардидани ҷойҳои нави корӣ, дар маҷмӯъ, ба рушди устувори сайёҳӣ дар мамлакат заминаи мусоид фароҳам меорад.

Ҳукумати мамлакат барои таъмини ҷолибияти соҳа барои сармоягузорони дохилию хориҷӣ имтиёзҳои зиёд муқаррар намуда, дар марҳилаи аввал барои обод намудани мавзеъҳои сайёҳӣ ва таъсиси инфрасохтори зарурӣ заминаҳои иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ фароҳам овард.

Туризми ҳозиразамон дорои соҳаҳои зиёде мебошад ва шумораи онҳо сол аз сол вобаста аз талаботи аҳолӣ афзуда истодааст. Дар байни соҳаҳои сершумори туризм соҳаи нав ва афзалиятноки он – туризми экологӣ (экотуризм) солҳои охир рӯ ба тараққӣ ниҳодааст.

Бо дарназардошти аҳамияти хоси ин соҳа, солҳои охир дар ҷумҳурӣ марказҳои нави сайёҳӣ сохта шуда, марказҳои куҳна таҷдиду барқарор гардида, шумораи ҳудудҳои муҳофизатшавандаи табиат, аз қабили мамнӯъгоҳҳо, парваришгоҳҳо ва паркҳои миллии диданӣ, сол аз сол зиёд шуда истодаанд, зеро шумораи сайёҳоне, ки ба тамошои чунин ҷойҳои каснорас ва аҷоиби табиат таваҷҷуҳ доранд, босуръат меафзояд.

Дар муддати тӯлонӣ туризм ҳамчун саёҳати кӯтоҳмуддати одамон аз ҷойҳои доимии зисташон бо мақсади азхудкунӣ, касбу кор, тандурустӣ, варзишӣ, динӣ ва дигар мақсадҳо бе фаъолияти аз тарафи мамлакати даъваткунанда маблағгузорикардашуда фаҳмида мешуд.

Ҳамин тариқ, фаҳмиши маънии туризми экологиро чунин номбар кардан мумкин аст: экотуризм намуди махсуси фаъолияти сайёҳӣ мебошад, ки он ба қонеъ намудани талаботи сайёҳӣ оид ба азхудкунии табиат ва гузоштани саҳми худ дар ҳифзи системаи экологӣ бо эҳтироми ҳатмии мақсадҳо ва риояи қоидаҳою урфу одатҳои халқҳои маҳаллӣ равона шудааст.

Доираи касбу коре, ки барои соҳаи экотуризм хос аст, ниҳоят васеъ мебошад. Аз ин лиҳоз, ҳар касе, ки дар соҳаи экотуризм кор ва фаъолият кардан мехоҳад, бояд дорои чунин сифатҳои нозук, ба монанди сабуриву таҳаммулпазирӣ, хушмуомилагӣ, хайрхоҳӣ, боэътимодӣ ва тобоварӣ бошад. Дар аксарияти касбу корҳое, ки бо экотуризм вобастагӣ доранд, донистани забонҳои хориҷӣ ниҳоят муҳим аст.

Дар бозори байналхалқии сайёҳӣ сифати хизматрасонӣ ва маданияти хизматрасонӣ аз ҳама аслиҳаи пурқувват дар муборизаи рақобатнок ба шумор меравад. Мақсади асосии ширкатҳои сайёҳӣ – ин қаноатманд намудани талаботи мизоҷон мебошад. Барои баланд бардоштани маданияти хизматрасонӣ дар тарабхонаву воситаҳои нақлиётӣ, маконҳои аввалияи қабули сайёҳон, ба монанди фурудгоҳҳо ва нуқтаҳои марзӣ, истироҳатгоҳҳо, меҳмонхонаву меҳмонсаройҳо ва дигар инфрасохтори иншооти сайёҳӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Ёдовар бояд шуд, ки талабот оид ба таъминоти бехатарии сайёҳон тибқи Стандарти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ГОСТ 50644–2009 «Хизмати туристӣ» амалӣ карда мешавад. Бехатарии сайёҳон тавассути андешидани як қатор чорабиниҳои ташкилию техникӣ, дипломатӣ, молиявӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, ки ба самти кам гардонидани хатарҳо то ҳадди миёна бо роҳи дуруст иҷро кардани ҳамаи маҳдудиятҳо ва қоидаҳои бехатарии шахсиву гурӯҳӣ аз ҷониби ҳар як иштирокчии сафар равона шудаанд, таъмин карда мешавад.

Мо, мутахассисони шуъбаи шаҳодатномадиҳии кору хизматрасонии Агентии Тоҷикстандарт, бо дигар мақомоти дахлдор барои баланд бардоштани хизматрасонии соҳаи сайёҳӣ дар заминаи мутобиқ сохтани хизматрасониҳои сатҳи баланди меҳмонхонаҳо, муассисаҳои хӯроки умумӣ, марказҳои хизматрасонии сайёҳӣ ва дигар бахшҳои марбут ба сайёҳӣ пайваста талош намуда истодаем.

Раҷабалӣ Давлатов,
сармутахассиси шуъбаи шаҳодатномадиҳии кору хизматрасонии Агентии Тоҷикстандарт

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2