Саноатикунонӣ – заминаи воқеӣ барои ояндаи рушди мамлакат
Бо мақсади ба кишвари саноатӣ табдил додани Тоҷикистон ва бо дарназардошти афзоиши ҳиссаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саноатикунонии кишвар ҳадафи чоруми стратегияи миллӣ эълон шудааст.
Боиси ифтихор аст, ки имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таҳким бахшидан ба рушди соҳибкорӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, бо мақсади ба кишвари истеҳсолкунанда ва содиркунандаи молу маҳсулоти тайёр табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ дода истодааст. Сиёсати дастгирии давлатии соҳибкорӣ, афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунандаи ватанӣ ва бо ҳамин роҳ ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ яке аз самтҳои муҳими тараққиёти минбаъдаи иқтисоди миллӣ маҳсуб меёбад. Вобаста ба ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон иброз намуданд: «Таъмини рушду пешрафти фаъолияти соҳибкорӣ аз ҷумлаи самтҳои асосии фаъолияти давлат ва ҳукумати кишвар ба шумор меравад». Аз ин лиҳоз, бо мақсади таъмини рушди минбаъдаи соҳибкорӣ, афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти дохилӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармоягузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам тадбирҳои амалӣ андешида мешаванд.
Мақсади асосии стратегияи мазкур фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ, ҷалби сармояи мустақим ва воридоти технологияҳои нави инноватсионӣ, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии рақобатпазир, тақвияти иқтидори содиротии кишвар ва дар ин замина зиёд гардидани шумораи ҷойҳои нави корӣ, кам кардани миқдори муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад. Дар маҷмӯъ, татбиқи ин ҳадафҳо барои густариши раванди саноатикунонии мамлакат ва пайдо намудани мавқеъ дар бозори минтақа ва ҷаҳон мусоидат мекунад.
Аз ҷониби дигар, барои дар амал татбиқ кардани ҳадафи стратегии Ҳукумати ҷумҳурӣ – саноатикунонии кишвар, намояндагони корхонаҳои хурду азими тавлидкунандаи маводи хӯрокворӣ, коркарду бастабандии маҳсулоти кишоварзӣ, ресандагию бофандагӣ, алюминӣ, маъданҳои кӯҳӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва даҳҳо корхонаҳои навбунёдшаванда бояд аз имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири саноатиро бо истифода аз технологияи нав мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ ба роҳ монанд.
Сифати баланди молу маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистон ва таъмини бехатарии он имконият фароҳам меорад, ки дар бозори дохил ва хориҷ мизоҷони бештар пайдо намуда, эътимоду боварӣ ба онҳо баланд гардад. Зеро эътимоди харидор ба сифати маҳсулот ҳам дар бозори дохил ва хориҷи кишвар яке аз талаботи асосӣ дар роҳи муваффақ шудани корхонаҳои истеҳсолӣ ба ҳисоб меравад.
Дар баробари ин, роҳбарони корхонаҳои истеҳсолӣ, соҳибкорон ва воридкунандагонро зарур аст, ки бо дарки масъулияти баланд дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор дар доираи талаботи муқаррарнамудаи қонун ва санадҳои меъёрӣ-техникӣ фаъолият намуда, бо истифода аз таҷрибаи давлатҳои мутараққӣ ва технологияҳои муосир ба истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва ивазкунандаи воридот фаъолияти худро ба роҳ монанд.
Суҳроб Ҳусейнзода,
мутахассиси шуъбаи назорати давлатӣ дар саноати вазнини МСНС ва МС-и вилояти Хатлон




