Зеҳн

Хизматрасонии муассисаҳои хӯроки умумӣ мувофиқ ба талаботи замон роҳандозӣ мешавад

АГ
Агенти Зеҳнӣ17 ноябри 2026 · 3 дақиқа хондан

Яке аз воситаҳои муҳими пешрафти фаъолият дар ҳама самт, аз ҷумла дар муассисаҳои хӯроки умумӣ, ин пешниҳоди хизматрасониҳои босифат, риояи талаботи қонунҳо ва санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, инчунин такмили ихтисоси кормандон ба шумор меравад.

Ташкили хӯроки умум дар ҳаёти ҷомеа мавқеи муҳимро ишғол карда, талабот нисбат ба он рӯз ба рӯз меафзояд. Тавре ки маълум аст, ҳама гуна меҳмонони аз хориҷ ба шаҳр воридшаванда ба хизматрасонии муассисаҳои хӯроки умумӣ ниёз доранд. Вобаста ба ин, мебояд, ки сатҳу сифати хизматрасониҳои муассисаҳои хӯроки умумиро баланд бардошта, дар муаррифии фарҳангу оини меҳмоннавозии миллати тоҷик саҳми назаррас гузорем.

Барои пешбурди кори тиҷоратии ин муассисаҳо онҳоро мебояд, ки хизматрасониашонро дар сатҳи баланд нишон диҳанд. Дар шароити кунунӣ барои сабуктар ва амиқ намудани фаъолияти муассисаи хӯроки умумӣ, муассисаҳоро ба шаш гурӯҳ ҷудо намудаанд: тарабхона, бар, қаҳвахона (кафе), ошхона, чойхона ва ошхонаи хурди тезтайёр (закусочная). Муассисаҳои мазкур аз рӯи хизматрасонӣ, фурӯши масолеҳи хӯроки худ ва номгӯи хӯрокаҳои ба истеъмолкунандагон пешниҳоднамудаашон аз ҳамдигар фарқ мекунанд.

Бо истифодаи ин усулҳои хизматрасонӣ дар муассисаҳои гуногуни хӯроки умумӣ тарзи ба мизоҷон расонидани таомҳоро бояд донист. Дар тарабхонаву барҳо ҳатман тарзи хизматрасонии пешхизмат зарур аст. Дар ошхонаҳо бошад, усули худхизматрасонӣ ба роҳ монда шудааст. Дар баъзе ошхонаҳо пешхизматҳо низ ба кор ҷалб карда мешаванд. Дар қаҳвахона ва ошхонаҳои хурди хӯриши газакҳо бошад, хизматрасонӣ тибқи хоҳиши соҳибони муассисаҳо сурат мегирад.

Равиши хизматрасониро дар муассисаҳои хӯроки умумӣ, асосан, пешхизматон ба иҷро мерасонанд. Маҳз пешхизмат метавонад ба мизоҷон ҷойи нишасту истироҳати хубро фароҳам созад ва барои сари вақт таъмин намудани онҳо бо анвои хӯрока саҳм гузорад. Натиҷаи амалиёти пешхизмат дараҷаи хизматрасонии ҳамин муассисаро нишон медиҳад.

Хизматрасонӣ дар муассисаҳои хӯроки умумӣ талаботи муайяни худро дорад. Хизматрасонӣ, пеш аз ҳама, бояд эҳтиёткорона, бодиққат, дуруст ва замонавӣ бошад ва талаботи мизоҷон ба назар гирифта шавад. Намояндагони аслии муассисаҳои хӯроки умумӣ, асосан, пешхизматҳо ба ҳисоб мераванд. Инчунин, пешхизматон ба сифати хизматрасонии аз тарафи муассиса пешниҳодшуда ҷавобгаранд. Онҳо бояд ҳуқуқҳои истеъмолкунандагонро ба назар гиранд.

Дар тарабхонаҳо ба мизоҷон рӯйхати (меню) васеи хизматрасониҳо пешниҳод мегардад. Тарабхонаҳо барои гузаронидан ва хизматрасонии ҳар гуна маъракаву чорабиниҳо, аз қабили маросими тӯйҳо, ҷашнҳои бошукӯҳ, вохӯриҳои рафиқона, нишасти хонаводагӣ, зодрӯз ва ғайраҳо фармоиш қабул мекунанд. Барои хизматрасонӣ ба ин маросимҳо дар тарабхона толорҳои боҳашамат истифода мешаванд ва хизматрасонии хоса ба мизоҷон пешниҳод менамоянд.

Бештари муассисаҳои хӯроки умумӣ барои меҳмонон, махсусан сайёҳон, иштирокчиёни анҷуману ҷаласаҳо ва ғайра маҷмӯи хӯрокаҳоро пешниҳод менамоянд. Қаҳвахонаву ошхонаҳо бошанд, барои қонеъ намудани муштариёни худ аз пардохти ғайринақдӣ ва чекҳо истифода мекунанд. Муштариён метавонанд пешакӣ ба воситаи телефон ё гуфтушуниди наздик ба кормандони тарабхона фармоиш пешниҳод намоянд ва то омадани онҳо ба тарабхона мизҳои махсус (тибқи дархости мизоҷон) омода шаванд.

Усулҳои хизматрасонии тарабхонаҳо имрӯзҳо дар рушду такомуланд. Бо беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум талабот ба ҳар гуна хизматрасониҳо меафзояд. Дар радифи ин барои пешбурди кор ва хизматрасонӣ ба аҳолӣ рақобати байни муассисаҳо низ зиёд мешавад. Вобаста ба ин амр, сифати хизматрасонии муассисаҳо низ баланд мегардад. Маҳз барои он ки муассисаҳо ба рақобати байни худ тобовар шаванд, кормандони он ҳамарӯза кӯшиш мекунанд, ки дар омӯзиш бошанду аз таҷрибаҳои мамлакатҳои мутараққӣ истифода намоянд. Аз ин рӯ, ҳар як корманди муассисаҳои хӯроки умумиро мебояд, ки барои такмили ихтисоси худ кӯшиш намояд ва сифати хизматрасониро ба дараҷаҳои баланд расонад.

Хотирнишон бояд кард, ки дар муассисаҳои хӯроки умумии дорои ҳама гуна шаклҳо ва дараҷаҳо ҳифзи бехатарии ҳаёт ва саломатии истеъмолкунандагон ва амволи онҳо тибқи Стандарти байнидавлатии ГОСТ 30389-2013 таъмин карда мешавад. Инчунин, қоидаҳои истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти хӯроки умумӣ мутобиқи меъёрҳо ва қоидаҳои санитарию технологӣ, талаботи зидди сӯхтор ва бехатарии неруи барқ мутобиқи ҳамин ГОСТ амалӣ мегарданд.

Манучеҳри Наим,
сармутахассиси шуъбаи шаҳодатномадиҳии кору хизматрасонӣ

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2