Зеҳн

Стандартонӣ – сифати ҳаёт ва имконият барои тиҷорат

АГ
Агенти Зеҳнӣ17 ноябри 2026 · 2 дақиқа хондан

Стандартонӣ барои баланд бардоштани сифати ҳаёт бо роҳи беҳдошти ҳифзи саломатӣ, бехатарӣ, бароҳатӣ, қобили истифода будани маҳсулот ва ҳифз намудани муҳити зист мусоидат менамояд. Агар масъалаҳои саломатӣ, бехатарӣ ва эътимоднокӣ баррасӣ шаванд, стандартонӣ ба афзун гардонидани қаноатмандии истеъмолкунанда нисбат ба маҳсулот ва хизматрасонӣ равона карда мешавад. Стандартҳо бояд тавре таҳия карда шаванд, ки талаботи истеъмолкунандаро қонеъ гардонанд. Талаботи истеъмолкунанда нисбат ба маҳсулот одатан мутобиқат, эътимоднокӣ, таъвизпазирӣ ва муносиб буданро дар бар мегиранд.

Тибқи Созишномаи Созмони умумиҷаҳонии савдо (СУС), стандартонӣ бояд ба ошкор ва барҳам додани таҳдидҳо равона карда шавад. Сарфи назар аз он ки омилҳои гуногун интихоби истеъмолкунандагонро маҳдуд месозанд, стандартонӣ тариқи паст намудани арзиш ва беҳсозии сифат ба васеъ шудани имконияти интихоби маҳсулот ва хизматрасонӣ бо манфиати бештар барои истеъмолкунанда мусоидат менамояд. Инчунин, стандартонӣ метавонад дар асоси интиқол намудани дастовардҳои илмию техникӣ аз кишварҳои рушдёфта ба кишварҳои тараққикардаистода манфиати зиёд орад.

Стандартонӣ бояд барои дастгирии рушди савдо, махсусан, савдои байналмилалӣ равона карда шуда, метавонад ба ҷиҳатҳои зерини савдо мусоидат намояд:
• таъмини адолат ҳангоми харидани маҳсулот ва истифода аз хизматрасонӣ бо дарназардошти манфиати истеҳсолкунандагон ва истеъмолкунандагон;
• бартараф намудани монеаҳо дар савдо бо мақсади ҳифз аз манфиатҳои беасос.

Ҳамзамон, стандартонӣ ҳамкории шаффоф ва муайянро байни тарафҳо ба шакли қобили татбиқи истифода расман фароҳам меорад.

Дар ин асос Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи стандартонӣ» мақсадҳои зерини стандартонии кишварро муайян намудааст:
• таъмини ҳифзи ҳаёт, саломатӣ ва бехатарии инсон, ҳайвонот, растанӣ ва муҳити зист;
• таъмини сифату бехатарии маҳсулот, иҷрои кор ва хизматрасонӣ;
• таъмини мувофиқат ва таъвизпазирии маҳсулот, иҷрои кор;
• рушди истеҳсол ва фурӯши маҳсулот бо роҳи таҳияи стандарт ва ҳуҷҷатҳои стандартонии бо стандартҳои байналмилалӣ ҳамоҳангшуда;
• мусоидат намудан ба рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ;
• мусоидат намудан ба пешрафти илмӣ-техникӣ;
• бартараф намудани монеаҳои техникӣ дар савдо;
• ҳифзи манфиатҳои истеъмолкунандагон.

Тибқи стандарти давлатии СТ ҶТ 1.0–96 вазифаҳои зерини стандартонӣ муқаррар карда шудаанд:
• муқаррар намудани талаботи муносиб (аз он ҷумла ҳатмӣ) нисбат ба сифат ва номгӯйи маҳсулот, инчунин манфиати истеъмолкунанда ва давлат;
• ҳамоҳангсозӣ дар асоси муқаррар ва истифода намудани қаторҳои андозавӣ, сохторҳои бунёдӣ, қисматҳои пайвандии таркибии маснуот;
• таъмини меъёрии барномаҳои байнидавлатӣ ва давлатии иҷтимоию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва маҷмӯаҳои инфрасохторӣ (нақлиёт, алоқа, мудофиа, ҳифзи муҳити зист, бехатарии аҳолӣ ва дигарон);
• ҳамоҳангсозӣ ва алоқаманд кардани нишондиҳанда ва тавсифҳои маҳсулот, ҷузъиёти он, воҳидҳои васлӣ, ашёи хом ва мавод;
• истифодаи сарфкоронаи мавод ва неру, истифодаи технологияҳои каммасраф;
• муқаррар намудани меъёр, қоида, оиннома ва талабот;
• муқаррар намудани талабот нисбат ба ташхис, сертификатонӣ, назорат ва баҳодиҳии сифати маҳсулот;
• идора кардан ва инкишоф додани низоми тасниф ва рамзбандии иттилооти техникиву иқтисодӣ.

Умед Ҳабибзода,
сардори МТМ дар шаҳри Панҷакент

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2