Зеҳн

Рақобатпазирии маҳсулоти воридотивазкунандаи ватанӣ таъмин мегардад

АГ
Агенти Зеҳнӣ17 ноябри 2026 · 3 дақиқа хондан

Сайдализода Ҷӯрахон,
сардори Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо дар минтақаи Кӯлоб

Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои шаҳри Кӯлоб ҷиҳати дастгирӣ ва муаррифӣ намудани молистеҳсолкунандагони минтақа фаъолияти назаррас дошта, дар ин самт корҳои мушаххасеро ба анҷом расонида истодааст.

Бояд гуфт, ки сиёсати дастгирии рушди соҳибкорӣ, афзун намудани истеҳсолоти ватанӣ ва бо ҳамин роҳ ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ яке аз самтҳои муҳими тараққиёти минбаъдаи иқтисоди миллиамон мебошад. Аз ин лиҳоз, бо мақсади таъмини рушди минбаъдаи соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ, афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти дохилӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармоягузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам тадбирҳои амалӣ андешида мешаванд ва шахсан Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт дар ҳама вохӯрию суханрониҳояшон таъкидҳо ба амал меоранд.

Мусаллам аст, ки таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои миллат ба масъалаҳои рушди соҳибкории хурду миёна ва дастгирии бевосита аз бахшҳои хусусӣ минбаъд низ барои зиёд шудани сафи чунин ширкатҳои миллӣ, ки обрӯ ва эътибори ҷумҳурии тозаистиқлоламонро дар арсаи байналмилалӣ баланд мебардоранд, мусоидат хоҳад кард.

Раёсати Тоҷикстандарт дар минтақаи Кӯлоб дар самти дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ ва мусоидат ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда аз ҳамаи имкониятҳо истифода мекунад. Дар ин робита, аз ҷумла, дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ аз ҷониби мутахассисони шуъбаи назорати давлатӣ оид ба риояи талаботи регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ дар маҷмааи агросаноатӣ дар 39 корхонаву ташкилот ва субъектҳои хоҷагидор корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуд.

Дар ин замина, ҳамзамон, ҷиҳати баланд бардоштани сифат ва рақобатпазирии маҳсулоти истеҳсолшаванда – халтаҳои полипропиленӣ дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мирзо Раҷаб»-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, маҳсулоти корхонаи муштараки шарбатбарории ҶДММ «Тоҷвайн»-и ноҳияи Муъминобод ва корхонаи истеҳсоли ҷӯроби «Парки нассоҷии шаҳри Кӯлоб» мунтазам корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба талаботи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳодиҳии мутобиқат», «Дар бораи бамеъёрдарории техникӣ», «Дар бораи стандартонӣ» ва Регламенти техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Бехатарии борҷома», регламентҳои техникии «Бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ», «Бехатарии маҳсулоти шарбатӣ аз меваҳо ва (ё) сабзавот» ва «Тамғагузории маҳсулоти хӯрокворӣ» гузаронида шуда, дар раванди амалӣ намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ мутахассисон субъектҳои хоҷагидорро бо ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ таъмин намуданд.

Мавриди зикр аст, ки имрӯз бо ҷалби технологияи муосир ва мутахассисони касбӣ дар бозори истеъмолии минтақа номгӯи зиёди маҳсулоти ватание ба муомилот бароварда шуда истодаанд, ки аз рӯи сифат аз маҳсулоти ҳаммонанди дар хориҷ истеҳсолшаванда фарқе надоранд ва ҳатто аз ҷиҳати тозагии экологӣ бартарият низ доранд. Масалан, маҳсулоти ширӣ, анвои маҳсулоти нонию қаннодӣ, маҳсулоти гӯштӣ, масолеҳи сохтмонии гуногун, мебелҳои хушсохти замонавӣ ва садҳо номгӯи маҳсулотро номбар кардан мумкин аст, ки метавонанд талаботи бозори дохилиро таъмин намуда, ба содирот низ пешниҳод карда шаванд.

Умуман, ҳамасола баҳри дастгирии соҳибкорони ватанӣ мо корҳои зиёдеро роҳандозӣ менамоем ва хушбахтона имрӯз самараи инро дидан мумкин аст. Бо вуҷуди тибқи талабот ба роҳ мондани фаъолияти корбарӣ, воридоти молу маводи пастсифат аз хориҷи кишвар, мутаассифона, идома дошта, дар дохил низ истеҳсоли маҳсулоти ғайристандартӣ зиёд ба назар мерасад. Ҳамчунин, дар муомилоти бозор маҳсулоти истеҳсоли ватание мавҷуданд, ки бе расмиёти сертификаткунонӣ ба истеъмолкунандагон пешниҳод шудаанд.

Яке аз сабабҳои норасоиҳо ҳоло ҳам дар сатҳи муайян набудани маърифати ҳуқуқии соҳибкорон мебошад ва дар ин ҷода, тавре ки қайд намудем, мо аллакай як қатор таҷрибаҳоро омӯхта, чорабиниҳо татбиқ карда истодаем. Яъне вохӯриву суҳбат бо соҳибкорон, фаҳмондани талаботи меъёрӣ, шиносоӣ бо қонун ва оқибатҳои риоя накардани он ва дигар корҳои тарғиботӣ амалӣ шуда истода бошанд ҳам, нокифояанд.

Воқеан, имрӯз вақти он расидааст, ки ҳар чи бештар истеҳсолоти дохилиамонро дастгирӣ намоему бозори истеъмолии кишварро бо маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тозаи ватанӣ ғанӣ намоем. Дар ин замина, дар доираи татбиқи қонунҳои амалкунанда ва санадҳои меъёрии соҳавӣ раёсат ҳамаи тадбирҳои судмандро амалӣ намуда, бо истифода аз ҳамаи имкониятҳо ҳамкориҳоро бо истеҳсолкунандагони кишвар боз ҳам тақвият медиҳад. Итминон дорем, ки соҳибкорони мо низ бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва амалҳои неки созандаи худ барои рушди минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии мамлакат саҳми арзандаи хешро дареғ намедоранд.

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2