Зеҳн

Истиқлол шарафи миллат аст

АГ
Агенти Зеҳнӣ17 ноябри 2026 · 3 дақиқа хондан

Озодӣ ва истиқлол дар ҳар давру замон неъмати бебаҳо ва волои ҳаёти инсон, кафили пешрафт, рамзи асолату ҳувият ва шарти бақои таърихии миллат ва давлат мебошанд. Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан, нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз овардааст.

Хушбахтона, фазои сулҳу субот ва истиқлоли комил ба амалӣ шудани сиёсати иқтисодӣ ба манфиатҳои давлатдории миллӣ ва чаҳор ҳадафи стратегие, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба миён гузоштаанд, мусоидат намуда, марҳила ба марҳила рушди устувор таъмин шуда истодааст.

Дар давраи соҳибистиқлолӣ татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ ба афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ, ҳаҷми сармоягузориву хизматрасонӣ, инчунин зиёд шудани даромади пулӣ, талаботи истеъмолии аҳолӣ ва дар маҷмӯъ, ба таъмин гардидани рушди иқтисоди миллӣ заминаҳои мусоид фароҳам овард.

Муҳимтар аз ҳама, дар кишвари азизамон имрӯз суботи устувор таъмин гардид ва руҳияи боварӣ ба ояндаи нек, ифтихор аз Ватани озоду орому обод ва дорои мақоми шоиста дар ҷомеаи ҷаҳонӣ тақвият ёфт ва дар ин замина ба зиммаи насли имрӯзи Ватан иҷрои рисолати бузурги таърихӣ – бунёд ва таҳкими давлати мустақили Тоҷикистон афтодааст. Ҳоло вазифаи ҳамаи мост, ки ин рисолатро ба таври шоиста анҷом диҳем.

Бо шукргузорӣ аз ин неъмати истиқлол, мо қарзи шаҳрвандии худ медонем, ки сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, дар татбиқи он ақлу дониш ва қувваи худро дареғ надорем. Ва бояд гуфт, ки ин амалро мо, пеш аз ҳама, бо эҳсоси масъулияти ба зиммадошта дар назди халқу Ватанамон ба ҷо оварда метавонем. Имрӯз ман бо ҳисси қаноатмандӣ метавонам гуфт, ки чунин дарку фаҳмишҳо дар ниҳоди кормандони Агентӣ ҷой доранд.

Дар байни ҳама вазифаҳои ба танзим дарории ҷараёнҳое, ки дар иқтисодиёт ва иҷтимоиёти мамлакат ба вуқӯъ омада истодаанд, талаботи қонунгузории техникӣ ва ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон нақши муассир доранд. Айни замон дар ҳамаи мамлакатҳои мутараққии дунё консепсияи сифат ва бехатарии маҳсулот дар сатҳи манфиатҳои миллӣ таҳия шуда, дар амал татбиқ мешаванд ва хушбахтона ин падида дар мамлакати мо ҳам ба танзим дароварда мешавад.

Дар ин раванд иштироки бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати батанзимдарории ин масъалаҳо бо воситаи як қатор қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки татбиқи амалии онҳо ба салоҳияти Агентии Тоҷикстандарт вогузор карда шудааст, ба роҳ монда мешавад. Дар амал татбиқ намудани амру Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонуну қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба тақвият додани инфрасохтори сифат – ин, пеш аз ҳама, ба ҳимояи бозори истеъмолӣ, риояи сифатнокӣ ва маданиятнокии баланди истеҳсолоту хизматрасониҳо мусоидат менамояд. Бо ин силсила тадбирҳо Тоҷикстандарт ҳам дар баланд бардоштани нуфузи кишвар ва ҳам дар ҳифзи тандурустӣ, бехатарӣ ва хулоса, дар ҳимояи генофонди миллӣ саҳмгузор аст.

Дар ин замина, тайи солҳои охир дар иҷрои нақшаву ҳадафҳо корҳои шоёне ба анҷом расонида шудаанд. Махсусан, дар тарбияи кадрҳо ва баланд бардоштани дараҷаи тахассусӣ пешравиҳои назаррас ба чашм мерасанд. Дар ин робита, корҳои зиёде аз қабили ташкил намудан ва гузаронидани курсу семинарҳо, барои такмили ихтисос фиристодани кормандон ба хориҷи кишвар, ташкили озмоишгоҳҳои нав, барқароркунӣ ва мустаҳкам намудани алоқа ва ҳамкориҳо бо ташкилотҳои байналмилалӣ оид ба рушди соҳаи назорати давлатии сифати молу маҳсулот ба сомон расонида шуда истодаанд. Ҳамзамон, корҳои сохтмонию ободонӣ ва таъмиру тармими биноҳо давом доранд.

Дар асоси ҷамъбасти нишондодҳои ҳаштмоҳаи соли ҷорӣ кормандони Агентии Тоҷикстандарт дар иҷрои вазифаҳои хидматиашон корҳои назаррасеро ба анҷом расонидаанд.

Итминон дорем, ки шоҳроҳи ҳазорсолаи сеюм барои мо асри таҳкими истиқлолияти кишвар, рушду нумӯи давлатдории миллӣ, асри дастовардҳои беназири сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон хоҳад шуд. Ва ин роҳи дурусти тақдирсоз моро ба сӯи ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ ва ояндаи неку осуда ҳидоят хоҳад намуд.

Бигзор файзу баракати ҷашни Истиқлол барои ҳар фарди соҳибдилу озодаи кишвар саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва комёбию кушоишҳо оварад!

Сафарзода Мансур,
муовини директори Агентии Тоҷикстандарт

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2