Зеҳн

Риояи талаботи бехатарии хиштҳои сафолӣ ҳангоми истеҳсолот

АГ
Агенти Зеҳнӣ17 ноябри 2026 · 3 дақиқа хондан

Ба низом даровардани фаъолияти корхонаҳои истеҳсолӣ асосан тибқи санадҳои меъёрӣ-техникӣ ба роҳ монда мешавад. Вобаста ба ин, дар Агентии Тоҷикстандарт таҳия ва қабули чунин ҳуҷҷатҳо дар мадди аввали фаъолият меистанд ва имрӯз бо дарназардошти рушди соҳа ва талаботи замони муосир ба ин масъала аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад. Қабул шудани як қатор қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва техникӣ дар ин самт ва ба роҳ мондани фаъолият тибқи талаботи онҳо далели ин гуфтаҳо мебошад.

Дар ин замина, дар баробари дигар ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникӣ Регламенти техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Бехатарии масолеҳ ва маснуоти сохтмонӣ» таҳия ва қабул шудааст, ки истеҳсол, ба муомилот баровардан, бехатарӣ, тамғагузорӣ, интиқол ва нигоҳдории масолеҳи сохтмониро ба танзим медарорад.

Вобаста ба риояи талаботи Регламенти техникии мазкур дар муҳлатҳои муқарраршуда, тибқи нақша дар корхонаҳои истеҳсоли хишт назорати давлатӣ гузаронида шуда, аз тарафи мутахассисон корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда мешаванд.

Тавре маълум аст, имрӯзҳо дар сар то сари кишвари азизамон биноҳои зиёди хизматию маишӣ ва истиқоматӣ сохта шуда истодаанд. Бо пешрафт ва тараққиёти босуръати истеҳсолот талабот ба маҳсулоти сохтмонии истеҳсоли ватанӣ афзун мегардад. Яке аз маҳсулоте, ки дар сохтмон васеъ истифода мегардад, ин хиштҳои сафолӣ (керамический кирпич) мебошанд. Хишти сафолӣ масолеҳи сохтмоние мебошад, ки дар сохтмони биноҳои гуногун (ҳамчун масолеҳи иҳотагарӣ) васеъ истифода мешавад. Бо дарназардошти талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ, бояд хиштҳои сафолӣ бо сифати хос истеҳсол карда шаванд. Барои ноил гардидан ба чунин дастоварди истеҳсолӣ истеҳсолкунандагонро зарур аст, ки маҳсулоти худро ҷавобгӯй ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ – ГОСТ 530-2012 (Хишт ва сангҳои сафолӣ. Шартҳои техникӣ) истеҳсол намоянд. Инчунин, маҳсулоти истеҳсолӣ бояд ба талаботи Регламенти техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Бехатарии масолеҳ ва маснуоти сохтмонӣ» ҷавобгӯй бошад.

Барои истеҳсоли хиштҳои сафолӣ асосан аз ашёи хоми маҳаллӣ истифода мебаранд, ки он хоки махсус мебошад. Хотирнишон бояд сохт, ки пеш аз истеҳсоли хиштҳои сафолӣ бояд ашёи хом ҳатман аз санҷиши озмоишӣ гузаронида шавад. Хусусан хокҳои истифодашаванда аз ҷиҳати пухтанашон ба 3 гурӯҳ тақсим карда мешаванд:

  1. Тезгудоз – ҳарорати 900–1000 дараҷа;
  2. Миёнагудоз – 1000–1300 дараҷа;
  3. Душворгудоз – 1300–1500 дараҷа.

Дар баробари ин, пеш аз истеҳсолот бояд таркиби кимиёвии хокҳо муайян карда шавад. Ҳамчунин, бояд дар таркиби хокҳо оҳаксанг мавҷуд набошад. Тибқи талаботи ГОСТ 530-2012 (Хишт ва сангҳои сафолӣ. Шартҳои техникӣ) бояд мустаҳкамии хиштҳои сафолие, ки бесӯрохӣ истеҳсол карда мешаванд, аз М-100 боло бошад. Нишондиҳандаҳои дигари хиштҳои сафолӣ – ин андозаҳои геометрӣ, намуди зоҳирӣ, зичии миёна ва обҷаббии хиштҳо мебошанд.

Бояд қайд намуд, ки барои истеҳсоли хиштҳои сафолӣ аз ангиштсангҳои истихроҷи ватанӣ низ истифода бурда мешавад. Бояд сифати ангиштсангҳо ба талаботи СТ ҶТ 1103-2013 ҷавобгӯ бошад. Барои баланд бардоштани сифати маҳсулот се омили асосӣ вуҷуд доранд: ашёи хоми хуб, дастгоҳи наву замонавӣ ва мутахассиси хуб.

Қайд кардан бамаврид аст, ки Агентии Тоҷикстандарт барои таъмини ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникӣ ба корхонаҳои ватанӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад, зеро ин омили муҳим ба корхонаҳои мо имконият медиҳад, ки маҳсулоти босифати рақобатпазир истеҳсол намоянд ва дар баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат низ саҳм гузоранд.

Мирзоюсуф Раҷабов,
сармутахассиси шуъбаи назорати давлатӣ дар саноати вазнин

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2