Зеҳн

Корҳои фаҳмондадиҳӣ бо соҳибкорон тақвият меёбад

АГ
Агенти Зеҳнӣ17 ноябри 2026 · 1 дақиқа хондан

Бо ташаббуси роҳбарияти Агентии Тоҷикстандарт бо мақсади тақвият додани корҳои фаҳмондадиҳию омӯзишӣ ҷиҳати риояи қоидаҳои савдо, дар бозори «Меҳргон» бо ҳузури як зумра соҳибкорон семинар-машварат доир карда шуд. Дар кори он муовини директори Агентии Тоҷикстандарт Рустамзода Малоҳат, сардори Нозироти савдо Парвиз Муҳибов, муовини сардори Нозироти савдо Шерализода Суҳроб, роҳбарияти бозор ва як қатор соҳибкорону фурӯшандагон иштирок намуданд.

Ҳадафи доир кардани чунин вохӯриҳо – ин риояи дурусти қоидаҳои савдо, қабул ва интиқоли молу маҳсулот ва фурӯши он аз ҷониби соҳибкорону фурӯшандагон мебошад. Зеро дар бисёр маврид дар ҳолати интиқол ва нодуруст ҷо ба ҷо кардан маҳсулот сифат ва бехатарии худро гум мекунад.

Тавре маълум аст, бештари ҳолат сабаби вайрон гардидани молу маҳсулоти ғизоӣ аз риоя накардани ҳолати нигоҳдории он вобастагии калон дорад. Дуруст нигоҳ доштани молу маҳсулоти хӯрокворӣ ва нӯшокиҳои ташнагишикан дар фасли гармо омили бехатарӣ ва саривақтӣ мебошад. Аз ин рӯ, ҳар фурӯшанда ва ё соҳибкорро мебояд ба риоя ва нигоҳдории дурусти он аҳамият диҳад. Инчунин, молу маҳсулотеро, ки муҳлати истеъмолиашон гузаштааст, аз муомилот гиранд, зеро барои манфиати хеш шуда саломатии мардум ва насли ояндаи миллатро зери хатар набаранд.

Дар идомаи ҳамоиш аз соҳибкорон даъват ба амал оварда шуд, ки молу маҳсулоти муҳлати истеъмолашон гузаштаро ба савдо нагузоранд, ҳамчунин, қоидаҳои нигоҳ доштани молу маҳсулотро риоя намоянд ва дар баробари ин ҳангоми қабули маҳсулот сертификати мутобиқати маҳсулотро талаб кунанд.

Вобаста ба ин, ҷиҳати беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ва риояи қоидаҳои савдо дар нуқтаҳои савдо ва бозорҳои кишвар Агентии Тоҷикстандарт тасмим гирифтааст, ки корҳои омӯзишӣ ва фаҳмондадиҳиро миёни истеҳсолкунандагон, истеъмолкунандагон, соҳибкорон ва фурӯшандагони молу маҳсулот тақвият бахшад.

Сироҷиддин Нуруллоев,
сармутахассиси Нозироти савдои Агентии Тоҷикстандарт

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2