Зеҳн

Пардохтҳои ғайринақдӣ – омили рушди иқтисоди кишвар

АГ
Агенти Зеҳнӣ17 ноябри 2026 · 2 дақиқа хондан

Бо дарназардошти моҳияти гуногунҷабҳаи ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ имрӯз дар бештари кишварҳои пешрафтаи дунё воситаҳои гуногуни пардохтҳои ғайринақдӣ роҳандозӣ гардида, ба ин васила дар баробари осон намудани амалиёти бонкӣ ва хариду фурӯши молу маҳсулот, ҳамчунин низоми ҳисоббаробаркуниҳои электронӣ бехатарии пардохти мол, хизматрасонӣ ва дигар шароиту имконоти мусоид барои амалиёти молиро фароҳам меоварад.

Афзалияти дигари истифодабарандагони воситаҳои пардохти ғайринақдӣ дар он аст, ки дар ҳолати ҳамёни худро гум кардан, шаҳрванд маблағҳои худро баргардонида наметавонад, аммо дар сурати гум шудани корти пардохтии бонкӣ маблағҳои муштариён барои шахси дуввум дастнорас буда, дар суратҳисоби соҳиби корт ҳифз мешаванд.

Қайд кардан зарур аст, ки дар баробари тараққиёти илму техника пардохтҳо ва ё ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ низ миёни аҳолӣ вусъати тоза пайдо карданд. Ба назар мерасад, ки дар баъзе аз марказҳои калони савдо, мағозаву фурӯшгоҳҳо ва тарабхонаҳо аз ин усули пардохт ба таври васеъ истифода мекунанд, ба он хотир, ки пардохти ғайринақдӣ осонии кори муштарӣ ва ё мизоҷро кафолат медиҳад.

Бояд гуфт, ки ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ пардохтҳое мебошанд, ки бе истифодаи пули нақд бо роҳи истифодаи чек, кортҳои пардохтии бонкӣ ва дигар воситаҳои электронии пардохтӣ, супоришномаҳои пардохтӣ ва дар ҳоли ҳозир тавассути воситаҳои пардохти электронӣ ва ҳамёнҳои электронӣ анҷом дода мешаванд.

Яке аз афзалиятҳои пардохтҳои ғайринақдӣ, хоҳ тариқи кортҳои пардохтии бонкӣ ва ё тавассути усулҳои ҳисоббаробаркунӣ тариқи воситаҳои электронии пардохт, осонии истифодаи онҳо мебошад. Дар ин ҳолат, зарурати бо худ ҳамроҳ гирифта гаштани маблағи калони пулӣ аз байн меравад, ҳамзамон, ҳамеша имкони пардохт намудани маблағи моли харидашуда дар дохил ва хориҷи мамлакат ба вуҷуд меояд.

Масалан, барои дорандагони кортҳои пардохтии бонкӣ шарт нест, ки ҳатман аз банкомат пули нақд гиранд, кифоя аст, ки дар мағоза, барои хизматрасонии коммуналӣ ё мобилӣ ва ғайра пардохтро тариқи ғайринақдӣ анҷом диҳанд.

Гирифтани маблағи нақд аз суратҳисобҳои кортӣ дар нуқтаи хизматрасонӣ ва ё фавран фиристодани пул аз суратҳисобҳои кортӣ ба шиносу наздикон низ имконпазир буда, тавассути замимаҳои мобилии бонкҳо ва ташкилоти қарзии молиявӣ шахс метавонад кори худро осон намояд.

Ҳамчунин, маълумот дар бораи маблағҳои барои молу хизматрасонии гуногун харҷшуда дар воситаҳои ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ маҳфуз нигоҳ дошта мешавад. Бо доштани нусхаи электронии ҳамаи пардохтҳо барои шахс пайгирию назорат кардани амалиёти даркорӣ осонтар мебошад. Вақте ки шахс маълумотро дар бораи маблағҳои сарфкардааш таҳлил мекунад, метавонад ба буҷети худ назар карда, хароҷоташро пешакӣ ба нақша гирад.

Дар ҳоли ҳозир ба ғайр аз беруннависи суратҳисоби бонкӣ боз замимаҳои мобилӣ ва дигар василаҳо барои пайгирию назорати хароҷот вуҷуд доранд. Масалан, тариқи СМС-паёмак (огоҳинома) метавон ба осонӣ дар бораи маблағи дар суратҳисоббуда маълумот гирифт. Ин дар навбати худ ба кас кумак менамояд, ки бошуурона хароҷоти барзиёдро маҳдуд ва маблағҳояшро пасандоз ва афзун намояд.

Акобир Садриддинов,
корманди Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2