Зеҳн

Таассуроти соҳибкор: Боло рафтани обрӯю эътибори Тоҷикистон

АГ
Агенти Зеҳнӣ17 ноябри 2026 · 2 дақиқа хондан

Боло рафтани обрӯю эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аз самараҳои бузурги Истиқлоли давлатии халқи тоҷик мебошад, ки таҳти сарварии хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.

Истиқлоли давлатӣ бояд боиси ифтихори ҳар фарди кишвар гардад, зеро бе эҳсоси ватанпарастӣ ва муҳаббат ба миллату ватан озодӣ ва пойдории миллат ва афроди он номумкин аст.

Тоҷикистони бостонӣ ҳанӯз дар замонҳои гузашта ҳамчун маркази тиҷорату савдо шуҳрат дошта ва ин мақоми таърихии худро ҳоло низ нигоҳ доштааст. Бахусус, баъди соҳибистиқлол гардидани кишварамон ва роҳи рушди иқтисоди бозориро пеш гирифтани мо дар ин кишвар соҳибкорӣ ва тиҷорат боз ҳам бештар густариш ёфт. Бо мақсади он ки дар кишварамон соҳибкорӣ вусъати тоза пайдо намояд ва соҳибкорони мо бештар ба истеҳсолот рӯй оварда, дар паст кардани сатҳи вобастагии бозори дохилӣ аз маҳсулоти воридотӣ саҳми муносиб гузошта тавонанд, мунтазам Ҳукумати Ҷумҳурӣ ва шахсан Сарвари давлатамон ба ин соҳаи муҳим таваҷҷуҳи хоса доранд ва дар вохӯрию суханрониҳои худ мунтазам оид ба дастгирии ин соҳа таъкид менамоянд.

Дар айни ҳол соҳибкорону тоҷирон имконияти васеъ доранд, ки бо риояи муқаррароти қонунҳои амалкунанда фаъолияти худро озодона ва бе ягон монеа тақвият ва густариш диҳанд. Аз ҷумла, соҳибкорони Тоҷикистон, бахусус тоҷироне, ки имконияташон нисбатан васеътар аст, метавонанд бештар бо истеҳсолот, яъне бо ташкил намудани корхонаҳои хурди дорои технологияҳои навтарин машғул шуда, ҳам дар зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти худӣ, ҳам таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ҳам корҳои созандагиву бунёдкорӣ саҳми назаррас дошта бошанд.

Ман фикр мекунам, ки риоя намудани меъёрҳои стандарт барои ҳар як соҳибкор ва истеҳсолкунанда ҳатмист. Аз ин рӯ, Агентии Тоҷикстандарт роҳнамо ва дастгири мо – истеҳсолкунандагон аст. Агар мутахассисони мақомоти Тоҷикстандарт аз болои истеҳсолот назорат накунанд, сифати маҳсулот паст шуда, ба талаботи бозори ҷаҳонӣ ҷавоб дода наметавонад.

Албатта, ҳамкориҳо бо Агентӣ барои сифатнокии маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ва рақобатнокии он мусоидат менамояд ва ин ба истеҳсолкунандагони мо имкониятҳои зиёди ба хориҷи кишвар баровардани маҳсулоти дохилиро фароҳам меорад.

Шарифхуҷа Наҷмуддинов,
соҳибкор

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2