Ҳувияти миллӣ дар заминаи андешаи миллӣ ба вуҷуд меояд
Имрӯз чун аз ҳарвақта дида доштани андешаи миллӣ ё ғояи ягонаи миллӣ дар замоне, ки пур аз тазоду бархӯрдҳои манфиатҳои геополитикӣ ва қавмию нажодӣ дар ҳоли рушд аст, зарур дониста мешавад. Дар ин росто хотирнишон бояд кард, ки маҳз идеология ва ҳувияти миллӣ имкон медиҳад, ки бо шинохт аз гузаштаи худ ва дарк намудани арзишҳои миллӣ онҳоро ҳимоят кард.
Метавон гуфт, ки андешаи миллӣ мазҳари рӯйиш ва расидан ба ормонҳои миллист, ки дигар унсурҳои таркибии он, аз қабили худшиносии миллӣ, ифтихор аз мансубияти миллӣ, дӯст доштани ватан, ҳимоя аз манфиатҳои милливу давлатӣ ва дифоъ аз арзишҳои фарҳангу тамаддуни худӣ ҷаззобияти идеяи миллиро возеҳ месозанд, ҷомеа ва ҳар як узви онро водор менамоянд, ки ба ҳар ваҷҳе дар гирудорҳои мафкуравӣ айнияти шаҳрвандии худро нигоҳ дорад ва талош намояд, ки ба ҳуҷумҳои тафриқаангез тасаллут ё бартарӣ пайдо намояд.
Андешаи миллӣ ё идеяи миллӣ ягона меҳваре ҳаст, ки бо ҷаззобияти худ мардумро ҷалб мекунад ва ба роҳи босуботи рушд раҳнамун месозад. Халқу миллатҳо дар марҳилаҳои гуногуни рушди худ бо эҷоди мафкураҳои мухталиф, ки дархӯри вақту замон аст, ормонҳои миллии худро бароварда мекунанд. Барои ҷомеаи муосири Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ҳадафҳои миллӣ ва стратегии давлату миллат созгор дӯст доштани ватан, ифтихор аз ватани ягона ва соҳибистиқлол доштан аст. Ин ғоя дар марҳилаи кунунии рушди давлатдории миллии тоҷикон ягона меҳваре маҳсуб мешавад, ки таҳкими истиқлол, суботи ҷомеа ва зиндагии шоистаи мардум дар он таҷассум мешавад.
Таъкидҳои хирадмандонаву созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шинохти андешаи миллӣ моро водор мекунанд, ки новобаста аз синну сол ва мавқеи худ дар ҷомеа дорои арзишҳои баланди инсонӣ, ватандӯстию меҳанпарастӣ бошем.
Вазъи кунунии ҷомеаи башарӣ моро водор мекунад, ки аз пештара дида ҳушёртару зирактар бошем, то дар доми гурӯҳҳои тундраву ҷудоихоҳ наафтем. Ҳамчунин, андешаҳои муғризонаи онҳоро ба қишрҳои гуногуни ҷомеа нишон диҳем, то маҳаки мақсаду мароми нопоки онҳо ифшо гардад.
Ёдовар бояд шуд, ки Истиқлоли давлатӣ барои ташаккул, шинохт ва татбиқи манфиатҳои миллӣ шароити мусоид ба вуҷуд овард. Худи мафҳуми «соҳибихтиёрӣ ва субъекти баробарҳуқуқ дар муносибатҳои байналмилалӣ» ҷузъи ҷудонопазири консепсияи манфиатҳои миллӣ мебошад. Ва дар ин радиф ҳифзи Истиқлоли давлатӣ аз нуктаҳои меҳварӣ ва бунёдиву бардавоми давлати миллӣ ба шумор меравад ва барои муаррифӣ, ҳифз ва татбиқ гардидани манфиатҳои миллӣ мусоидат мекунад.
Идеологияи миллӣ дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон иқтидори бузурге пайдо намудааст, ки ба воситаи он метавон ба афкори ҷамъиятӣ таъсири амиқ расонид. Дар ин росто, амнияти идеологӣ барои ташаккули робитаи ҷамъиятӣ қодир буда, муносибатҳои мутақобила ва якдигарфаҳмӣ миёни ҷомеаро таъмин карда, ҳамчун унсури муҳими низоми идоракунӣ боқӣ мемонад.
Ҳамин тариқ, миллат бо доштан ва амиқ дарк намудани муҳиммияти андешаи миллӣ дар шароитҳои гуногуни таърихӣ сарфи назар аз маҳдудиятҳо ва тазодҳо дар қиболи нақшаву стратегияҳои давлатдорӣ метавонад босубот ва якмаром рушд намояд.
Ҳифзи истиқлоли давлатӣ ва дастовардҳои он, ҳимояи амният ва манфиатҳои милливу давлатӣ, устувор гардонидани ваҳдати миллӣ ва нигоҳ доштани суботу оромии ҷомеа, инчунин таъмин намудани рушди иқтисоди кишвар ва беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ дар шароити торафт вусъат пайдо кардани бархӯрди қудратҳои ҷаҳонӣ вазифаи аввалиндараҷаи ҳамаи рукнҳои ҳокимияти давлатӣ ва ҳар як шаҳрванди ватандӯсту ватанпарвар мебошад.
Ҷурабек Исматов,
мудири бахши санҷиши воситаҳои ченаки гармоӣ-техникӣ




