Маросими супоридани Ҷоизаи махсуси «Арзанда» ба иштирокчиёни озмун
Маросими супоридани Ҷоизаи махсуси «Арзанда» ба иштирокчиёни озмуни «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Санаи 16 июни соли равон дар толори калони Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд маросими супоридани Ҷоизаи махсуси «Арзанда» баргузор гардид, ки дар он 12 нафар иштирокчиёни озмуни «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва мутахассисони Марказ иштирок намуданд.
Сардори Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд Ғайбулло Муҳиддинов аз дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоссатан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди соҳибкорӣ ва татбиқи ҳадафи чоруми стратегии мамлакат – саноатикунонии босуръати кишвар ёдовар шуда, зикр дошт, ки дар доираи татбиқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат бо ташаббуси роҳбарияти Агентии Тоҷикстандарт бо мақсади рушди соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ, баланд бардоштани сифат ва рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ, мусоидат ба саноатикунонии босуръати кишвар ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии субъектҳои хоҷагидор, инчунин муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида ба «Солҳои рушди саноат» эълон гардидани солҳои 2022–2026 озмуни «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид, ки дар даври вилоятии озмун 96 корхонаву ташкилот ва соҳибкорону ҳунармандон аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо 105 номгӯи маҳсулотҳои дар дохили кишвар истеҳсолшаванда иштирок намуда, 31 корхонаву муассисаҳо ғолиби даври вилоятии озмуни «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дониста шуданд. Ғолибони даври вилоятӣ дар даври ҷумҳуриявии озмун иштирок намуда, вилояти Суғдро муаррифӣ намуданд.
Сипас намояндаи Агентии Тоҷикстандарт Тоҳир Нуруллозода табрикоти директори Агентӣ Темурҷон Абдулваҳобзодаро ба самъи иштирокчиёни чорабинӣ расонида, зикр дошт, ки воқеан ҳар як дастоварди соҳибкорон ифтихори кишвар аст ва ба шарофати сулҳу субот ҳар кадоми шумо дар бозори истеъмолии кишвар мавқеи худро пайдо карда, дар истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ ва хизматрасониҳои ба талабот ҷавобгӯ саҳмгузоред. Роҳбарияти Агентӣ итминон дорад, ки шумо минбаъд низ бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва нангу номуси ватандорӣ бо кору пайкори содиқона ва амалҳои неку созандаи худ барои рушди минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии мамлакат, беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии мардум ва таҳкими истиқлолияти кишвари азизамон саҳми арзандаи худро дареғ намедоред.
Т. Нуруллозода ёдовар шуд, ки дар даври ҷумҳуриявии озмун аз вилояти Суғд 18 нафар соҳибкорон иштирок намуда, 6 нафар сазовори лауреат ва 12 нафар бо ҷоизаи махсус қадрдонӣ карда шуданд.
Сипас дар вазъияти тантанавӣ маросими супоридани Ҷоизаи махсуси «Арзанда» ба 12 нафар иштирокчиёни озмуни «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Соҳибкорон аз ин иқдоми роҳбарияти Агентии Тоҷикстандарт хушнуд гашта, изҳор доштанд, ки баргузории озмуни мазкур имкониятҳои зиёдро барои рушди фаъолияти онҳо фароҳам меорад.
Дар ҷамъбасти чорабинӣ барои татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фаъолияти назарраси меҳнатӣ, инчунин дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани озмуни «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд бо Сипосномаи директори Агентии Тоҷикстандарт сазовор дониста шуд. Сардори Марказ барои қадршиносии директори Агентӣ Темурҷон Абдулваҳобзода изҳори сипосу ташаккур намуда, зикр дошт, ки чунин таваҷҷуҳи роҳбарият аҳли коллективи моро вазифадор менамояд, ки дар оянда низ бо масъулияти баланд фаъолият намуда, дар татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат саҳми назарраси худро гузоранд.
Маҳкамбой Каримов,
сардори дафтари матбуоти Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд




