Нигаҳдории босифат – гарави камшавии талафот
Нигоҳ доштани маводи хом то лаҳзаи истифодабарии он дар истеҳсолот – вазифаи муҳимтарин мебошад. Талафоти ғалла ҳамасола 6–10% ва талафоти маводи хоми ширадор бошад, то ба андозаи 20–30 фоиз мерасад. Ҳангоми андозаҳои калони истеҳсолот, ҳифзи истеҳсоли ғалла дар мамлакат ба андозаи 0,01% бештар аз 20 ҳазор тонна ғалларо нигоҳ медорад.
Талафоти маводи хом аз рӯи хосиятҳои физиологии он ва шароити нигоҳдорӣ маънидод карда мешаванд. Ду намуди талафот мавҷуд аст: талафоти ҳаҷм ва талафоти сифат. Намуди аввал бо кам шудани ҳаҷм, дуввумин бошад, бо кам гардидани муҳтавои моддаҳои фоиданок дар маводи хом (масалан, қанд дар лаблабуи қанд, крахмал дар картошка, равған дар донаҳои растаниҳои равғандор) ва ё паст гардидани нишондиҳандаҳое, ки хосияти маводи хомро тавсиф мекунанд, ифода меёбад.
Ҳар ду намуди талафот бо ҳам алоқаманданд, вале на ҳамеша талафоти ҳаҷми маҳсулот бо кам гардидани сифати онҳо ва ё баръакс, паст гардидани сифат ҳамзамон сабаби талафоти ҳаҷми маҳсулот мегардад.
Талафот ҳангоми нигоҳдорӣ ва кашонидани маводи хом метавонанд ба гурӯҳҳои зерин тақсим шаванд: механикӣ, физикӣ, физикию кимиёвӣ, биологӣ, биокимиёвӣ ва кимиёвӣ. Ҳар яке аз ин гурӯҳҳо вобаста ба сабабҳои онҳоро ба вуҷуд оваранда ба зергурӯҳҳои мувофиқ тақсим карда мешаванд. Масалан, аз талафоти механикӣ вобаста ба хосиятҳои физикии маҳсулот, сифати зарф ва хосияти масолеҳи печонанда метавон талафотро аз сабаби ҷорӣ шудан ва ҷудо гардидан ва талафотро, ки бо чакидан ва пошдиҳӣ ба амал меоянд, ҷудо намуд.
Ба талафоти физикию кимиёвӣ талафоти ҳаҷмро бо роҳи бухоршавӣ нисбат медиҳанд. Ин навъи талафот барои маҳсулоти моеъ, меваю сабзавот хос мебошад.
Талафоти биологиро метавон ба ду зергурӯҳ тақсим намуд: талафоте, ки бо ҷараёнҳои микробиологӣ боис гардидаанд ва талафоте, ки натиҷаи афзоиши зараррасонҳо мебошанд. Инчунин вобаста бо хусусиятҳои биологӣ метавон боз талафотеро зикр кард, ки аз тарафи ҳашарот ва хояндаҳо ба амал меоянд.
Талафоти биокимиёвӣ аслан бо ҷараёнҳои нафасгирӣ алоқаманд буда, барои тамоми организмҳои зинда, ҳам ҷонварон ва ҳам наботот, хос мебошад.
Талафоти кимиёвӣ метавонанд бо сабабҳои гуногун ба амал оянд: таъсири радиатсия, аз ҷумла равшанӣ, оксиген (кислород), мавҷудияти катализаторҳои ғайриорганикӣ. Тамоми ин ҷараёнҳо бо таъсири ҳарорат ва мавҷудияти намӣ дар муҳит мувофиқат карда мешаванд.
Дар миқёси мамлакат ҳаракати маводи хом аз рӯи нақшаи низоми тайёрнамоӣ (хоҷагии қишлоқ – захираҳо – соҳаи саноат – савдо, хӯроки ҷамъиятӣ – истеъмолкунанда) амалӣ карда мешавад.
Дар тамоми бахшҳои нақшаи овардашуда анборҳои захираҳои маводи хом ташкил карда мешаванд. Аз рӯи аломати фаъолият онҳо ба бунёдӣ (базавӣ), истеҳсолӣ, тиҷоратию истеҳсолӣ, универсалӣ (фарогири умум) ва махсусгардонидашуда тақсим карда мешаванд. Анборҳои бунёдӣ соҳавӣ ва минтақавӣ шуда, истеҳсолӣ ба ҳайати муассисаҳои саноатӣ дохил мегарданд; тиҷоратию истеҳсолӣ дар низоми савдо ташкил карда мешаванд, ки дар он аксар вазифаи нигоҳдорӣ бо коркарди аввалияи маводи хом ҳамроҳ мегардад. Намунаи чунин анборҳо анборҳои нигоҳдорандаи идораҳои шаҳрии меваю сабзавотӣ мебошанд, ки дар онҳо чун қоида бахшҳо оид ба навъҳо ҷудокунӣ, намакзанӣ ва дар сирко хобонидани меваю сабзавот мавҷуд аст.
Дар анборҳои фарогири умум маводи хоми гуногун нигоҳдорӣ мешаванд. Дар анборҳои махсусгардонидашуда бошад, маводи хом танҳо барои як намуд муайян карда шудааст.
Хубони Сорбон,
устоди калони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон




