Зеҳн

Дар мавриди харидории шир ва маҳсулоти ширӣ чиро бояд донист?

АГ
Агенти Зеҳнӣ17 ноябри 2026 · 1 дақиқа хондан

Шир ранги сафеди каме зардча дошта, зардии он аз камиву зиёдии равғаннокиаш дарак медиҳад. Ранги зардча асосан аз каротин, ки дар таркиби равғани шир мавҷуд аст, пайдо мешавад. Шир дар таркиби худ, ҳамчунин, пигментҳои зарди сабзтоб дорад, ки ба фаллаи ширӣ ранги махсус медиҳанд.

Рангҳои дигари шир, аз қабили сурхчатоб, кабудча, гулобӣ нишонаи аз ҳайвони касал ҷӯшида шудани шир ё вайрон будани он аст.

Тамъи шири нав каме ширинтар буда, шири пастеризатсиякардашуда ва ё пухташуда бошад, маззаи «ҷӯшонидашуда»-ро дорад.

Шир, ҳамчунин, маззаи талхиву туруширо низ дошта метавонад, ки ин нишонаи дар таркиби шир мавҷуд будани бактерияҳои туруш аст, ки сабабгори вайроншавии таркиби шир мегарданд.

Нишонаи туруш шудани шир маззаи турушӣ ва ё бӯи нохуши он аст. Шир бӯй ва тамъи дигар чизҳоро зуд ба худ мегирад, бахусус вақте ки дар зарфи болояш кушода нигоҳ дошта мешавад.

Ширро нопухта (пастеризатсия накарда) хӯрдан мумкин нест, онро дар муддати 3–5 дақиқа аз вақти ҷӯшиданаш ҷӯшонидан лозим аст. Ба воситаи шири нопухта микробҳои паҳнкунандаи бемориҳои осеби шуш (туберкулёз), захмҳо (сибирская язва), холера, салмонеллёз, стафилококк, стрептококк ва ғайра ба организми инсон ворид шуда метавонанд.

Шири пастеризатсияшуда ширест, ки дар ҳарорати хеле баланд коркард ва баъдан хунук карда шуда, барои истеъмол тайёр маҳсуб мешавад. Шири дубора пухтаи пастеризатсияшуда қисме аз маводҳои ғизоияшро (сафеда, витаминҳо ва ғайра) гум мекунад.

Ҳамидзода Саидмуҳаммад,
сармутахассиси бахши назорати давлатӣ дар МАС-и МТМ дар ноҳияи Данғара

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2