Зеҳн

Хизматрасонӣ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ мувофиқ ба талаботи замон аст

АГ
Агенти Зеҳнӣ17 ноябри 2026 · 3 дақиқа хондан

Тавре маълум аст, замона пайваста дар ҳоли рушд буда, тақозо мекунад, ки фаъолият ва хизматрасониҳои худро ба он мувофиқ намоем. Баъди соҳибистиқлол гардидани ҷумҳурии азизамон хизматрасониҳои тамоми соҳаҳои мухталифи кишвар дигаргун шуда, мувофиқ ба талаботҳои замони муосир гардида истодаанд.

Сӯзишвориҳои газу бензин ва анвои дигар маҳсулоти нафтӣ дар замони илму техника яке аз талаботи асосӣ ва муҳими аҳолии кишвар ба ҳисоб мераванд, ки на камтар аз дигар ниёзҳои мардум мавқеи хоса доранд. Талаботи аҳолиро бо ин намуди маҳсулот дар ҷумҳурӣ нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, ки бо тарҳ ва услуби замони муосир ва давлатҳои пешрафтаи дунё сохта шудаанд, таъмин мекунанд.

Хизматрасониҳо дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ низ рушд ёфтаанд. Агар ба солҳои пеш назар кунем, миёни талабот ва хизматрасониҳое, ки имрӯз аст, нисбат ба солҳои пеш фарқияти калоне дида мешавад. Пештар хизматрасониҳо тариқи дастӣ анҷом дода мешуданд, имрӯз бошад, бо таҷҳизоти наву муосир анҷом дода мешаванд. Дар баробари ин, дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ мағозаҳо дорои анвои гуногуни хӯрокворӣ, фурӯши равғанҳои молидании техника, қисмҳои эҳтиётии техника ва дигар лавозимоти зарурӣ дида намешуданд. Имрӯз бошад, қариб дар ҳама нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ инҳо дида мешаванд.

Барои амалӣ ва роҳандозӣ кардани фаъолияти нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ Стандарти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 1061-2004 мавриди амал қарор дорад. Стандарти мазкур ҳатмӣ буда, барои нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ пешбинӣ шудааст ва таснифоти онҳоро муқаррар менамояд. Стандарти мазкур барои истифода бо мақсади сертификаткунонии нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ зарурат дорад. Стандарти мазкур талаботро ба нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ва маҷмааи онҳо муқаррар мекунад.

Нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ва маҷмааи онҳо бояд бехатарии ҳаёт ва саломатии истеъмолкунандагон, ҳифзи амволи онҳоро дар шароити риояи меъёр ва қоидаҳои санитарию технологӣ, меъёру қоидаҳои сохтмонию зиддисӯхторӣ, талаботи назорати давлатии техникӣ оид ба хатари таркиш таъмин намоянд.

Талабот ба нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ва маҷмааи онҳо, ки ба ҳама гуна категорияҳо мансубанд:
Нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ва маҷмааҳои онҳо бояд бо системаҳои муҳандисӣ ва таҷҳизоте, ки омилҳои зеринро дар бар мегиранд, таъмин бошанд:
• равшандиҳанда;
• гармидиҳанда;
• ҳаводиҳанда (шамолдиҳанда);
• алоқаҳои телефонӣ;
• бехатарии сӯхтор.

Нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ва маҷмааҳои онҳо бояд дорои роҳҳои мувофиқ барои гузариши автомобилҳо бо аломатҳои зарурии роҳ, ҳудуди муносиб ва ба талабот ҷавобгӯй, майдони ҳамвору сахт барои дар муддати кутоҳ нигоҳ доштани автомобилҳо ва муоинаи онҳо бошанд.

Ба ҳамаи бино ва ҳудуди лозимӣ гузариши озоди автомобилҳо бояд таъмин карда шавад. Гузаргоҳ ва наздик шудан ба таҷҳизоти зидди сӯхтор бояд ҳамеша озод бошанд, то ин ки автомобилҳои сӯхторхомӯшкунанда ба осонӣ гузашта тавонанд.

Дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ва маҷмааҳои онҳо бо категорияҳои гуногун бояд мутахассисони дорои ихтисоси соҳа фаъолият кунанд. Кормандони хизматрасон бояд либоси ягонаи корӣ дошта бошанд.

Ҳангоми хизматрасонӣ нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ва маҷмааҳои онҳо бояд талаботҳои бехатариеро, ки дар СБД 1510, СБД 9018, СБД 12.1.004 оид ба хизматрасонии фурӯши сӯзишворӣ; СБД 20831, СБД 25478 оид ба таъмири воситаҳои нақлиёт, корҳои шустушӯӣ-тозакунӣ; СБД 30523 оид ба хӯроки умумӣ; СТ ҶТ 1037 оид ба хизматрасонии савдои чакана; СБД 28681.4 оид ба хизматрасонии туристӣ-сайёҳӣ (меҳмонхона), ҳаммом ва ҳоҷатхона муқаррар намудаанд, риоя намоянд.

Бахтиёр Қувватзода,
корманди Агентии Тоҷикстандарт

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2