Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо вориди майдони сиёсӣ гаштанаш тавассути сиёсати бунёдкорона ва татбиқи собитқадамонаи ҳадафҳои барномавии худ, бо такя ба масъулиятшиносию қудрати зеҳнии аъзоёнаш ҳамчун омили таҳкимбахши раванди созандагиву бунёдкории ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол гардидааст. Воқеан, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон комилан сохтор ва шеваи фаъолияти ба худ хосро дорост, ки дар миёни ҷомеа ба унвони бонуфузтарин ҳизби сиёсӣ шинохта шудааст.
Дар воқеъ, барнома ва стратегияи давлат меҳвар ва асоси фаъолияти ин ҳизб аст. Ташкилоти ибтидоии «Тоҷикстандарт» фаъолияти худро зери роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асоси Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», дастуру супоришҳои Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Фирдавсӣ, инчунин Оиннома ва Барномаи ҳизб ба роҳ мондааст.
Ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар «Тоҷикстандарт» пайваста барои амалӣ намудани ҳадафҳои олии кишвар кӯшиш менамояд. Маъракаҳои сиёсию ҷамъиятиро бо дили гарм ва рӯҳи болида мегузаронад. Хотирнишон бояд намуд, ки ҳама гуна ҷашнвораҳои миллию сиёсӣ, аз қабили ҷашни Истиқлол, Рӯзи Конститутсия, Рӯзи Президент, Рӯзи Парчами миллӣ, Рӯзи байналмилалии Наврӯз, Идҳои Ғалабаву Ваҳдати миллӣ ва амсоли инҳоро бо як ифтихори хос таҷлил намуда, мафҳум ва маҳаки асосии онҳоро ба аҳли ҷомеа, хусусан кормандони Агентии Тоҷикстандарт, мерасонад.
Дар баробари ин, фаъолияти худро дар самте, ки айни ҳол ба мо вогузор гардидааст, пайваста пеш мебарем. Бояд қайд намуд, ки тавассути татбиқи сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъсиси истеҳсолоти воридотивазкунанда на танҳо воридоти меваҳо, балки аксар маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар соҳаҳои саноат низ коҳиш ёфтааст. Ин шаҳодат аз он медиҳад, ки сиёсати иқтисодии давлат воқеан самаранокии худро собит сохта, ба рушди истеҳсолоти ватанӣ мусоидат карда истодааст.
Таваҷҷуҳ ба корхонаҳо дар дохили кишвар – ин таваҷҷуҳ ба маҳсулоти ватанӣ аст, ки имрӯз он бемайлон рӯ ба инкишоф дорад. Афзоиш ёфтани маҳсулоти ватанӣ ин воридотивазкунандаи молу маҳсулоти воридотӣ мебошад, ки ҳам барои давлат ва ҳам барои аҳолӣ муфид аст. Бо роҳандозӣ кардани корхонаҳои нави истеҳсолӣ дар кишвар ҳам ҷойҳои нави корӣ пайдо мегарданд ва ҳам ашёи хоми маҳаллӣ барои истеҳсолот истифода мегардад.
Дар марҳилаи муосири тараққиёти ҷаҳонӣ, рақобат ҳамчун қувваи ҳаракатдиҳанда истеҳсолкунандагони маҳсулотро маҷбур месозад, ки доим роҳҳои нави баландбардории сифати онҳо, паст кардани нархҳо, баландбардории сифати хизматгузориро дарёфт намоянд. Вобаста бо камбудии захираҳо муаммои нав пайдо мешавад: сарфаи захираҳои истеъмолкунандагони мол аз ҳисоби содатар кардани сохт ва баландбардории сифати маҳсулот ба миён меояд.
Аз ҷумла, воридоти ҳаҷми назарраси молу маҳсулоти истеъмолӣ аз хориҷи кишвар, яъне вобастагии калони бозори истеъмолии дохилӣ аз молу маҳсулоте, ки дар хориҷи кишвар истеҳсол мешаванд, яке аз сабабҳои тағйир ёфтани нархҳои истеъмолӣ ба ҳисоб меравад. Қобили қайд аст, ки имрӯзҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста имконияту имтиёзҳоро ба соҳибкорон ва истеҳсолкунандагон фароҳам намуда истодааст, ки ин ҳама барои афзоиш ёфтани корхонаҳо дар дохили кишвар ва молу маҳсулоти ватанӣ заминаҳои асосӣ мегузорад ва дар баробари ин, барои воридотивазкунандагии молу маҳсулот мусоидат мекунад.
Бо мақсади баланд бардоштани маънавиёти аъзои ҳизб, боло бурдани ҳисси худшиносию худогоҳии кормандон, дар рӯҳияи ватандориву хештаншиносӣ тарбия намудани ҷавонон, талқини ғояҳои миллӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии аъзои ҳизб ва дар ин замина иҷрои барномаҳои давлатию соҳавӣ, қарору қонунҳо ва дастуру супоришҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ созем.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ дар баробари масъалаҳои пешрафти иқтисодию иҷтимоии кишвар ба масъалаи ҷавонон диққати махсус дода, масъалаи таълиму тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву инсонпарварӣ, худогоҳиву худшиносии миллиро таъкид намуданд.
Дар ин росто моро мебояд пайваста кӯшиш ба харҷ диҳем, ки бо фаъолияти созандаву бунёдкоронаи худ дар ҷомеа эътибор ва маҳбубият дошта бошем. Аз дастовардҳои худ саргарм нашавем ва бо меҳнати суботкорона дар пайи ислоҳи камбудиҳо бошем. Бояд ин нукта ҳамеша мавриди назар бошад, ки ҷомеа ҳамеша ба пешравӣ ва таҷдид ниёз дорад, мо низ ҳанӯз камбудиҳои зиёде дорем, ки дар ҳалли онҳо бояд талош намоем. Барои анҷом додани чунин рисолати пурифтихор ҳар як аъзои ҳизби мо бояд масъулияти бузург эҳсос кунад ва дар навбати худ вазифадор аст, мардумро барои чунин амри хайру созанда, ки ободии кишвар ва амнияти ҷомеа аз он вобаста аст, ташвиқу сафарбар намояд. Чунки шиори мо «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум» аст ва мо ҳамеша ба он содиқ хоҳем буд.
Баротзода Бахтиёр,
муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар Агентии Тоҷикстандарт




