Зеҳн

Сифат ва бехатарии масолеҳи сохтмонӣ ба танзим дароварда мешавад

АГ
Агенти Зеҳнӣ17 ноябри 2026 · 5 дақиқа хондан

Масъалаи сифат ва бехатарии масолеҳи сохтмонӣ бо воситаи як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидаанд, аз ҷумла Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи стандартонӣ», «Дар бораи баҳодиҳии мутобиқат», «Дар бораи таъмини ченаки ягона» ва Регламенти техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Бехатарии масолеҳ ва маснуоти сохтмонӣ», ки татбиқи амалии онҳо ба зиммаи Агентии Тоҷикстандарт вогузор карда шудааст, ба танзим дароварда мешаванд.

Агентии Тоҷикстандарт мутобиқи салоҳиятҳое, ки қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи он гузоштааст, назорати давлатии сифат ва бехатарии масолеҳи сохтмониро амалӣ месозад.

Дар натиҷаи гузаронидани назорати давлатӣ корхонаҳое, ки маҳсулоти истеҳсолнамудаашон ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникӣ ҷавобгӯй мебошанд, бо сертификати мутобиқат таъмин карда мешаванд. Дар баробари ин, корхонаҳое ҳастанд, ки бе сертификати мутобиқат маҳсулот истеҳсол менамоянд ва ё маҳсулоти истеҳсолнамудаашон ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникӣ ҷавобгӯй намебошанд. Нисбати чунин корхонаҳои истеҳсолӣ тибқи талаботи моддаҳои дахлдори Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои маъмурӣ андешида мешаванд.

Таҳлили натиҷаи санҷиш ва назорати давлатӣ оид ба риояи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникӣ дар корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ нишон дод, ки омилҳои асосие, ки ба риоя накардани талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникӣ мусоидат мекунанд, инҳоянд:
• истифодаи таҷҳизотҳои куҳнаю фарсуда ва серхарҷ;
• муътадил таъмин нагардидани корхонаҳо бо барқ;
• нокифоягии сатҳи дониши кормандони корхонаҳо дар ҷорӣ намудани низоми назорати сифат аз рӯи стандартҳои байналмилалӣ;
• надоштани озмоишгоҳҳо оид ба мунтазам муайян намудани сифати маҳсулот;
• набудани роҳҳои ҳавасмандкунии корхонаҳо барои баланд бардоштани сифати маҳсулот.

Ташхиси масолеҳ ва маснуоти сохтмонӣ дар озмоишгоҳҳои ваколатдор амалӣ карда мешавад.

Бояд қайд кард, ки яке аз самтҳои афзалиятноки рушд ва пешбурди иқтисодиёти миллии мамлакат – ин баланд бардоштани сифати молу маҳсулоти ба талаботи бозори ҷаҳонӣ ҷавобгӯй ва ҳамзамон аз ҷиҳати экологӣ тоза, рақобатнок ва бехатар мебошад.

Дар самти баланд бардоштани сифати маҳсулот ва рақобатпазир гардонидани он ва дар ин замина ба вуҷуд овардани имконоти содиротии молу маҳсулот, амалӣ намудани чорабиниҳо оид ба ҷорӣ намудани низоми идоракунӣ дар самтҳои мухталифи фаъолияти корхонаҳо, аз он ҷумла сифат, муҳити зист, муҳофизати меҳнат, масъулияти иҷтимоӣ зарур мебошад. Ҳалли ин масъалаҳо, пеш аз ҳама, бо ба роҳ мондани низоми идоракунии сифат дар асоси стандартҳои байналмилалии силсилаи ISO 9000 дар истеҳсолот имконпазир мебошад.

Бояд қайд кард, ки Стандартҳои байналмилалии силсилаи ISO универсалӣ буда, метавонанд дар тамоми корхонаҳо новобаста аз шакли фаъолият ҷорӣ карда шаванд. Айни ҳол стандарти байналмилалии ISO 9001 яке аз стандартҳои эътирофшудаи ҷаҳони муосир мебошад, ки низоми идораи сифат дар корхонаҳо аз рӯи ин стандарт сертификатсия мешаванд. Мутобиқи маълумотҳо, зиёда аз як миллион корхонаҳои давлатӣ ва хусусӣ дар 170 давлати ҷаҳон аз рӯи стандартҳои байналмилалӣ сертификатсия шудаанд.

Аз рӯи талаботҳои ин стандартҳо ҳуҷҷатгузорӣ, назорат, таҳлил, азназаргузаронии давравии равандҳои муҳими бо ҳам алоқаманди истеҳсолот ва идоракунии корхонаҳо ба шакл дароварда шуда, онҳо метавонанд фаъолияти шафоф ва рақобатпазирро ба вуҷуд оваранд.

Ҷорӣ намудани низоми идоракунии сифат аз рӯи ин стандартҳо ба беҳтар шудани сифати маҳсулот, кору хизматрасонӣ, рақобатпазирии онҳо дар бозори дохилӣ ва хориҷи кишвар мусоидат намуда, заминаи эътирофи фаъолияти корхонаҳо дар сатҳи байналмилалӣ мегардад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки маҳсулоти дорандаи нишони стандартҳои байналмилалӣ берун аз қаламрави ҷумҳурӣ таваҷҷуҳи истеъмолкунандаро ба худ ҷалб менамояд ва ин боис мегардад, ки маҳсулоти содиротшуда дар бозори хориҷӣ мавқеи худро меёбад ва ба рақобат тобовар мебошад.

Қобили зикр аст, ки айни ҳол Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Созмони умумиҷаҳонии савдо мебошад ва бозори истеъмолии мамлакат ба бозори рақобатнок табдил ёфтааст, ки бе ҷорӣ намудани ин низомҳо эҳтимолияти аз байн рафтани корхонаҳои истеҳсолӣ ба миён меояд.

Сатҳи пасти ҳавасмандии корхонаҳо барои ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалӣ дар соҳаи таъмини сифат бо мушкилоти маблағгузорӣ, омодагии техникӣ ва норасоии мутахассисон алоқаманд мебошад.

Дар навбати худ, Агентии Тоҷикстандарт омода аст дар раванди ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалӣ дар корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ саҳми худро гузорад. Бо ин мақсад дар сохтори Тоҷикстандарт шуъбаи дахлдор вобаста ба ҷорӣ намудани низоми менеҷменти сифат таъсис дода шудааст, ки бевосита бо ташкилотҳои байналмилалӣ оид ба стандартҳои ISO ҳамкории зич дошта, дар корхонаҳои дохили ҷумҳурӣ фаъолияткунанда низоми менеҷменти сифатро аз рӯи талаботи стандартҳои байналмилалии ISO ҷорӣ менамояд.

Лозим ба ёдоварист, ки Агентии Тоҷикстандарт мақомоти миллии соҳаи стандартонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, дар ташкилотҳои байналмилалии соҳаи стандартикунонӣ Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд.

Имрӯз мақомоти миллии стандартикунонии мамлакат аъзои Шӯрои байнидавлатӣ оид ба стандартизатсия, сертификатсия ва метрологияи давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аъзо-корреспонденти ташкилоти байналмилалӣ оид ба стандартҳои ISO ва дигар ташкилотҳо мебошад, ки бе мамониат аз стандартҳои байнидавлатӣ ва байналмилалӣ истифода мебарад.

Ҳамзамон, Агентии Тоҷикстандарт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти пешбаранда ва нигоҳдорандаи фонди давлатии ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникӣ мебошад, ки айни ҳол дар фонди мазкур 23 000 стандартҳои байнидавлатӣ, стандартҳои давлатӣ ва байналмилалӣ нигоҳ дошта мешаванд. Аз миқдори умумии стандартҳои дар фонд мавҷудбуда зиёда аз 1000 адад стандартҳоро стандартҳои соҳаи масолеҳ ва маснуоти сохтмонӣ ташкил медиҳанд. Стандартҳои миллии фонди мазкур мунтазам ба стандартҳои байналмилалӣ ҳамоҳанг карда мешаванд. Дар асоси тартиби муқарраршуда бе ягон мамониат ва мушкилие истеҳсолкунандагон ва соҳибкорон метавонанд аз ин фонд истифода баранд.

Қобили зикр аст, ки Агентии Тоҷикстандарт бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муаррифӣ намудани маҳсулоти ватанӣ, ҳарчи бештар афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти содиротиву воридотивазкунанда ва таъмини амнияти иқтисодии кишвар тибқи Низомномаи тасдиқгардида дар ду сол як маротиба Озмуни «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро мегузаронад, ки дар соли ҷорӣ озмуни навбатӣ гузаронида шуд. Яке аз номгӯи маҳсулоти дар озмун пешниҳодгардида ин номгӯи маҳсулоти сохтмонӣ ба шумор меравад.

Дар заминаи татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки дар доираи салоҳияти муқаррарнамудаи қонунгузории амалкунанда ҷиҳати баланд бардоштани сифати маҳсулоти сохтмонӣ, ҷорӣ намудани системаи менеҷменти сифат тибқи стандартҳои байналмилалӣ ва таъмин намудани корхонаҳои истеҳсолӣ бо ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникӣ бо субъектҳои хоҷагидор ҳамкориҳоро тақвият диҳем.

Ҳайдар Миралиев,
сардори шуъбаи назорати давлатӣ дар саноати вазнин

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2