Зеҳн

Хизматрасонии сатҳи баланд дар муассисаҳои хӯроки умум мувофиқ ба талаботи замон аст

АГ
Агенти Зеҳнӣ17 ноябри 2026 · 2 дақиқа хондан

Тарзу усулҳои хизматрасонии тарабхонаҳо имрӯзҳо дар рушду такомуланд. Бо беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум талабот ба ҳар гуна хизматрасониҳо зиёд мегардад. Дар радифи ин барои пешбурди кор ва хизматрасонӣ ба аҳолӣ рақобати байни муассисаҳои номбурда меафзояд. Вобаста ба ин амр, сифати хизматрасонии муассисаҳо низ баланд мешавад. Маҳз барои он ки муассисаҳо ба рақобати байни худ тобовар шаванд, кормандони он ҳамарӯза кӯшиш мекунанд, ки дар омӯзиш бошанду аз таҷрибаҳои мамлакатҳои мутараққӣ истифода намоянд. Аз ин рӯ, ҳар як корманди муассисаҳои хӯроки умумиро мебояд, ки барои такмили ихтисоси худ кӯшиш намояд ва сифати хизматрасониро ба дараҷаҳои баланд расонад.

Равиши хизматрасониро дар муассисаҳои хӯроки умумӣ, асосан, пешхизматон ба иҷро мерасонанд. Маҳз пешхизмат метавонад, ки ба мизоҷон ҷои нишасту истироҳати хубро фароҳам созад ва барои сари вақт таъмин намудани онҳо бо анвои хӯрока саҳм гузорад. Натиҷаи амалиёти пешхизмат дараҷаи хизматрасонии ҳамин муассисаро нишон медиҳад.

Хизматрасонӣ дар муассисаҳои хӯроки умумӣ талаботҳои муайни худро дорад. Хизматрасониҳо, пеш аз ҳама, бояд эҳтиёткорона, бодиққат, дуруст ва замонавӣ бошанд ва талаботи мизоҷон ба назар гирифта шавад. Намояндагони аслии муассисаҳои хӯроки умумӣ, асосан, пешхизматон ба ҳисоб мераванд. Инчунин, пешхизматон ба сифати хизматрасонии аз тарафи муассиса пешниҳодшуда ҷавобгаранд. Онҳо бояд ҳуқуқҳои истеъмолкунандагонро ба назар гиранд.

Дар тарабхонаҳо ба мизоҷон рӯйхати (меню) васеи хизматрасониҳо пешниҳод мегардад. Ҳангоми пардохти мизоҷон ба хӯрокаву нӯшокиҳо, инчунин, ҳаққи хизматрасонии босифат низ ба назар гирифта мешавад.

Тарабхонаҳо барои гузаронидан ва хизматрасонии ҳар гуна маъракаву чорабиниҳо, аз қабили маросими тӯйҳо, ҷашнҳои бошукӯҳ, вохӯриҳои рафиқона, нишасти хонаводагӣ, зодрӯз ва ғайраҳо фармоиш қабул мекунанд. Барои хизматрасонӣ ба ин маросимҳо дар тарабхона толорҳои боҳашамат истифода мешаванд ва хизматрасонии хоса ба мизоҷон пешниҳод менамоянд.

Хушбахтона, айни замон дар ҳамаи шаҳру навоҳии мамлакат сохта ба истифода додани муассисаҳои хӯроки умумӣ (тарабхонаву ошхона ва чойхонаҳо) бо тарҳҳои замонавӣ бомаром идома дорад.

Лозим ба зикр аст, ки барои ҷалби муштариён ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ дар муассисаҳои хӯроки умумӣ, пеш аз ҳама, риояи меъёрҳо, яъне талаботи стандартҳо бояд дар мадди аввал ба инобат гирифта шавад.

Пулод Мирализода,
сардори МТМ дар шаҳри Ваҳдат

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2