Зеҳн

Сифат – кафолати рақобатпазирии маҳсулот дар бозор

АГ
Агенти Зеҳнӣ17 ноябри 2026 · 2 дақиқа хондан

Сифати маҳсулот яке аз нишондиҳандаҳои асосии фаъолияти корхона мебошад. Баландбардории сатҳи сифати маҳсулот ба дараҷаи назаррас устувории корхонаро дар шароити бозор, суръати тараққиёти техникӣ, ҷорӣ намудани навоварӣ (инноватсия), рушди самаранокии истеҳсолот ва сарфаи тамоми намуди захираҳо, ки дар корхона истифода мегарданд, муайян менамояд.

Таъсири назаррас ба сатҳи зиндагӣ сифати мол ва хизматрасонӣ мерасонанд. Бинобар ин, масъалаи сифати маҳсулот ва хадамот актуалӣ боқӣ мемонад. Ин як масъалаи стратегӣ буда, аз ҳалли он устувории иқтисодиёти давлати мо вобастагӣ дорад.

Мавҷудияти рақобатнокӣ дар шароити иқтисоди бозорӣ ҳамаи корхонаю ташкилотҳоро уҳдадор мекунад, ки ба муаммоҳои сифати маҳсулоти хӯрокворӣ диққати ҷиддӣ диҳанд. Иқтисоди бозоргонии муосир ба сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда талаботҳои ҷиддиро пешниҳод мекунад. Ин бо он алоқамандӣ дорад, ки дар шароити муосири мутобиқшавии ҳар як корхона вазъи устувории он дар бозори маҳсулот ва хизматрасонӣ бо дараҷаи рақобатпазирии он дар бозор муайян карда мешавад.

Дар навбати худ, рақобатпазирӣ бо ду нишондиҳанда – дараҷаи нарх ва дараҷаи сифат алоқаманд аст. Бо вуҷуди ин, дар шароити гузариш ба иқтисоди бозорӣ омили дуюм ба ҷои якум гузашта истодааст. Ҳосилнокии меҳнат ва сарфаи ҳама намуди захираҳо мавқеашонро ба сифати маҳсулот медиҳанд.

Раванди баландбардории сифат, ки фаъолияти кормандони бисёр соҳаҳо, гурӯҳҳои мутахассисон, кормандони қаторӣ ва дигаронро ба ҳам меорад, на танҳо барои фоида аз фурӯши мол ва хизматрасонӣ, балки барои манфиати тамоми ҷомеа низ нақши асосиро мебозад.

Сифати маҳсулоти хӯрокворӣ нишондиҳандаи муҳими фаъолияти корхонаҳои истеҳсоли хӯрокворӣ ба ҳисоб меравад. Баландбардории сатҳи сифати маҳсулоти хӯрокворӣ аз бисёр ҷиҳат ба суръати пешрафти илму техника, афзоиши самаранокии истеҳсолот, сарфи ҳама намуди захираҳои истифодашаванда ва дар бозор мавқеи худро аз даст надоданро муайян менамояд. Сифати маҳсулот – натиҷаи сифати меҳнат, предмети меҳнат, воситаи меҳнат, техникаву технология, умуман натиҷаи сифати истеҳсолот ба ҳисоб меравад.

Назрулло Шарифзода,
муовини сардори Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Хатлон

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2