Дар Душанбе ҷаласаи 67-уми ШЭЭ кишварҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
20-уми ноябри соли 2025, Душанбе. – Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаи 67-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд.
Ҷаласа дар қолаби ҳузурӣ ва маҷозӣ сурат гирифта, дар кори он вазирон ва муовинони вазирони энергетикаи кишварҳои ИДМ, раиси Кумитаи иҷроияи Шурои электроэнергетикии ИДМ, муовини Котиби генералии ИДМ, муовини Котиби генералии Созмони ҳамкории Шанхай ва намояндагони ширкатҳои энергетикии давлатҳо ва марказҳои илмӣ-таҳқиқотӣ иштирок намуданд.
Чорабинӣ дар доираи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил сурат гирифт. Аз ин рӯ, сухани ифтитоҳӣ ба вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дода шуд. Вазир иброз дошт, ки баргузор шудани ҷаласа дар шаҳри Душанбе самти стратегии кишварро ба рушди инноватсионии соҳаи энергетика ва таҳкими ҳамкорӣ дар чорчӯбаи ИДМ ва СҲШ боз ҳам равшантар менамояд.
«Энергетикаи муосир кӯшишҳои якҷояро талаб мекунад. Давлатҳои ИДМ дорои мактаби пурқуввати илмӣ-техникӣ мебошанд, дар ҳоле ки кишварҳои СҲШ бозорҳои босуръат рушдёбандаро соҳибанд. Ҳамкории муштарак имкон медиҳад, ки устувории низомҳои энергетикӣ ва амнияти таъминоти неруи барқ барои даҳсолаҳои оянда таъмин гардад», – таъкид кард вазир.
Шурои электроэнергетикии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) як ниҳоди ҳамоҳангсози байниҳукуматӣ мебошад, ки барои таҳияи сиёсати ҳамоҳангшудаи энергетикӣ барои кишварҳои ИДМ, таъмини кори мувозии системаҳои энергетикӣ, рушди шабакаҳои байнидавлатӣ ва омода кардани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаҳои муштарак дар соҳаҳои истеҳсол, интиқол ва тақсимоти неруи барқ таъсис дода шудааст.
Вазир аз нақши муҳими ҳамкорӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ёдовар шуда, бахусус ба татбиқи лоиҳаи пайваст кардани низоми энергетикии Тоҷикистон бо низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ ишора кард. Дар доираи ин лоиҳа, қисми ҷанубу ғарбии низоми энергетикии Тоҷикистон ибтидои моҳи июни соли 2024 бо муваффақият ба низоми ягона пайваст гардид. Тибқи нақша, дар нимсолаи аввали соли 2026 қисми шимолии низоми энергетикии кишвар низ бояд пайваст карда шавад. Ҳамзамон, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани қисмати тоҷикистонӣ ва қирғизистонии Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи «CASA-1000» таъкид гардид.
Аз соли 2000 то 2025 зиёда аз 20 лоиҳа дар соҳаи энергетика ба маблағи умумии беш аз 2,5 миллиард доллари ИМА амалӣ карда шуданд. Тибқи нақша, то соли 2030 иқтидори умумии неругоҳҳои офтобӣ ва бодии Тоҷикистон ба 3000 МВт баробар хоҳад гардид. Илова бар ин, вазир ба тақвияти ҳамкориҳо байни Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар доираи фаъолияти ҶСК «НБО Сангтӯда-1» ва бо Ӯзбекистон дар мавриди сохтмони ду неругоҳи барқи обӣ дар ҳавзаи дарёи Зарафшон ишора кард.
Дар идомаи чорабинӣ Евгений Грабчак – муовини вазири энергетикаи Федератсияи Россия, Т.Р. Мидхун – муовини Котиби генералии ИДМ ва Денис Трефилов – муовини Котиби генералии СҲШ сухан ронданд.
Сипас, тибқи рӯзнома, муҳокимаи мавзуъҳои механизми амалии рушди ҳамкории кишварҳои ИДМ ва СҲШ, ҳолати мувофиқасозии лоиҳаи Стратегияи рушди комплекси сӯзишворӣ-энергетикии кишварҳои иштирокдори ИДМ барои то соли 2035 (дурнамо барои соли 2050), оид ба раисии Шурои ҳамоҳангсозии назди ШЭЭ ИДМ ва дигар масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ гардиданд.
Тавре дар гузориши Фёдор Опадчий – раиси раёсати Ҷамъияти саҳомии «Оператори системавии Системаи ягонаи энергетикии Россия» таҳти унвони «Дар бораи дурнамои ҳамкории илмӣ-техникӣ дар соҳаи энергетикаи барқӣ байни давлатҳои иштирокчии ИДМ ва кишварҳои узви СҲШ» таъкид гардид, ҷаҳон ба марҳилаи афзоиши босуръати истеҳсоли неруи барқ аз манбаъҳои барқароршаванда ворид шудааст. Энергетикаи ҷаҳонӣ тайи даҳсолаҳои охир бузургтарин марҳилаи тағйирёбиро таҷриба мекунад. Тибқи маълумоти Агентии байналмилалии энергетика (WEO-2025), то соли 2035 беш аз 70% иқтидорҳои нави энергетикӣ дар ҷаҳон ба неруи офтобӣ ва бодӣ рост меояд. Иқтидори умумии системаҳои захиранамоии энергия 10 маротиба афзоиш ёфта, ба унсури калидии системаҳои энергетикии оянда табдил меёбад.
Бо вуҷуди ин, афзоиши босуръати ҳиссаи манбаъҳои энергияи барқароршаванда (МБЭ) хавфҳои системавиро низ зиёд мекунад. Дар ҷаласаи Шурои электроэнергетикии давлатҳои ИДМ мисолҳои воқеии садамаҳои бузурги байналмилалӣ зикр гардиданд: дар Испания (апрели соли 2025, дар натиҷаи вайроншавии реҷаҳои танзими басомад 31 ГВт истеъмолкунандагон аз шабака ҷудо шуданд) ва дар Ҷумҳурии Доминикан (ноябри соли 2025, хомӯшшавии пурраи система – блэкаут, ки аз сабаби вайроншавии танзими басомад дар неругоҳҳои офтобӣ ба амал омад).
Ин ҳолатҳо исбот мекунанд, ки гузариш ба энергетикаи «сабз» тарҳрезии сиёсати ягонаи илмӣ-техникиро талаб мекунад, ки бояд чунин самтҳоро дар бар гирад: муттаҳид кардани талабот барои фаъолияти неругоҳҳои барқи бодӣ ва офтобӣ, таҳияи қоидаҳо барои системаҳои нигоҳдорӣ ва захиракунии энергия, рушди системаҳои рақамии пешгӯии реҷаҳои кори низоми энергетикӣ, навсозии автоматикунонии ҳолатҳои фавқулода, сохтани шабакаҳои «ҳушманд» ва иқтидорҳои чандирӣ.
Тибқи пешбиниҳои Агентии байналмилалии энергетика, то соли 2030 ҳиссаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар истеҳсоли ҷаҳонии неруи барқ метавонад ба 50% наздик шавад, ки масъалаи устувории низомҳои энергетикиро ба яке аз самтҳои калидӣ табдил медиҳад.
Мутахассисони Шурои электроэнергетикии ИДМ таъкид намуданд, ки кишварҳои ИДМ ва СҲШ бо мушкилоти шабеҳи техникӣ рӯбарӯ мебошанд ва таҷрибаи ҷамъшудаи Шурои электроэнергетикӣ дар самти ҳамоҳангсозии талаботи техникӣ имкони ташкили формати васеи ҳамкории муштараки ИДМ ва СҲШ-ро фароҳам меорад.
Бар асоси натиҷаҳои ҷаласа, иштирокчиён ба чунин қарор расиданд: фаъолсозии корҳо оид ба муттаҳидсозии талаботи техникӣ ба таҷҳизоти манбаъҳои барқароршавандаи энергия; таҳияи барномаҳои муштарак оид ба пешгӯии реҷаҳои низомҳои энергетикӣ; густариши ҳамкорӣ дар самти омодасозии кадрҳои соҳаи энергетика, инчунин идома додани таҳияи стандартҳои илмӣ-техникӣ барои иншоотҳои нави истеҳсоли неруи барқ.
Ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии давлатҳои иштирокчии ИДМ моҳи апрели соли 2026 дар шаҳри Қазон (Федератсияи Россия) баргузор мегардад.
Тарас КУПЧИКОВ,
Раиси Кумитаи иҷроияи Шурои электроэнергетикии ИДМ:
«Ислоҳоте, ки имрӯз дар соҳаи энергетикаи Тоҷикистон амалӣ шуда истодаанд, пурра ба тамоюлҳои муосири ҷаҳонӣ мутобиқат доранд. Кишвар дар масири дуруст қадам мегузорад – ҳам дар рушду афзоиши иқтидори истеҳсолӣ, ҳам дар навсозии инфрасохтор ва ҳам дар ҷорӣ намудани технологияҳои нав. Тоҷикистон пайгирона ҳаҷми истеҳсоли неруи барқро аз ҳисоби неругоҳҳои хурди барқи обӣ афзоиш медиҳад ва ҳамзамон, қадамҳои аввалини худро барои ворид намудани энергетикаи офтобӣ ва бодӣ гузошта истодааст. Ин самти ҳатмист ва талаб мекунад, ки тавозуни дуруст ва ҳисобшуда таъмин гардад. Хатарҳои марбут ба пешгӯинашавандагии энергияи офтобӣ ва бодӣ танҳо вақте зоҳир мешаванд, ки ҳиссаи манбаъҳои энергияи барқароршаванда ба 20% тавозуни энергетикӣ баробар гардад. Айни замон, кишвар аз ин нишондиҳанда хеле поёнтар қарор дорад ва ин имкон медиҳад, ки рушди бехатар ва мутавозини технологияҳои нав таъмин карда шавад.
Дар мавриди ҳамгироии низоми энергетикӣ бошад, оянда дар таҳкими робитаҳо бо кишварҳои ҳамсоя аст. Васеъ намудани кори параллелӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва тақвияти шабакаҳои байнисистемавӣ бо Ҷумҳурии Қазоқистон – ин иқдомҳо имконият медиҳанд, ки дар ҳолатҳои садама вокуниши саривақтӣ ва самаранок нишон дода шавад ва устуворӣ дар шароити афзоиши истеҳсол, аз ҷумла аз ҳисоби МБЭ, таъмин гардад.
Дар арафаи иди касбии онҳо, ман мехоҳам ба ҳамаи энергетикони тоҷик кори бехатар, пойдор ва беистро орзу намоям. Бигзор заҳмати шумо ҳамеша ба шаҳрвандони кишвар, инчунин ба хонадони худатон гармӣ ва рӯшноӣ бахшад. Ба шумо шукуфоӣ, рушди касбӣ ва эътимод ба ояндаро таманно дорам».




